25.4 C
Душанбе

То фалсафаи балет

Ӯ дар рӯ ба рӯи ойинаи барқад истода, лаҳзае ба пайкари худ нигаҳ меафканад, ҳамон гуна, ки гӯйӣ, парвоз кардан мехоҳад. Сипас дастҳои ӯ ба ҳаракат меоянд ва чархидану ҷаҳиданаш шуруъ мешавад. Рақси ӯ саропо самимияту маҳорат ва ҷасорату иродат аст. Ҳаракатҳои моҳиронаи асрорангезаш инсонҳоро ба зебоипарастиву баҳамойӣ водор мекунанд. Ӯ дар як лаҳза ба дунёи балет ворид мешавад ва бо касбияти баланд тамошобинро мафтуни ҳунари хеш месозад. Ин дам ӯро метавон ба уқобе монанд кард, ки аз қуллаи баланде сӯйи фазои бекарони ҳунар пар мекушояд.

Муҳаммад Азимзода 11 сол дошт, ки бори нахуст аз дунёи балет огоҳ гашт. Он замон мехостанд ӯро бо як гурӯҳ наврасони дигар ба Русия фиристанд, то нозукиҳои ҳунари балетро аз худ намояд. Ҳарчанд то ин дам ӯ дар бораи ин ҳунари зебо чизе нашнида буд ва ҳатто тасаввур карда ҳам наметавонист, зуд розӣ шуд. Зеро орзуи дидани ҳавопаймо аз хурдӣ дар дили ӯ ҷой дошт. Падару модари ӯ зид набуданд, аммо дар гӯшаи дил хавотирӣ мекашиданд, чунки таҳаммули дурии фарзанди хурдии хонадон осон набуд.

Ҳамин тариқ ӯ бо як гурӯҳ наврасони дигар, аз ҷумла Фарангис Қосимова, Манучеҳр Маҳмудзода, Умед Сангализода, Исмоил Убайдуллозода ва Парвина Тошмуҳаммадова таҳсилро дар Коллеҷи давлатии хореографии шаҳри Перм шуруъ кард. Ин даргоҳ яке аз маъруф[1]тарин мактабҳои рақси дунё ба ҳисоб меравад ва ситораҳои дурахшони балет, чун Надежда Павлова, Олга Ченчикова, Станислав Исаев, Галина Шляпина ва дигарон дастпарвари ҳамин даргоҳанд.

Сараввал таҳсил барои Муҳаммад осон набуду дар фазои бегона бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешуд. Яке аз мушкилот надонистани забон буд ва аз ин рӯ дар пештоқи толори рақс тахтае бо тарҷумаи калимаҳо меистод. Бо вуҷуди ин ӯ талош меварзид, то муваффақ шавад, зеро меҳри балет дар дилаш маъво гирифта буд. Ӯ эҳсос мекард, ки маҳз барои балет офарида шудааст ва омаданаш ба ин роҳ тасодуфӣ нест. Вай аз устодони шинохта ва таҷрибадор Валентина Акимова, Сергей Черняев, Владимир Толстухин ва дигарон сабақ гирифт ва аз ҳама нозукиҳои ин ҳунари заҳматталаб огоҳ шуд. Балет ҳунари саҳлу сода нест ва фидокориҳои зиёд мехоҳад, аммо дар баробари ин ҳунарест, ки бо латофату назокати хос қарнҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Муҳаммад дар як муддати кӯтоҳ аз пешсафтарин сабақомӯзони ин даргоҳ гашт ва бо донишу Пас аз ҳашт соли таҳсил дар Русия ӯ бо дигар ҳамсабақонаш ба Душанбе баргашт. Ҳунармандони ҷавонро ба Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба кор қабул карданд. Рақсидан дар ин даргоҳи бузург барои Муҳаммад ҳам ифтихор буд ва ҳам масъулияти бузург, зеро ин саҳнаи муқаддас қадамҷои бузургоне чун Малика Собирова, Лутфӣ Зоҳидова, Ғаффор Валаматзода, Музаффар Бурҳонов, Шарафбону Турдиева, Сталина Азаматова ва дигарон буд. Ӯ пеши худ мақсад гузошт, ки пайрави сазовори ин бузургон бошад ва балети тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Пас аз чанд моҳи фаъолият ӯ ва ҳамсабақаш Фарангисро барои иҷрои нақшҳои асосӣ дар балети “Жизел” интихоб карданд. Ин рухдод ғайриинтизор буд, зеро барои нақши асосиро соҳиб шудан бояд хеле таҷриба дошт ва чанд марҳалаҳоро паси сар кард. Ин шарафи бузургро ӯ ва Фарангис соҳиб шуданд ва саргарми тамрин шуданд. Пас аз заҳматҳои зиёд рӯйи саҳна нақши Жизел ва Албертро бо як маҳорати хос иҷро намуданд. Муҳаммад бо ҷасорату самимият ва Фарангис бо ҳаракатҳои маҳину пурлатофати хеш ба дили мардум роҳ ёфтанд. Ин ду ҷавони соҳибистеъдод бо ҳунари волои худ тамошобинонро мафтун сохтанд. Мавҷи беохири кафкӯбиҳои аҳли нишаст ба онҳо илҳом ва нерӯ бахшида, дар дилашон шуълаи боварро фурӯзон кард.

Сипас онҳо дар намоишҳои “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Дон Кихот”, “Кармен”, “Мақоми ишқ”, “Зол ва Рӯдоба”, “Нозанини хуфта”, “Шелкунчик”, “Савтҳои форсӣ” ва дигар намоишҳо ҳамбоз буданд ва нақшҳои асосиро бо ҳарорати дил меофариданд. Рӯз то рӯз ӯ ба мақсадаш наздик мешуд. Сафарҳои ҳунарӣ ба Олмон, Корея, Русия, Ӯзбекистону Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо оғоз ёфтанд. Муҳаммад рӯйи саҳнаҳои калон мерақсиду талош меварзид, ки балети тоҷикро ба ҷаҳониён шоиста муаррифӣ созад. Ӯ ёд меорад: “Вақте мо дар ҷашнвораи Санкт Петер[1]бург мерақсидем, меҳмонҳои хориҷӣ чун аз Тоҷикистон будани моро донистанд, дарҳол номи Малика Собироваро ба забон гирифтанд. Ин лаҳза ман дар вуҷудам чизеро эҳсос кардам. Дилам аз фараҳ лабрез шуд”.

Ҳамчунин Муҳаммад омӯзгори соҳибном аст. Дар тӯли 14 соли фаъолияти омӯзгорӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова ба шогирдони зиёде ин ҳунари заҳматталабу пурэъҷозро омӯзондааст. Шогирдони ӯ имрӯз рӯйи саҳнаҳои хурду бузурги ҷумҳурӣ ва берун аз он мерақсанд ва тарғибгари балети тоҷиканд.

Бешак, ӯро метавон яке аз маъруфтарин чеҳраҳои имрӯзи балети тоҷик хонд. Ӯ балетро фалсафаи ҳастии хеш медонад ва роҳи тайнамудаи ӯ пур аз халлоқияти ҳунарӣ ва саршор аз муҳаббати бекарон аст. Ӯ намоди марди пурҳунар ва пурталошест, ки кӯшиши ба қуллаи мурод расидан дорад. Орзуҳои зиёд мепарварад, аммо орзуи асосии худро чунин медонад: “Мехоҳам балети тоҷик рушд кунад ва онро дар саросари ҷаҳон бишносанд. Мехоҳам Маликаҳои нав ба нав рӯйи саҳна биёянд”.

Сайидо ШАРАФӢ,

«АС»

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо