25.4 C
Душанбе

Тангдастӣ (ёддошт)

…Ба Теҳрон омада будам ва дар идораи омӯзиши олӣ кор мекардам ва зимнан дар давраи дуктурии донишкадаи адабиёт ба кори таҳсил идома медодам. Ҳоло ҳуқуқам (маош) ба ҳаштоду чаҳор тумон расида буд. Як хонаи кӯчак дар хиёбони Фарвардин ба бисту панҷ тумон иҷора карда будем ва ману модару хоҳаронам он ҷо ба сар мебурдем. Пайдост, ки чӣ зиндагии муҳаққаре доштем ва модари бечораам чӣ  қадр бояд сарфаҷӯӣ кунад. Дар ин зимн бо Заҳро (ҳамсарам), ки дар донишкада ҳамшогирдӣ будем, ошно шудам. Миёни духтароне, ки дида будам, бисёр мумтоз буд. Алоқаи хосе ба ӯ пайдо карда будам. Аммо вазъи зиндагии ман абадан муносиби издивоҷ набуд. Чӣ кор метавонистам бикунам бо он хонаи муҳаққар, ки ҷои як нафари дигарро ҳам надошт? Заҳро ҳам коре мекард ва ҳуқуқ дошт, аммо ин кофӣ набуд. Як бор тасмим гирифтам, ки робитаро қатъ кунам ва аз издивоҷ мунсариф шавам. Аммо Заҳро қабул накард. Замине доштанд, ки ба ирс бурда буданд. Онро фурӯхтанд ва Заҳро маблағе аз онро харҷи меҳмонии муҷаллале дар кофеи шаҳрдорӣ кард. Бо ин ҳама тангдастӣ намедонам чаро ҳама ҷо маро нисбатан мутааййин (сарватманд) мешумурданд. Ин меҳмонӣ ҳам яке аз далоили он буд. Дар ҳар ҳол, чанд моҳе аз издивоҷи мо нагузашта буд, ки авзоъ барҳам хӯрд. Ҷанг ба Эрон кашид. Муттафиқин ба Эрон омаданд. Ман кафили идораи омӯзиши олӣ будам ва бисту се тумон изофаҳуқуқ мегирифтам. Аз он кор ночор истеъфо кардам ва он даромади изофӣ ҳам қатъ шуд. Қиматҳо боло рафт. Хонаи бузургтаре дар хиёбони Онотул Фронси пушти донишгоҳ ба маблағи яксаду сӣ тумон иҷора карда будем, ки як табақаи онро ман ва ҳамсарам ва табақаи дигарро модар ва хоҳаронам дар ихтиёр доштем. Аммо иҷораи хонаҳо ба таври аҷибе боло рафт ва соҳибхона, ки медонист ман тавони пардохти беш аз он маблағро надоштам, ҳукми тахлияи (холӣ кардани) хонаро аз додгустарӣ гирифт. Ночор аз модар ва хоҳаронам ҷудо шудам. Як хонаи кӯчак гир овардам ва ману ҳамсарам ба он ҷо рафтем ва касони дигарам хонаи кӯчаки дигаре дар ҳамон маҳалла иҷора карданд. Ҷанг ва ҷирабандӣ (тақсим кардани хӯроку либос) буд. Василаи ҳамлунақл бисёр кам буд ва душворёб. Модарам соатҳо дар роҳҳои дур дунболи нони силӯ (анбори нигаҳдории ғалла) мерафт ва хӯроки мо ғолибан аз ҳамон нон бо каме қаляи каду ё чизҳои дигаре аз ин қабил буд. Ман бисёр заиф шуда будам. Вазнам ба чиҳилу ҳашт кило расида буд. Ҳар кас маро медид, тааҷҷуб мекард. Ба чандин дуктур муроҷиа кардам. Баъзе эҳтимоли сил медоданд ва давоҳо таҷвиз мекарданд, ки асаре надошт. Масъала беғизоӣ буд. Дар ин зимн маҷаллаи “Сухан”-ро таъсис карда будам, ки харҷаш беш аз даромадаш буд ва маблағе мақруз (қарздор) шуда будам. Аз маҳалли саҳмияе, ки Заҳро аз фурӯши заминаш пайдо карда буд, як хона ба гарав гирифта будем, ба хаёли ин ки кумаке ба даромадамон бишавад. Он хона ба шарҳе, ки зикраш дароз хоҳад шуд, аз дасти мо даррафт ва нобуд шуд. Ҷанг тамом шуда буд, аммо авориз ва натоиҷи он ба шиддат боқӣ буд.

Ман, ки каме ҳолам беҳтар шуда буд, озими сафаре ба Аврупо будам. Дар тамоми давраи ҷавонӣ мисли ғолиби ҳамсолон орзу доштам, ки ба хориҷи Эрон сафаре бикунам ва бо маҳофили илмӣ ошно шавам ва маълумоти худамро такмил кунам. Бритиш Кансел иддае аз муаллимонро барои такмили забон ва ошноии бештар бо адабиёт ва фарҳанги Ингилистон ба муддати як сол даъват карда буд. Довталаб шудам. Ваъда доданд ва ҳатто шифоҳан гуфтанд, ки пазируфта шудаам. Аммо пас аз ду се моҳи саргардонӣ охир маълум шуд ба баҳонаи ин ки устодони риштае, ки мехоҳам бо онҳо кор кунам, ба мураххасӣ рафтаанд, ин даъватро пас гирифтанд. Аммо ман дигар бетоқат шуда будам. Тасмим гирифтам, ки ба ҳар вазъе ҳаст, ба пули худам ин сафарро анҷом диҳам. Аз донишгоҳ мураххасӣ гирифтам. Ҳоли мизоҷиам дигар иҷоза намедод, ки дар Теҳрон бимонам ва рӯзе шаш-ҳафт соат дар идораи интишороти донишгоҳ ва бо дарсҳои мутааддид дар мадориси мухталиф кор кунам. Донишгоҳ ба донишёрон ва устодон иҷоза медод, ки бо дарёфти ҳуқуқ ба муддати як сол мураххасии таҳқиқотӣ бигиранд ва ман аз ин иҷоза истифода мекардам. Заҳро ва духтарам Тарона, ки ду сол дошт, ба хонаи модараш рафтанд ва хонаеро, ки аз маҳалли фурӯши як қитъаи дигар аз заминҳои маврусии (меросии) Заҳро харида будем, ба иҷора додем. Ҳуқуқи рутбаи донишёрии ман маблағе буд, ки бо пули он замон муодили панҷоҳ ҳазор фронки қадим буд. Албатта, ин маблағ бисёр мухтасар буд, аммо ман, ки ба қасди хушгузаронӣ намерафтам. Харҷи сафарамро аз донишгоҳ қарз кардам, ки пас аз муроҷиат ба ақсот (қарзе, ки қисм-қисм диҳанд) пас бидиҳам ва аз ин тариқ озими сафар шудам. Дар ҳама ҳол фақр ҳамроҳам буд ва ҳарчи бештар кор мекардам, ба ҷое намерасидам. Пас аз як сол Заҳро ва Тарона ҳам ба Порис омаданд. Он ҳам бо заҳмати бисёр, яъне Заҳро як дабирро пайдо кард, ки ба ҷои ӯ дарс бидиҳад ва қисмате аз ҳуқуқашро бигирад ва худаш бо бақияи ҳуқуқи дабириаш ба Порис омад. Як сол ҳам бо ҳам дар камоли сарфаҷӯӣ гузарондем. Таронаро ба як мадрасаи шабонарӯзӣ гузоштем. Ман дар Иниституи фунетики Порис ва Сорбон исм навишта будам ва мураттабан кор мекардам. Заҳро ҳам дар як омӯзишгоҳи хайётӣ таҳсил кард ва диплом гирифт. Ҳама ҷо, дар ҳар коре сарфаҷӯӣ ва фақр гиребонгири мо буд. Пас аз ду сол, ки ба Эрон баргаштем, ман то он ки муяссар буд, аз ин сафар истифода кардам. Омадем ва бо заҳмати фаровон хонаро мураттаб кардем ва боз ба корҳои