6.1 C
Душанбе

ШОДБОШӢ

Нозир Ёдгорӣ, рӯзноманигор ва нависандаи хуби мо, бо мақолаю очерк ва ҳикояву қиссаҳояш дар байни хонанда гон маъруф аст. Ӯ баъди ба итмом расонидани шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978) ба ҳайси ходими нашрияи «Роҳи ленинӣ» (дар собиқ вилояти Кӯлоб) фаъолияти рӯзноманигории хешро оғоз намуда, пасон ба сифати мухбири махсуси ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», мух бир ва муҳаррири шуъбаи давлат ва сиёсати рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кард. Аз соли 2000-ум то соли 2026 сардори Хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» буд. Айни замон ходими адабии рӯзномаи “Ҷумҳурият” мебошад. Нахустин ҳикоя ва тарҷумаҳояш соли 1973 дар саҳи фаҳои матбуот пайдо шуданд. Муаллифи маҷмуаҳои қисса, ҳикоя ва очеркҳои «Лаҳзаи тулуъ», «Рӯ ба рӯшноӣ», «Садди оташ», «Зиндагӣ дар пояи ду кӯҳи намак», «Бӯсаи мор», «Бори вазнин, роҳи дароз», «Роғун – ҳамкори офтоб», «Нурафзо», «Дар талоши нур», «Дар радифи офтоб», «Ваҳда ти моро шаҳодатнома дод», «Корнамоӣ дар марзи номус», «Ҳафтранг», «Нигоҳи гарм», «Эй, Кадучӣ!…», «Офтоби беғу руб», «Дарахти муҳаббат», «Гавҳари чашми миллат», «Сӯзанбарг» ва дигар асарҳои бадеиву публисистӣ мебошад.

Ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва украинӣ тарҷума шуда, дар маҷмуаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд. Хонандагони тоҷик ба шарофати қалами ӯ қиссаҳои адиби рус В. Распутин «Пул барои Мария» ва «Валентин ва Валентина», нависандаи эстон Маатс Трат романи «Рақси гирди деги буғ» (дар ҳамкорӣ бо Бахтиёри Муртазо), рисолаи равоншинос ва нависандаи амрикоӣ Дейл Карнеги «Чӣ тавр ташвишу ҳаяҷонро пушти сар кунем?»-ро ба забони модарии хеш хондаанд. Нозир Ёдгорӣ аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Барои хидматҳояш дар рушди матбуоту адабиёти тоҷик бо унвонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», медали «Барои меҳнати шоиста», «Аълочии «Барқи тоҷик», Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ қадрдонӣ шудааст. Нозир Ёдгорӣ ба синни мубораки 70 расид. Ба ин муно сибат ӯро муборакбод намуда, барояш саодати рӯзгор ва ба корҳои эҷодиаш комёбиҳо таманно мекунем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо