Синамои тоҷик, ки дар замонҳои гузашта бо шукӯҳи хоса, сужаҳои пурмазмун ва қаҳрамонони ҷовидона шинохта мешуд, имрӯз дар гирдоби якрангӣ ва такрорҳои бешумор фурӯ рафтааст. Агар то чанд даҳсола пеш ҳар филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” рӯйдоде буд, ки мардум интизораш мешуд, имрӯз бештари ин филмҳо наметавонанд диққати бинандаро ҳатто то ним соат ба худ ҷалб кунанд. Ҳодисаҳо, шахсиятҳо ва хати сужаи филмҳои имрӯзӣ ба ҳадде ба ҳам монанд шудаанд, ки гоҳо эҳсос мешавад, мо на филми нав, балки нусха аз филми гузашта ва ё ҳатто пешгӯйии филми ояндаро тамошо дорем. Дар аксари ин филмҳо як навъ сенарияи такроршаванда ҷой дорад – духтари бой ба писари камбағал ошиқ мешавад ё писари сарватманд ба духтари хоксор дил мебандад. Монеаҳои сунъии иҷтимоӣ ба миён меоянд — волидони муқобил, бемории ногаҳонӣ, муҳоҷират, садама ва баъдан як драматизми сунъӣ, ки бинандаро хаста мекунад. Қабл аз оғози филм бинанда метавонад натанҳо хати асосии сужаи онро пешгӯйӣ кунад, балки ҳатто баъзе ҷумлаҳо ва вокунишҳои персонажҳоро низ пешбинӣ намояд.
Яке аз ангезаҳои маъмул, ки қариб дар ҳар дуюм филми тоҷикӣ мушоҳида мешавад, ҳодисаи “задани мошин” аст. Мошин бо суръати нисбатан баланд меояд, персонажи асосӣ – духтар ё писар – беэҳтиётона аз роҳ мегузарад, садама рух медиҳад ва ҳамин ҷо оғози ишқи “ногаҳонӣ” аст. Пасон маълум мешавад, ки яке аз онҳо сарватманд аст, дигаре камбағал ва зиндагии пур аз дард ва ишқи “нодири иҷтимоӣ” оғоз мешавад. Ин сенария, ки як вақтҳо шояд барои як ё ду филм қобили қабул буд, имрӯз ба як навъ қоида табдил шудааст, ки танҳо номи персонажҳо иваз мешавад, аммо шеваи ҳодисот ва ҳатто мавзуъ ҳамон боқӣ мемонад. Ин танҳо як мисол аст. Чунин клишеҳо то андозае зиёданд, ки як навъ эҳсоси “тақлиди маънавӣ” ба вуҷуд меояд – натанҳо сужет, балки ҳатто ҷараёни зеҳнӣ, сохтори ҳиссиёт ва рӯҳия низ аз ҳамдигар нусхабардорӣ шудаанд.
Албатта, баҳона ҳам кам нест. Бисёре аз филмсозон сабаби чунин якрангӣ ва камэҷодиро ба надоштани сармоя рабт медиҳанд. Бале, ин як воқеияти талхи синамои тоҷик аст, ки барои истеҳсоли филм пул ёфтан душвориҳои зиёд дорад, аммо бе пуштибонии молӣ кор пеш намеравад. Дар ин зимн як суол ба миён меояд – оё эҷодкорӣ, навоварӣ ва андешаи тоза танҳо бо пул ба даст меояд? Филмсозе, ки зеҳни навовар дорад, ҳатто бо як камераи телефон ва сенарияи тоза метавонад асаре офарад, ки бинандаро ба фикр кардан водор созад. Вале вақте эҷодкор наметавонад аз чаҳорчӯбаи «ишқи духтари бойу писари камбағал» берун равад, ин дигар мушкили иқтисодӣ не, балки буҳрони фикр ва эҷод аст.
Синамо, пеш аз ҳама, бозтоби зиндагист. Дар ҷомеаи имрӯзии мо ҳазорҳо мавзуи муҳим, ҳассос ва имрӯзӣ мавҷуданд – муҳоҷират ва пайомадҳои иҷтимоии он, ҷудоӣ аз оила, мушкилоти равонӣ дар ҷавонон, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба ахлоқ, шикасти ормонҳо, муносибати волидон ва фарзандон, масъалаи бекорӣ, фасод, муҳити зист ва даҳҳо мавзуи дигари мубрам, ки метавонанд замина барои филмҳои пурмазмуну ҷолиб бошанд.
Аммо, мутаассифона, қисми зиёди синамогарони мо аз ин мавзуъҳо парҳез мекунанд ва роҳи “осон ва даромаднокро”-ро интихоб менамоянд.
Яке аз сабабҳои аслии ин раванд шояд дар он аст, ки аксар филмсозони ҷавон ба ҷойи афкор ва таҷриба, нусхабардорӣ аз ҳамдигарро меомӯзанд. Ба ҷойи мутолиаи адабиёт, омӯзиши синамои ҷаҳонӣ, таҳқиқи ҷомеаи худ ва таҳлили воқеият, онҳо як шаблонро истифода мекунанд. Ин раванд натанҳо ба сифати филмҳо, балки ба фарҳанги умумии тамошобини тоҷик таъсир мерасонад. Чун бинанда ҳамеша як чизро мебинад, зеҳни ӯ низ аз навҷӯӣ ва интизорӣ холӣ мегардад. Ҳамин тавр, як навъ занҷираи ақибмондагӣ ба вуҷуд меояд: эҷодкори бемағз – филми бетамошобин – тамошобини бетафовут.
Ин ҳама дар ҳолест, ки таърихи пуршарафи халқи тоҷик пур аз ҳи кояҳо, симоҳои бузург, рӯйдодҳои таърихӣ, паҳлуҳои норавшани зиндагӣ ва масоили печидаи иҷтимоист. Дар муҳити деҳот, шаҳр, кӯча, хонавода, дар гуфтугӯҳо, дар урфу одат ва ҳатто дар шикастурехти зиндагии ҳаррӯзаи мардум ҳазорҳо ҳикоя ва далели ҷолиб нуҳуфтааст, ки ҳар кадоме метавонад заминаи як филми аслӣ ва ҷолиб бошад. Вале, мутаассифона, синамои мо бо вуҷуди ин сарвати бепоён, аз он истифода намекунад.
Барои он ки синамои тоҷик аз ин гирдоби яксонӣ раҳоӣ ёбад, бояд натанҳо шароити молӣ, балки муҳити фикрӣ ва зеҳнии эҷодкорон тағйир дода шавад. Ҳамкорӣ бо нависандагон, рӯзноманигорон, равоншиносон ва муҳаққиқон метавонад ба филмсозон кумак кунад, то мавзуъҳои ҷиддитар ва воқеиятҳои амиқтарро ба риштаи тасвир кашанд. Илова бар ин, даркор аст, ки марказҳои омӯзишӣ ва устодони синамо бештар саҳм гузоранд, то сенариянависони ҷавон аз аввали роҳ бо диди таҳлилӣ ва эҷодии тоза равон шаванд.
Синамо бояд ҷузъи фарҳанги зиндаи миллат бошад, натанҳо василаи фурӯши DVD ё пахши канали YouTube. Агар ин раванд идома кунад, рӯзе мерасад, ки ҳатто он клишеҳои “задани мошин” ва “ишқи бо табақаи дигар” ҳам аз хотираҳо меравад, чун дигар касе намемонад, ки филм бисозад ва касе намемонад, ки онро тамошо кунад.
Дилошӯб ҶАББОРОВА