худамон, яъне донишёрии ман ва дабирии Заҳро машғул шудем. Ҳуқуқамон бо ниҳояти сарфаҷӯӣ кафофи махориҷро медод. Ёдам ҳаст, ки гоҳе ҳисоб мекардам, ки бо будҷа, яъне даромади муайян бояд ба ҷои сигори “Гургон”, ки гаронтар буд, сигори “Ушну”, яъне арзонтаринро бикашам. Қистҳои мухталиф ҳам мебоист аз маҳалли ҳамин даромад бипардозем. Бо ин ҳол, зоҳири зиндагии мухтасар ва обрӯмандро ҳифз мекардем. Тобистонҳоро ба Дамованд мерафтем, зеро ки дар хонаи шаҳрӣ гармо чунон буд, ки таҳаммулпазир набуд. Маҷаллаи “Сухан”-ро дубора доир кардам ва он ҳам ҷуз анбоштани миқдоре қарз натиҷаи моддӣ надошт. Як қитъа замин барои хонаи яйлоқӣ дар чаҳорроҳи Ҳисобии Таҷриш харидем ба ақсот ва қарз. Дар ин байн аз донишгоҳи фаронсавии Сан-Жузеф дар Бейрут аз Донишгоҳи Теҳрон тақозо карданд, ки як устодро барои муддати се моҳ маъмур кунад, ки як силсила конфронс дар донишкадаи адабиёти он ҷо бидиҳад, албатта, ба забони фаронса. Донишгоҳи Теҳрон маро маъмур кард. Ба Бейрут рафтам, аммо харҷи сафар ва фавқулодаи (пуле, ки изофа бар маоши аслӣ ба корманд бидиҳанд) маъмуриятам ақиб афтода буд. Замони ҳукумати дуктур Мусаддиқ буд ва хизона ба куллӣ холӣ буд. Дар Бейрут ҳам аз сафорат ва рафиқони он ҷо қарз мекардам ва ҳамаи шабҳо бо чароғи камнури ҳутел (меҳмонхона) то дервақт машғули таҳияи матни конфронс будам. Пас аз се моҳ, ки корам тамом шуд ва озими муроҷиат будам, аз Донишгоҳи Сан-Жузеф маблағе, ки понсад дулор буд, бобати корҳои изофӣ ба ман доданд. Дар он замон ин пул муодили чаҳор ҳазор тумон буд. Рӯзҳои охири исфанд буд, ки баргаштам. Ҳоло як писар ҳам доштем, ки аз дастамон рафт ва дигар ба зикри ин мусибат намепардозам. Боре, фикр кардем, ки дар замини чаҳорроҳи Ҳисобӣ ду утоқ бисозем, ки тобистон аз гармои шаҳр бигурезем ва ба он ҷо паноҳ бибарем. Гумон мекардем бо чаҳор ҳазор тумон метавон ду утоқ сохт. Шуруъ кардем ва кори сохтмон ниматамом буд, ки тобистон расид ва ночор тобистонро дар ҳамон хонаи бедару панҷара ва бебарқу телефон ба сар бурдем. Коре ҳам аз тарафи Доиратулмаорифи ислом ба ман руҷуъ шуда буд, ки тарҷумаи мақолоти мухталифи он буд. Аз он маҳал ҳам панҷ ҳазор тумон ба дастам расид, ки сарфи такмили сохтмон шуд ва боз кор ниматамом монд ва қарзҳое бо тааҳҳуди пардохти ақсот. Хулоса он ки ин ду-се утоқ барои мо беш аз чиҳилу панҷ ҳазор тумон тамом шуд, ки бо сарфаҷӯӣ ва дар муддати панҷ-шаш сол пардохтем.

