25.4 C
Душанбе

Шишарезаҳо

Мумтозтарин ҳисобдон дар ҳисоб кардани соҳиби моли бесоҳиб оҷиз монд.

***

Шикоят: Чинҳои пешониям аз ҷафои андозчинҳоянд.

***

Занак, аз бесариҳои ман наранҷ. Охир, дар хона танҳо ту сардорӣ!

***

Аз назари соҳибхона меҳмоне, ки дастовез надорад, даст надорад.

***

Аз рӯзе ки занамро “асалакам” мегуфтагӣ шудам, ӯ маро “занбӯри асал мегӯяд”.

***

То мансаб гирифтан танҳо худ “девона” буд, мансаб гирифту ҳамаро “девона” кард.

***

Бағали камбағал сард аст.

***

Ҳикмат: дурӯғе, ки фоида меова рад, рост аст.

***

Аз рӯзе ки чатр харидам, суруди дӯстдоштаам “Борон, бибор!” аст.

***

Баъзеҳо “ҷонакам, ҷонакам” гуфта, касро аз ҷон безор мекунанд.

***

Нав сари калобаро ба даст оварда будам, ки худи калобаро аз ман рабуданд.

***

Аз хислатномаи баъзеҳо огаҳӣ ёфта, оина ба шаффофии худ шубҳа кард.

***

Аксаран остинбарзадаҳо тамо шобин мешаванду остиндарозҳо – коргар.

***

Магар аз мансаб сабукдӯш шудани сардор кори хайр аст, ки ҳама “хайрият” гуфтанд?!

***

Набиштае дар қуттии сигор: Ҳушёр бошед, дуд аз димоғатон мебарояд!

***

Баъзан санади талафи ҳосил аз худи ҳосил бештар фоида меоварад.

***

Ман аблаҳ? Ана, акнун сабаби ба ту мадад расонданамро фаҳмидам!

***

Пешгаҳи хона он ҷост, ки дастурхон бошад.

***

Чун эълон карданд, ки филм шабона наворбардорӣ мешавад, кӯр шабпарак даъвои бозидани нақши асосиро кард.

***

Арзи соҳибхона: Меҳмон бо рафтани тезаш хуш аст, Аз худаш ҳам дастовезаш хуш аст.

***

Каллаи холии шумо анбори холии қаллобро пур мекунад.

***

Зери пояш ҳафт қабат кӯрпача партофта, даъво кард: “Мо хештаншиносем!”

***

Дард дар тани одам меҳмон. Чи қадар меҳмондӯстанд табибони мо!

***

Чун бо даъват касе толорро холӣ накард, саҳнаро ба ихтиёри ҳофизи нохушовозе гузоштанд. Дар лаҳзае дар толор касе намонд.

***

Занам ба ман он қадар ақл ёд дод, ки ниҳоят фаҳмидам: зан гирифтанам беақлӣ будааст.

***

Оқибати лаззатҳои ҷавонияшро дар пирӣ табобат кард.

***

Барои адиб аз дониста қадам задан дониста қалам задан бехавфтар аст.

***

Калимаҳое, ки ба ҷояшон дар асарҳои хурд адибон се нуқта гузошта буданд, дар деворҳои кӯчаҳо пайдо шуданд.

***

“Дар сар чормағз шикастан” чӣ маънӣ дорад, мегӯӣ? Зан гир, худат мефаҳмӣ!

***

Муаллим имрӯз вазифаи хонагиро напурсид. Охир, имрӯз Рӯзи байналмилалии сулҳ аст!

***

Дар ҳошияи китобе: “Китоби хуб будааст, ба дарди бехобиям шифо бахшид.”

***

Суръати хабари рост касеро қаноатманд накард, аз ин рӯ хабари дурӯғро эҷод карданд. Суръати баланди он ҳамаро ба ҳайрат овард.

***

– Меъдаам аз кай дард мекунад?

– Аз рӯзе ки нархи хӯрокворӣ якбора боло рафт.

Абдурауф МУРОДӢ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо