Дар адабиёти шукӯҳманду дилписанд ва фарогиру дилпазири тоҷик ҳаҷв мавқеи шоиставу густарда дорад ва ҳузури онро метавон тақрибан дар эҷодиёти тамоми адибони комёбу номвар ба мушоҳида гирифт. Ҳаҷв эҷодиёти қаламкашони чирадастро рангу ҷило ва муҳтавои тоза бахшидаву суханашонро бештар ҳадафгиру муассир кардааст. Каломе печида бо ҳаҷву танз, лутфу зарофат гуфтанро аҳли эҷод ва суханшиносон далели қавӣ дар тасдиқи тавонгарию истеъдодмандии ҳар эҷодгар донистаанд. Ҳофизи Шерозӣ, лисонулғайби олами адаб, ба ин мазмун байте машҳур ва мақбул дорад:
Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз?
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст!
Ва ҳаҷв нигоҳе амиқбину моҳиятҷӯ мехоҳаду тақозои онро дорад, ки ҳиҷогӯ дар гуфтор ҳушманду зариф ва боназокат бошад, тоби суханро наку бидонад. Ағлаби адибони моро танзи малеҳу лутфи латиф, ҳаҷви баланду ҳазли дилчасп шуҳрат афзудаву сафи ҳаводоронашонро бештар кардааст. Зумрае аз қаламкашон агар дар эҷод комилан ба ҳаҷв гаравида бошанд, иддаи дигар осори хешро ҷой-ҷой бо истифода аз имконоту махсусиёти ҳаҷв зинат бахшидаву таъсир афзудаанд ва гурӯҳе аз хомакашон дар радифи таълифи асарҳои «ҷиддӣ» гоҳ-гоҳ ҳаҷвияҳо низ рӯйи коғаз овардаанду эҷодиёти хешро рангин кардаанд. Ҳамин гуна рангорангӣ ба осори устод Муҳаммад Ғоиб, адиби номвару муваффақи тоҷик хос аст. Ӯ дар арсаи адабиёти муосири тоҷик, муқаддамтар аз хама ҳамчун шоир, шоири навовару маъниофарин шинохтаву эътироф шудааст. Ба ашъори ин шоири тавоно муҳаққиқону адабиётшиносон ва хонандагони фаъол баҳои баланд додаанд ва ҷойгоҳи ӯро дар сафи пеши адибони имрӯзини тоҷик муқаррар кардаанд. Ҷолиб он аст, ки устод Муҳаммад Ғоиб батадриҷ паҳнои эҷодашро вусъат бахшида, ба навиштани осори насрӣ – ҳикояву қиссаву роман, очерку драмаву филмнома ва ҳамчунин ҳикоёти ҳаҷвӣ даст задааст ва дар ин бахшҳои адабиёт низ ба комёбӣ расидааст. Нигоштаҳои ҳаҷвии устод солҳои охир дар саҳифаҳои матбуоти даврии кишвар (бештар дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат») чоп ва пешкаши хонандагон гардиданд. Ҳамакнун устод Муҳаммад Ғоиб ҳаҷвиёти назмию насрии хешро дар шакли маҷмуаи алоҳидае гирд оварда, бо номи «Дузди мазор» чоп кард, ки иқдомест дилпазиру хушоянд. Дар як китоб фароҳам омадани ҳаҷвияҳо маҳорату истеъдоди устодро дар танзу ҳиҷогӯйӣ дақиқтару амиқтар бозгӯйӣ ва собит мекунад. Ин маҷмуаи ҳаҷвиёт далели возеҳу қотеъи он аст, ки устод Муҳаммад Ғоиб дар ҳаҷвнигорӣ низ чун дар дигар бахшҳои эҷодиёташ дасти болову неруи тавоно дорад ва зарофатгӯйи мумтозест. Ӯ бо сухани обдору иборати таъсиргузор ашхоси ноқобилу зишткор ва зиёновари ҷомеаро маҳкум мекунад, нуқсонҳои мавҷудаи ҳаёти моро ошкор месозад, бо ҳадафи он ки афроди каҷрав ислоҳ ва ноҷӯриҳо бартараф шаванд. Мақсади ниҳоӣ ва хидмати шоистаи ҳаҷв дар ҷомеа ҳамин аст. Нахустбайти аввалини шеъри ҳаҷвии маҷмуаи «Мансабталош» чунин садо медиҳад:
Ту мехоҳӣ барои зуд боло,
Барояд зуд танҳо дуд бол.
Дар ин ду мисраъ ҳам ҳаҷв ба мушоҳида мерасаду ҳам киноя ва ҳам тамасхуру эътироз. Адиби соҳибзавқ бад-ин гуна афроди мансабталошро сахт маҳкум ва сиришти нопокашонро фош месозад ва барои «боло» рафтан ин қадр ҷон коҳондану «пастӣ» кардани ин қабил худкомаву тамаъҷӯёнро масхара бинмуда, барояшон гӯшзад мекунад, ки «Ҳунар бошад, ба пойин низ болост». Ҳама ашъори ҳаҷвии маҷмуа ҳамин гуна хусусиятро доранд ва дар онҳо бо корбурди ибороти «халанда»-ву алфози «газанда» ва каломи «нешдор» ба рағми ашхоси худхоҳу мутакаббир, мумсику тороҷгар, кӯтоҳандешу бешафоат, золиму харобкор, аризабозу пургӯй, зиштниҳоду бехирад… садои эътироз баланд карда мешавад.
Қисмати дигари маҷмуа шонздаҳ ҳикояи ҳаҷвии адибро дар бар гирифтааст. Ин ҳаҷвиёт низ гуногунмавзуъ буда, нигоҳи жарфбини муаллифро ба рухдодҳои зиндагӣ собит мекунанд, сабку услуби тоза доранд ва муҳтавои ашъори ҳаҷвии шоирро такмил мебахшанд. Дар ҳикоёти ҳаҷвии маҷмуа ҷузъе камрангу барзиёд нест, ҳар сухан ҳадафею таъкидеро дорост. Чандҳадафӣ, чун дар ашъори ҳаҷвии устод Муҳаммад Ғоиб, дар насри ҳаҷвии ӯ низ ҷойгоҳе вежа дорад ва ин хусусият ҳаҷвияҳоро неруи бештар эҳдо мекунад. Ба масал, ҳикояи ҳаҷвии «Хоҷаи Хизр» аслан дар мавзуи маҳкумсозии хурофот иншо шудааст, вале дар он, ҳамчунин, сухани эътирозӣ нисбат ба афроди содалавҳу зудбовар, тамаъҷӯву танбал ба гӯш мерасад. Ин гуна тавсифро нисбат ба дигар ҳикояҳои ҳаҷвии адиб низ метавон раво дид.
Аз ҳар як нигоштаи устод Муҳаммад Ғоиб ба мушоҳида мерасад, ки ӯ адиби амиқнигару густарданазар аст, ба ҳар ашёи атроф, ба ҳар амали атрофиён, ба ҳар рухдоду падида нигоҳи моҳиятҷӯ дорад, аз ҳар ҷиҳат ҷолибу ибратбахш. Ин гуфтаҳо ба нигоштаҳои ҳаҷвии устод низ мутааллиқанд. Ҳаҷвиёти ӯ робитаи қавӣ бо воқеъият доранд, эътирозномаҳои адиб нисбат ба нуқсонҳои ҷомеа ва рафтори ношоистаи иддае аз гумроҳафроданд. Аз ин ҷост, ки симоҳои омада дар ҳаҷвиёти адибро мо дар байни атрофиёнамон дучор меоем ва онҳоро маҳкум мекунем.
Муҳаққиқон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳаҷв либосест, ки ба тани ҷиддият кашида шудааст. Ин таъкиди бебаҳс бо мутолиаи навиштаҳои ҳаҷвии китоби «Дузди мазор» бори дигар дар зеҳнҳо равшан мешавад.
Бар он боварем, ки устод Муҳаммад Ғоиб минбаъд ин бахши эҷодиёташро боз ҳам вусъат бахшида, баҳри рушди ҳаҷв дар адабиёти муосири тоҷик хидмати шоиста мекунад.
Абдурауф МУРОДӢ