Рӯзи 30-юми ян вар дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили рӯнамоии гулчини асарҳои нависандаи зинданом Насим Раҷаб баргузор гардид. Ин асарҳоро, ки қиссаҳо ва тарҷумаҳои муаллиф иборатанд, ҳамсари ӯ нависандаи бачаҳо Сафияи Носир таҳия кардааст. Пажуҳишгар Анзурати Маликзод дар бораи ҳунари нигорандагии Насим Раҷаб маърузаи хешро ироа намуд. Адибони маъруф Гулрухсор Сафӣ, Абдулҳамид Самад, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷаева, Шодӣ Раҷабзод, рӯзноманигор Талъат Нигорӣ ва дигарон аз вежагиҳои насри Насими Раҷаб ва шахсияти ӯ сухан карда, аз рӯзгораш хотираҳои ҷолиб оварданд. Набераи адиб Парвиз Афзалӣ низ бобояшро ба некӣ ёд кард. – Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ дар тамоми навиштаҳои Насим Раҷаб масъалаи асосӣ дар тарбияи наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад. Қаҳрамонҳои қиссаҳои нависанда кунҷкову огоҳ ва дорои ҳисси миллӣ ҳастанд, гӯшае аз муҳити зисти худро ободу зебо менамоянду покиза нигаҳ медоранд. Онҳо дорои ҳунару маҳорате буда, бекорӣ ва танбалиро аз тинати худ бо ҳидояту роҳнамоиҳои калонсолону пайвандон зуд рафъ меку нанд. «Нависанда қаҳрамонҳои навраси худро дар кори ҷисмонӣ обутоб медиҳад. Онон ба чистонгӯйиву тезгӯякбофӣ, шеърхо ниву афсонагӯйӣ машғул шуда, ҷаҳони маънавияшонро ғанӣ мегардонанд», – омадааст дар маърузаи Анзурати Маликзод. Дар охир Сафияи Носир дар бораи Насим Раҷаб ва на виштаҳои ӯ сухан карда, доир ба китоби шашҷилдаи асарҳояш маълумот дод.
ТАСВИРГАРИ ДУНЁИ РАНГИНИ КӮДАКОН
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





