Ҳар сол 7-уми ноябр қиссаи сурнайнавози пири нобино ёдам меояд. Сурнайи ӯро то ҳол андаруни ғилофи чӯбин дар ҷевони худ нигоҳ медорам. Пас аз фавти пирамард дигар касе онро истифода накардааст. Аммо наметавон гуфт, ки он дигар садо намедиҳад. Шабҳои сокити тирамоҳон, вақте ки дар хона танҳо мемонаму дар хотиротам ёди айёми кудакӣ зинда мешавад, ба назарам чунин мерасад, ки боз садои хушу гӯшнавози сурнайи пирамард Киселро мешунавам…
Одами аҷиб буд ӯ. Як пояш мелангид ва баъзан аз кулбааш мебаромаду пойи маҷруҳи ба чӯбе бастаашро кашолакунон деҳаро давр мезад. Дар зери каши росташ асобағал, дар дасти росташ асои сафед дошт ҳамеша. Либосаш обшуста, пурдарбеҳ, аммо ягон ҷояш дарида набуд. Мӯйҳои сафедаш то китфонаш мерасид, рӯяш мисли дарвешон пурриш. Пӯсти рӯяш айнан коғази пергаменти ғиҷимшударо мемонд. Умри даргузар дар он ожангҳои чуқур гузошта буд. Ҳангоми роҳ рафтан дар сари китфони пирамард сабадчаи холиаш дар ҳавои лангидани ӯ алвонҷ мехӯрд. Дар пойи сиҳаташ тобистон шиппак буду зимистон онро бо кандире мепечонд. Аз дур ӯро ҳар кас талбанда гумон мекард, аммо ҳамин ки наздик омад, дасти садақадиҳанда беихтиёр поин мешуд, зеро қомати боло, қиёфаи ҷиддии нобинои маъюб ҳисси эҳтиромро нисбат ба ӯ бедор менамуд. «Инсони поксиришт», – мегуфтанд кампирон дар ҳаққи ӯ
Моҳи августи соли 1944 буд. Ҳамроҳи як гурӯҳ бачаҳо дар кӯчаи пурчангу хоки деҳа машғули бозӣ будам. Ногаҳон Киселамак дар кӯча пайдо шуд.
– Нигоҳ кунед, тсутсилист меояд! – ҷониби ӯ ишора намуд писари арбоби деҳа Хайду.
– Чӣ? «Тсутсилист» чӣ маънӣ дорад? – сухани ҳамдигарро бурида пурсидем мо.
– Аз куҷо медонам! Падарам мегӯяд, ки Кисели пир одами хуб нест, тсутсилисти ҳақиқист. Ҳамон сурудҳое, ки вай бо сурнай месарояд, сутсилистона аст…
Ман зиёд майна об кардам дар хусуси ин вожаи пурасрор. Рӯзи дигар аз падарам пурсидам. Ӯ гуфт, ки дар ин бора андешидан барои ман ҳоло барвақт аст.
Пас аз ду ҳафта ба ман фармуданд, ки як харгӯши модинаро ба хонаи Ковач бубарам. Шоду хурсанд, ҳуштаккашону нағмакунон аз кӯчаи калон мегузаштам, ки дар яке аз чорсӯҳо нохост бо Киселамак бархӯрдам. Аз тарс хостам канор биравам, аммо аз бархӯрди мо пирамард асояшро аз даст афтонд. Ман хам шуда, онро аз замин бардошта ба ӯ додам.
– Ташаккур, бачаҷон, – гуфт пирамард. Овози ӯ нарму саршор аз навозиш буд. Азбаски бо ман кам касон бо чунин муҳаббату навозиш муносибат мекарданд, рафтори пирамард мақбулам афтод. Лаҳзае дар назди ӯ истода, мутаваҷҷеҳ шудам.
– Ту ин қадар саросема куҷо меравӣ? – пурсид ӯ.
– Ана ин… харгӯши модаро… ба хонаи Ковач, – ғурунгидам ман.
Ӯ дастони офтобхӯрдаашро ҷониби сабади ман ёзонида, дар даруни он харгӯшро палмосиду бо таҳсин гуфт:
– Нағз… Шояд ӯ харгӯшчаҳои зиёд ба дунё оварад… Оё ту медонӣ, ки дар хонаи ман як харгӯши нари зебо ҳаст? Вашаку хокистарӣ.
– Вашакӣ? – бо тааҷҷуб пурсидам ман.
– Аҳа. Рафтем, мебинӣ.
Ман каме даступо хӯрдам. Зеро ҳама дар деҳа медонистанд, ки Кисел кайҳо боз касеро ба хонааш даъват намекунад. Оқибат дастони пирамардро дошта, хомӯш ба роҳ даромадам. Ҳамин ки чанд ҳавлиро гузаштем, аз куҷое ду жандарм пайдо шуданд.
– Касе меояд? – пурсид пирамард.
– Жандармҳо, – посух додам ман.
Вақте ки онҳо аз назди мо мегузаштанд, ман бо эҳтиром ва садои баланд ба онҳо салом додам. Зеро кайҳо боз омӯхта будам, ки жандармҳо одамони баобрӯянд ва ба онҳо бо эҳтиром бояд вохӯрдӣ кард. Ҳайратовар буд, ки ҳарчанд қадамзаниву хишир-хишири либос, шояд хишироси пари хурӯсини кулоҳи онҳоро мешунид, Киселамак ба онҳо эътибор надода, ором қадам мезад.
– Бӯй мекашанд сагбачаҳои пулис! – бо кароҳат гуфт ӯ баъди аз мо дур шудани жандармҳо.
Дере нагузашта мо қадамзанон то хонаҳои канори деҳа расида, вориди боғи Киселамак шудем. Пирамард дарҳол даричаро қуфл зад. Ба рӯи ман манзараи афсонавӣ кушода шуд. Боғчаи давраш бо буттаҳои ақоқиё печонидашуда боғи афсонавиро мемонд. Аз дарича то хоначаи хурд хавозаи ангур тӯл мекашид. Навдаҳои баланди ток гӯё тоқи пайроҳаи бартанг буданд. Дар ду канори роҳи борик дарахтони бо меҳр нигоҳубиншудаи мевадор ба назар мерасиданд, ки аз серборӣ сархам шуда буданд. Дар интиҳои чаман роҳ душоха шуда, аз канори гулзори калон мегузашт. Дар байни гулзор, рӯи теппачаи сангин, ки онро ушнаю садбаргҳои худрӯй печонида буданд, қалъачаи хурдакаки сербурҷ меистод. Вақте ки хонаи пирамардро дидам, ҳайратам афзуд. Вай аз сангу каҳгил, пораҳои тунукаву тахта, ҳамчунин шохҳои дарахту гил бино ёфта буд. Ба назар бисёр фақирона менамуд. Аммо манзараи атрофи он зебову ғайриодӣ буд.
Пирамард дар боғ (гӯё нобиноии худро фаромӯш карда буд) дилпурона қадам мезад. Дар қатори хонаи хурдакак саройчаву қафасҳо ба назар мерасиданд, ки дар онҳо харгӯш ва ҳайвоноти дигар, аз қабили санҷоб, рӯбоҳ, товус, тазарв, кӯрмуши обӣ, хорпуштак, мушҳои сафед, ки ман то ин дам сурати онҳоро дар китобҳои дарсиамон дида будам, ҷойгир шуда буданд.
Он рӯз то дер дар хотирам нақш баст; баъд дар давоми чанд рӯз фақат дар бораи ин пирамарди аҷиб ва «Боғи дилрабо»-и ӯ меандешидам.
Шомгоҳон дар боғ оҳанги ҳазин ба гӯш мерасид ва баъд он оҳиста-оҳиста ба тамоми русто паҳн мегашт. Ба назар чунин мерасид, ки ин садои гоҳ нарму гаҳ марғуладор ҳавои дими водиро меларзонд. Деҳқонон ҳангоми бозгашт аз саҳро лаҳзае дар назди кулбаи пирамард таваққуф менамуданд: «Одами поксиришт сурнай менавозад!» Говҳои оҳиставу коҳилона ҷониби ҳавлии соҳибонашон равона фӯкашонро боло бардошта, маҳзун маос мезаданд.
Боре шомгоҳон ман, гӯё ба садои сурнай мафтун гашта, беихтиёр ҷониби хонаи пирамард давидам. Баъди чанд муддат ба манзили Киселамак расидаму дам набароварда, нӯг-нӯги по вориди боғи ӯ шудам. Пирамард дар назди қалъаи кӯчаки худ рӯи курсие мисли ҳайкал ноҷунбон менишаст. Танҳо ангуштони ӯ рӯи тугмачаҳои сурнай ҳаракат мекарданд. Ман бесадо наздик омадаму дар паноҳи буттае хостам пирамардро назора кунам. Ва баногоҳ дар пеши назарам манзараи ҳайратоваре падид омад: дар назди сурнайнавоз духтари ҷавоне дар тан куртаи мисли лола сурх менишаст. Ӯ дастони нозуки худро даври зонувонаш ҳалқа карда, манаҳашро дар сари онҳо фурӯ гузошта буд. Мӯйсараш мисли қир сиёҳ. Гулчанбари миноӣ онро даври пешониаш печонида буд. Аз қафо мисли шаршара ба китфони бараҳнаи духтар овезон буданд мӯйҳояш. Чеҳраи андешаманду ҷиддии ӯ ғамгин ба назар мерасид. Духтар дар рӯ ба рӯи сурнайнавоз ноҷунбон нишаста, рост ба ӯ менигарист ва гӯё мехост, то оҳанги даркориро дар худ биҷабад. Ӯ дар ин ҳолат фариштаи афсонавиро ба ёдам овард ва ман ҳайрон намешудам, агар вай он лаҳза ногаҳон ба парвоз омада, дар байни гулҳо ҷодувона ба рақс ояд…
Эҳтимол, ман ним соат дар ин камингоҳ нишаста бошам. Кисели пир ҳамоно сурнай менавохт. Ағлаби ин оҳангҳоро ман медонистам, зеро шомгоҳон онҳоро бисёр шунида будам. Аммо оҳанги суруди охирин нав буд бароям. Ин оҳанг ба назарам марғуладор ва ба пеш даъваткунанда буд. Пас аз ин суруд сурнайи Киселамак хомӯш шуд. Ӯ асбобро рӯи зонувонаш гузошта, чанд лаҳза бесадо дар ҳолати пуризтироби ба нобиноён хос нишаст. Ман ба духтар нигаристам. Ӯ аз ҷой баланд шуду чанд муддат ноҷунбон истод ва баъд бо қадамҳои устувор ба ҳаракат омада, дуртар аз ман гузашта рафт; ман ҳатто мисли шамол хишироси пероҳани ӯро шунидам. Ҳамоно аз қафо менигаристам ба ӯ ва ҳеҷ чашм кандан наметавонистам. Вақти қадам задан духтар ба назарам зебову дилработар менамуд. Миёнашро бо миёнбанди сафед баста буд; пойҳои борикаш сабук ҳаракат мекарданд. Аз назди ман гузашта, вай ба хона даромада рафт. Ман аз ҷой ҷунбида наметавонистам. Қарор додам, ки баъди ба хона даромадани пирамард, аз паноҳгоҳам берун меоям.
Аммо ногаҳон Киселамак ба гап даромад:
– Ту омадӣ?
– Аҳа, – посух додам ман. – Шумо аз куҷо донистед дар ин ҷо будани маро?
– Ман омадани туро шунидам. Аз тарзи гаштат шинохтам.
– Охир, ман бесадо…
– Нобиноён нисбат ба биноён нағзтар мешунаванд.
Баъд аз дақиқаи хомӯшӣ ӯ идома дод:
– Ту магар наметарсӣ?
– Не.
– Одатан кӯдакон аз ман метарсанд… аммо ман онҳоро дӯст медорам.
Ӯ аз нав хомӯш монд. Ба сарам саволҳои зиёд фишор меоварданд. Дар бораи ӯ ва он духтари куртасурх бисёр донистан мехостам. Аммо чизе маро аз суол кардан бозмедошт.
– Киселамак, оё рост аст, ки шумо тсусилистед? – ниҳоят ҷуръат карда пурсидам ман.
Пирамард ҳайрон сар бардошт.
– Кӣ гуфт ин гапро ба ту?
– Мегӯянд…Мегӯянд, оҳангҳое, ки шумо бо сурнай менавозед, низ тсусилистианд.
Ин вожа тсутсиалист не, сотсиалист аст. Аммо ман сотсиалист нестам.
– Ин магар ягон маънои бад дорад?
– Не, ягон маънои бад надорад, аммо ман сотсиалист нестам.
Дилам таҳ кашид. Пас Киселамак одами бад нест.
– Он сурудҳое, ки шумо бо сурнай иҷро мекунед, чӣ маънӣ доранд?
– Ин суруди мардони ҳақиқист.
– Кистанд онҳо?
– Камбағалон ва поквиҷдонҳо… Чаро ту аз ман дур нишастӣ? Наздиктар бишин.
Ман аз ҷой хеста, назди ӯ омадам. Киселамак беҷуръатона ҷониби ман даст дароз кард. Баъд нарм сарамро сила намуд; нӯки ангуштонаш рӯямро палмосиданд.
– Рӯйи ту аҷиб аст.
– Амак, шумо умуман намебинед?
– Не, бачаҷон.
– Аз кай боз?
– Бисту панҷ сол шуд.
– Албатта, душвор аст вақте ки ҳеҷ чизро намебинӣ?
Пирамард посух надод. Кунҷковиам маро ором намегузошт.
– Дар хоб ҳам чизеро намебинед?
– Дар аввал баъди нобино шудан ҳам хоб медидам. Аммо кайҳо боз дар хобам танҳо садоро мешунавам… Суруд, оҳанг, овози одамон, ҳайвонот.
Мо хеле суҳбат кардем.
Ӯ ба ман чизҳои аҷиб нақл кард, ки қаблан дар бораи онҳо ҳатто тасаввурот надоштам. Пирамард дар бораи он гуфт, ки дар Маҷористон ва дигар кишварҳо коргару барзгарон инсонҳои аз ҳама ҳақиқиву поквиҷдонанд. Аммо кишвари мо дар дасти онҳо нест. Коргарон боре юғи фабриканту помешикҳоро аз гардани хеш партофтанд, аммо ҳокимияти онҳо пахш карда шуд. Ин соли 1919 буд. Ба давлати коргару деҳқони маҷорӣ аз ҳар тараф ҳуҷум карданд. Ана ҳамон вақт Киселамак низ мубориза бурда буд, ҷароҳат бардошта, биноиашро аз даст дод.
Вақте ки мо хайрухуш кардем, аллакай торик шуда буд. Пеш аз рафтани ман ӯ ҳарду дасташро ба китфонам гузошта, гуфт:
– Дар бораи духтаре, ки дар ин ҷо дидӣ, ба касе гап назан. Агар дар хонаи ман пинҳон шудани ӯро донанд, бадбахтӣ, бадбахтии калон рӯй медиҳад, – бо изтироб такрор намуд ӯ. – Волидайни ин духтарро жандармҳо дастгир карданд. Агар дар ин ҷо буданашро донанд, ӯро низ дастгир мекунанд.
– Ҳеҷ вақт дар ин бора даҳон намекушоям! – самимона гуфтам ман.
– Ман ба ту бовар мекунам, бачаҷон, – гуфт ҳангоми гусел пирамард. – Бовар мекунам.
Баъди ин воқеа ман тез-тез ба назди пирамард мерафтам. Таваҷҷуҳи маро дигар на қалъаи афсонавӣ, на ҳайвоноти аҷиб ҷалб намекард. Ман бештар ба асрори духтари куртасурх ва воқеаҳои аҷибе, ки пирамард аз сар гузаронидааст, таваҷҷуҳ доштам. Аммо духтарро дигар надидам ва мо ягон бор дар бораи вай суҳбат накардем. Ба ман чунин менамуд, ки духтар доим дар он хона аст. Чунки Киселамак бо ман ҳамеша дар боғ суҳбат мекард.
Дӯстии мо ҳамагӣ чанд ҳафта давом кард. Одамон беш аз пеш мегуфтанд, ки ҷанг наздик мешавад ва ба қарибӣ хати фронт ба ин ҷо мерасад.
Тирамоҳ буд. Ман он шом беҳуда садои пирамард Киселро интизор шудам. Сурнай хомӯш буд. Эҳтимол сурнайнавози пир бемор шуда бошад? Оқибат бесаранҷом шуда, ҷониби хонаи пирамард рафтам. Дар кӯчаи Калон қатори бенизоми аробаю мошини сарбозони немису маҷорӣ ҷониби ғарб ҳаракат мекард. Даричаи боғ, ки одатан Киселамак зуд маҳкамаш мекард, калон кушода буд. Ман аз гулзори пур аз хазон гузашта ба хона расидам ва манзараи ҳузновареро дидам.
Гулҳо помолшуда, қалъача валангор, дару тирезаҳо боз, дар рӯи ҳавлӣ ҳар гуна ашё паҳну парешон. Анборчаҳо ва қафаси ҳайвонҳо холию зору ҳайрон.
Вориди хона шудам.
Ҳама чиз такурӯ карда шудааст. Дар ҳуҷраи хурдакак, ки ба ҳуҷра гуфтани он забони кас намегардад, либосҳои занонаро дидам; дар байни онҳо ҳамон куртаи сурх низ буд, ки дар тани духтари сиёҳмӯй дида будам.
Аз ҳаяҷон нафасам гирифт. Дар байни бисоти назарногиронаи шикаставу помолшудаи хона сурнай низ буд.
Ман дар банди эҳсосоти нохуш ҳаросон ба ин манзараи ҳузновар менигаристам. Бо Киселамак ва духтаре, ки ӯ дар хонааш пинҳон мекард, чӣ воқеа рӯй дода бошад? Кӣ ва барои чӣ ин гуна ҷазоро раво дидааст?
Ҳайрону танҳо дар ҳуҷра менишастаму чизеро дарк наменамудам. Гиря гулӯгирам мекард…
Пас аз ду рӯз посбонҳои дидбонгоҳи шӯравӣ ҷасади сурнайнавози пирро дар канори деҳа пайдо карданд. Фашистон ӯро кашолакунон то он ҷо бурда, дар доманаи беша парондаанд.
Ман дар ҷанозаи пирамард иштирок доштам. Вай дар тобути ранданадида мехобид; ба ҷойи кафан ӯро бо парчами мисли куртаи духтари сиёҳмӯй суп-сурх пӯшонида буданд.
Сарбозони дар кулоҳашон ситораи сурхдор Киселамакро ба роҳи охират гусел карданд. Дар сари қабр капитани шӯравӣ сухан гуфт. Тарҷумон суханони ӯро тарҷума кард. Капитан гуфт, ки Киселамак инсони ҳақиқӣ, инқилобчӣ, коммунист буд, барои хушбахтии халқи маҷор мубориза кард…
Он рӯз низ 7 ноябр буд.
Духтарро дигар надидам, аз тақдири ояндааш низ хабар надорам.
Сурнай то ҳол андаруни ғилофи чӯбин дар ҷевони ман маҳфуз аст. Турбати пирамард Кисел кайҳо ба хоки меҳан омехт. Пас аз марги ӯ дигар касе он сурнайро наменавозад. Бо вуҷуди ин ман мутмаинам, ки оҳанги нобу марғуладори ӯ ҳаргиз хомӯш намегардад.
Иштван БЕРТАЛАН (Маҷористон)
Аз русӣ тарҷумаи М. РАВШАН