…Баъд аз тирмоҳи соли 41 давлати Алам ташкил шуд ва ман дар вазорати фарҳанг мансуб шудам. Ҳуқуқи вазир моҳе ду ҳазору понсад тумон буд, муодили ҳуқуқи донишгоҳ, ки намегирифтам. Баъд аз чанд моҳ гуфтанд, ки барои тармими ҳуқуқи вазирон аз тарафи шоҳ моҳе ду ҳазор тумон муқаррарӣ муайян шудааст, ки рӯиҳам моҳе чаҳор ҳазору понсад тумон мешуд. Албатта, миқдоре аз ин маблағ сарфи махориҷи ташрифот, аз қабили инъом ва идии мустахдимони фарҳангу пешхидматҳои нахуствазирию дарбору ронандагони мақомоти олӣ ва ғайра мешуд. То моҳҳои охири вазорат ҳанӯз вуҷуҳи сифтаҳоеро, ки барои татаммаи бидеҳии хона бар уҳда доштам, мепардохтам. Ин сифтаҳоро аз чанд соли пеш Алам имзо карда буд, зеро ки ман ҳеч тоҷир ё сармоядореро намешинохтам, ки аз ӯ чунин хоҳише кунам. Дар ҳар ҳол сифтаҳо муқорини охири давраи вазорати ман ба охир расид ва чанде нафаси роҳате кашидем, ки дигар вому сифта ва аз ин чизҳо надоштем. Як солу ним ба куллӣ аз ин корҳои сиёсӣ канор кашида будам. Ҳуқуқи донишгоҳиро мегирифтам ва ба корҳои маҷаллаи “Сухан” ва мутолеъоти марбут ба риштаи худам мепардохтам то Бунёди фарҳанги Эронро таъсис кардам. Субҳҳоро дар онҷо кор мекардам ва баъд аз зуҳрҳо дар Кӯйи Дӯст рӯзе се-чаҳор соат кор мекардам. Ду ҷилд “Таърихи забони форсӣ”-ро дар ин вазъ тамом кардам. Аз Бунёди фарҳанг моҳе панҷ ҳазор тумон мегирифтам, аммо чун ҳанӯз устоди нимавақт будам, ҳуқуқи донишгоҳии ман беш аз ду ҳазору понсад тумон набуд. Бо ин ҳол розӣ будам ва каме ҳам пасандоз мекардам. Аз ин таърих ҳарчи аз бобати ҳаққи таълиф ва ҳуқуқ мегирифтам, пас аз харҷҳои ҷорӣ ба ҳисоби пасандоз мегузоштам, ба хаёли ин ки рӯзҳои бознишастагӣ кумаке ба вазъи моддиам бикунад. Баъди чанде “Пайкор бо бесаводӣ”-ро бар уҳдаам гузоштанд, ки шарҳашро навиштаам ва охир маҷбур ба истеъфо шудам. Дар он шуғл ҳам моҳе панҷ ҳазор тумон мегирифтам. Албатта, аз донишгоҳ чизе намегирифтам ва рӯиҳамрафта понздаҳ сол дарси маҷҷонӣ медодам. Баъд раёсати Фарҳангистони адаб ва ҳунарро бар уҳда гирифтам. Шаш сол ба он кор пардохтам ва диноре нагирифтам. Ҳуқуқи Маҷлиси Сено, ки пас аз як солу ними канорагирӣ боз бидуни хосту тақозо ва ҳатто иттилоъи ман фармонаш содир шуда буд, дар моҳҳои охир даҳ ҳазор тумон буд ва ҳол он ки ҳуқуқи устодии ман дар солҳои охир пас аз чанд бор изофоте, ки ба устодон дода шуд, ба моҳе шонздаҳ ҳазор тумон расид, ки албатта бо он ки ман беш аз устодони тамомвақт кор мекардам, наметавонистам дар мақоми сенотурӣ ҳуқуқи донишгоҳӣ бигирам. Албатта, ба ановини дигар мумкин буд маблағе дарёфт кунам, масалан, аз маҳалли оидоти ихтисосии донишгоҳ, чунон ки бисёре аз ҳамкоронам мекарданд. Аммо даромади худро кофӣ медонистам ва ҳатто ишорае ҳам дар ин боб накардам. Ба ин тариқ, пас аз он ки ақсоти хона тамом шуд, мозодди даромадамро дар ҳисоби супурда мегузоштам. Ба ин тариқ дар ҳисобам бо баҳрае, ки ҳар сол ба он тааллуқ мегирифт, қариб ҳафтсад-ҳаштсад ҳазор тумон ҷамъ шуда буд. Ҳамин ки инқилоб шуд, пас аз хуруҷ аз зиндон ҳуқуқи бознишастагиро қатъ карданд ва ҳисобҳои бонкро бастанд ва ҳаққи муомиларо салб карданд ва аз пасандоз бобати ҳуқуқи давраи сенотурӣ маблағи як милюну сесад ҳазор тумон мутолиба карданд ва чун диданд, ки чизе надорам, понсад ҳазор тумон гирифтанд ва бақияро бахшиданд ва муфосоҳисоб доданд, ки додситонии инқилоб маҳдудиятҳоро рафъ кунад. Номаи муфосоро ба додситонӣ додам ба умеди ин ки бақияи пасандозро озод кунанд, то чанде ки зиндаам нону обе бихӯрам. Аммо маълум шуд, ки додситони ислом гӯшаш ба ин чизҳо бидеҳкор нест ва ҳукми Шурои инқилобро ҳам намехонад. Ҳосил ин ки пас аз чиҳилу ҳафт сол тадрис аз омӯзгорӣ то устодӣ феълан аз моли дунё як пул даромад надорам ва бо фурӯши китоб ва даромади мухтасаре аз ҳаққи таълиф, ки китобфурӯшон мепардозанд, ин сесоларо бо ташвиш ва сахтии маишат дар ин гаронии сарсомовар ба сар бурдаам, то баъд чӣ балое бар сарам биёяд.

Вақте ки дар зиндон будам, дар яке аз рӯзномаҳои исломӣ феҳристе аз номҳои риҷоли давраи тоғут чоп карда буданд зери унвони “Ғоратгарони амволи миллӣ” ва исми ман ҳам дар он миён буд. Ин ду-се сафҳаро навиштам, то худам ва дигарон бидонем, ки ман чӣ қадр аз амволи миллиро ғорат кардаам.

Дар ҳар ҳол сарнавишти ман аз оғоз фақру тангдастӣ буд. Кӯдакӣ ва ҷавониро бо тиҳидастӣ ба сар бурдам ва дар ин сари пирӣ ҳам, ки дигар маҷоле барои тағйир нест, дар ҳамон усрат (машаққат) ба сар мебарам. Сарнавиштам ин аст – фақр. Аҷиб ин ки аз ҳамон оғози ҷавонӣ, ки ду даст либос бештар надоштам (ки яке аз порчаи ватании козерунӣ буд), ҳама маро мутамаввил мешумурданд ва ин худ заҳмат ва таклифе барои ман дар зиндагӣ буд. Бо як даст куту шалвор (шиму кастум) роҳ мерафтам ва мегуфтанд: “Чӣ қадр мураттаб либос мепӯшӣ ва чӣ қадр таваҷҷуҳ ба сару вазъат дорӣ!”

Парвиз Нотили ХОНЛАРӢ

(Таҳияи Хуршеди ЭҲСОН)

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо