37.5 C
Душанбе

Синемосозҳои ҷаҳон ба Душанбешаҳр меоянд

Рӯзҳои 15–20-уми октябр дар Душанбешаҳр Дувумин давраи ҷашнвораи байналмилалии филми “Тоҷи Сомон” бо шиори “Таърихи рушди тоҷикон” сурат мегирад.

Тибқи иттилоъи “Тоҷикфилм”, қарор аст дар ин ҷашнвора меҳмони зиёд аз кишварҳои ҳамсуд, Осиё ва Аврупо ҳузур ёбанд.

Гуфта мешавад, ки дар чаҳорчӯби ин ҷашнвораи филм Рӯзҳои синемои Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Туркманистон ва Русия дар Тоҷикистон барпо мегардад.

Ҳамчунин баргузории ҷаласаи Шурои мудирҳои ширкатҳои филмсозӣ, муаррифии лоиҳаҳои синамоӣ – филмҳои пӯёнамоӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо ширкати намояндагони номдори синемои кишварҳои хориҷи дуру наздик ва дарси «Устод ва шогирд» дар назар аст.

Таъкид мешавад, ки ин ҷашнвора барои ба ҳам омадани коршиносони умури синемо ёрмандӣ мекунад.

Ин манбаъ афзуд, ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи филм пуштибонии ҷавонони эҷодкор, табодули таҷриба, омӯзиш, намоиши филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва густариши робитаҳои синемоӣ унвон мешавад.

Гуфтанист, Ҷашнвораи байналмилалии филми Душанбе – «Тоҷи Сомон» дар ду сол як бор баргузор мешавад. Нахустин давраи ҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» соли 2023 сурат гирифта буд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо