Шумо нозим ё носир?
Ҷавоне ба назди як шоири маъруф омада, даъвои нависандагӣ кард:
– Ман хеле вақт боз машғули корҳои адабиям. Мехоҳам асарҳоямро чоп кунонам.
– Шумо нозим ҳастед ё носир? – пурсид шоир баъди бо диққат шунидани суханҳои ӯ.
Ҷавон китф ҷунбонида ҷавоб дод:
– Нозим ҳам не, Носир ҳам не. Номи ман Каримҷон.
Рассоми эҳтиёткор
Рассоме буд, ки сурати ҳар чизро кашида, ба таги вай номи он чизро ҳатман менавишт. Рӯзе вай сурати мурғро кашида, ба таги он «ин мурғ» гӯён навишта монд.
Аз ӯ пурсиданд:
– Барои чӣ ба таги мурғ боз «мурғ» навиштед?
Ҷавоб дод:
– Барои он ки бинанда онро асп ё дигар чиз напиндорад.
Фиреб
Хорпуштак ба як анбори калоне даромада, ба болои халта ва қуттиҳои ғалладона ва ширавор «заҳр», «марги муш», «хок», «рег» ва «қаланфур» навишт. Ин ҳодисаро дида, одамон пурсиданд:
– Оё ин корро барои фиреб додани мушон кардед?
– Не, барои фиреб додани мудири анбор.
Хуб мазза карда будаем-дия
Ҳофизи машҳур Ҳоҷӣ Абдулазиз дар як базм «Ушшоқи Самарқанд»-ро бо тамоми дилу ҷон хонд. Ҳамин ки суруд ба охир расид, шахсе аз ӯ илтимос кард:
– Ҳоҷӣ-бобо, як бор «Ушшоқи Самарқанд»-ро мехондед.
– Ҳозир хондам-ку.
– Ин тавр бошад, хуб мазза карда будаем-дия!
Ба ман туҳмат мекунад
Гурге ариза дар даст шитобон мерафт. Хирсе ӯро дар сари роҳ нигоҳ дошт:
– Ҳа, Гург-ҷӯра, мондаҳо, ба куҷо?
– Барои шикоят ба район.
– Боз чӣ алам гузашт?
– Корд ба устухон расид. То кай мудири ферма гӯсфандҳоро худаш хӯрда, ба ман туҳмат мекунад?
Ҳаққи қалам
«Рӯзноманигор»-и ҳариси пулпараст нишаста, мақола паси мақола менавишт. Як рафиқаш ба ӯ гуфт:
– Дар қатори мақолаат ба модарат як хат нависӣ, намешавад?
– Ҳаққи қаламашро кӣ медиҳад? – ҷавоб дод ӯ.
Мушу гурба
Шахсе ба назди Мушфиқӣ, ки каме аз табибӣ хабар дошт, омада, шикоят кард:
– Шикамам бениҳоят дард карда истодааст.
– Ягон чизи нофорам хӯрдед?
– Одатан даҳонамро кушода, хоб мекунам, мумкин аст муш даромада бошад.
– Ин тавр бошад, як гурбаи калонро дошта, фурӯ баред, ки фавран мушро дошта мехӯраду бо ҳамин ҷонатон саломат мемонад.
Ҷавоби танқид
Шахсеро дар рӯзнома сахт танқид кардаанд. Одами танқидшуда бо мошин кӯча ба кӯча гашта, ҳамаи рӯзномаҳоро аз дуконҳо харида мегирифт.
– Ин чӣ коратон? – пурсиданд аз ӯ.
– Ин беҳтарин усули бастани даҳони танқидгар [аст]!
Алла
Бастакоре оҳанги нав баровард. Дар вақти шунидани он ҳамаро хоб бурд. Ба Афандӣ гуфтанд:
– Оҳанг, аз афташ, ба гӯши сомеъон форид. Номашро чӣ мондан беҳтар?
– Алла.
«Худатон чӣ мегӯед?»
Як мунтақид ба минбар баромада, дар бораи танқиди адабӣ маъруза карда гуфт:
– Дар ин хусус Белинский мегӯяд… Восифӣ мегӯяд… Лоҳутӣ мегӯяд… Айнӣ мегӯяд… Муаллифи фалон китоб ин тавр мегӯяд, муаллифи бисмадон китоб ин тавр мегӯяд…
Яке аз ҳозирин бо ҳайрат ба ӯ савол дод:
– Хӯш, рафиқи муҳтарам, худи шумо чӣ мегӯед?
Чӣ мехонӣ – порсола
Ҳофизе ба ошхона даромада, мудири онро маломат кард:
– Ин чӣ гап, ки хӯроки ошхонаи шумо ҳамеша як хел аст – ҳар рӯз лағмон, мастоба, кабоб…
Мудир ҷавоб дод:
– Бале, мисли ашӯлаҳои шумо – доим чӣ мехонӣ – порсола.
Дар соли нав
Мудири корхонае қаламу коғази бисёре бардошта меомад. Аз ӯ пурсиданд:
– Ин қадар коғазу қалам барои чӣ?
– Сол нав шуд, ваъдаҳои нав навиштан лозим [аст].
– Ваъдаҳои куҳнаро чӣ кор мекунед?
– Мо куҳнапараст нестем – онҳоро нав мекунем.
Ин чист?
Шахсе ба назди сардори идора як даста пули коғазпечро даровард.
– Ин чист? – пурсид сардор.
–Туҳфа, хӯҷаин.
Вай коғазпечро гирифта гуфт:
– Хайрият, туҳфа будааст. Агар пора мебуд, намегирифтам.
Камина
Адиберо дар маҷлисе танқид карда гуфтанд:
– Ана, барои мисол фалониро гирем.
Он адиби ҳозирҷавоб аз ҷо хеста гуфт:
– Гап занед, гап занед. Камина фақат барои мисол офарида шудаам.
Самад ҒАНӢ
(Таҳияи С. АМИРХОН)