Андрей Петрович дигар тамоман умедашро канда буд, ки он рӯз ногаҳон занги дар садо дод.
– Салом. Ман эълонро хондам. Шумо дарси адабиёт медиҳед?
Андрей Петрович аз экрани видеофон чашм намеканд. Марди тахминан сисола. Дар танаш либоси одӣ: костюм, галстук. Дар лабонаш табассум, аммо чашмонаш ҷиддӣ. Дили Андрей Петрович якбора таҳ кашид. Вай он эълонро тибқи одат дирӯз низ дар шабакаи иҷтимоӣ нашр карда буд. Дар давоми даҳ сол шаш нафар занг зад. Се нафар рақамро хато чидаанд. Ду нафар мисли пешин ба сифати агенти идораи суғурта кор мекардаанд, танҳо як нафар вожаи адабиёт (литература)-ро бо лигатура омехта кардааст.
– М-медиҳам… дарс, – аз ҳаяҷон забонаш гирифта гуфт Андрей Петрович. – Д-дар хона. Шумо ба адабиёт шавқ доред?
– Бале, – сар ҷунбонд мард. – Номи ман Максим. Мехостам шарту шароити дарс доданатонро бифаҳмам.
«Бепул!» – қариб баромада буд аз даҳони Андрей Петрович.
– Муздаш соатбайъ, – маҷбур гуфт ӯ. – Аз рӯи шартнома. Шумо кай оғоз кардан мехоҳед?
– Ман, рости гап… – забон хойид мард.
– Дарси аввал ройгон, – саросема гуфт Андрей Петрович. – Агар ба шумо мақбул нашавад, метавонед…
– Биёед, аз пагоҳ шуруъ мекунем, – қотеъона гуфт Максим. – Соати даҳи пагоҳ метавонед? Соати нӯҳ ман бачаҳоямро ба мактаб мебарам ва баъд то соати ду озодам.
– Маъқул, – хурсанд шуд Андрей Петрович. – Нишониро нависед.
– Гап занед. Ман дар ёд мегирам.
Он шаб Андрей Петровичро хоб набурд. Дар ҳуҷраи хурдакак қадам зад, намедонист дастони аз ҳаяҷон ларзонашро куҷо кунад. Инак дувоздаҳ сол боз вай бо нафақаи ночиз рӯз мегузаронд, аз ҳамон рӯзе ки ӯро аз кор ҷавоб доданд.
– Ихтисоси Шумо бисёр маҳдуд, – гуфт чашмонашро гурезонда мудири литсей барои кӯдаконе, ки майл ба фанҳои гуманитарӣ доранд. – Мо шуморо чун муаллими бомаҳорат эҳтиром мекунем, аммо фанни шумо, афсӯс… Дар воқеъ, шумо бозомӯзӣ кардан намехоҳед? Як қисми маблағи таҳсилро литсей пардохт мекунад. Ахлоқи маҷозӣ, асосҳои ҳуқуқи маҷозӣ, таърихи техникаи робот… Шумо метавонед ин фанҳоро хуб дарс диҳед. Ҳатто синамо то имрӯз маҳбубият дорад. Албатта, умри он низ дароз нест, аммо дар асри шумо… Чӣ гуфтед?
Андрей Петрович рад кард, аммо баъд пушаймон шуд. Зеро кори нав ёфтан душвор буд: адабиётро дар баъзе донишгоҳҳо дарс медоданд, охирин китобхонаҳо баста шуданд, филологҳо пайи ҳам касбҳои дигарро пеша карданд. Чанд сол ӯ остонаи гимназияву литсей ва мактабҳои махсусро охурча кард, аммо бенатиҷа. Қариб ним сол дар курсҳои бозомӯзӣ сарсон шуду баъди аз ҳамсараш ҷудо шудан онро низ тарк кард.
Пасандоз зуд ба охир расид ва Андрей Петровичро лозим омад, ки камарашро маҳкам бубандад. Аввал аэромобили куҳнаашро фурӯхт. Баъд сервизи қадимаи аз модараш меросмонда, сонӣ чизҳои дигар. Ва сипас… Ҳар гоҳ ёд орад, музтариб мешавад Андрей Петрович. Охир навбат ба китобҳо расид: китобҳои қадима, ғафс, коғазини аз модар меросмонда. Барои китобҳои камёбу нодир гирдоварандагон пули нағз медоданд. Масалан, граф Толстой як моҳи тамом хӯронд. Достоевский – ду ҳафта. Бунин – якуним ҳафта.
Ахиран дар бисоти Андрей Петрович панҷоҳ китоби дӯстдоштааш, ки ононро даҳҳо бор хондаву дигар аз онҳо ҷудо шудан наметавонист, боқӣ монданд. Ремарк, Ҳемингуэй, Маркес, Булгаков, Бродский, Пастернак… Ин китобҳо дар чор рафча гузошта шуда буданд. Андрей Петрович ҳар рӯз чанги онҳоро тоза мекард.
– Агар ин ҷавон… Максим, – меандешид Андрей Петрович дар чор ҳадди ҳуҷра беист гомзанон, – агар вай… Дар он ҳолат, эҳтимол, Балмонтро аз нав харида бигирам ва ё Муракамиро ё Амадуро.
– Беҳуда, – ногаҳон хулоса кард Андрей Петрович. Муҳим нест, ки онҳоро баргардонида метавонам ё не. Вай метавонад дигаронро омӯзонад. Ана ин чизи асосӣ аст. Омӯзондан! Чизе, ки медонад, ба дигарон меомӯзонад.
Максим расо соати даҳ занг зад.
– Биёед, гузаред, – гуфт саросемавор Андрей Петрович. – Бишинед. Ана, аслан… Шумо аз чӣ оғоз кардан мехостед?
Максим, чин дар абрӯ, оҳиста дар лаби курсӣ нишаст.
– Ба фикри шумо, аз чӣ бояд оғоз кунем? Мефаҳмед, ман аз ҳама чиз бехабар. Тамоман. Ба ман ягон чизро ёд надодаанд.
– Ҳа, ҳа, албатта, – сар ҷунбонд Андрей Петрович. – Мисли ҳама. Сад сол боз дар мактабҳои маълумоти умумӣ қариб адабиётро намеомӯзонанд. Ҳоло дар мактабҳои махсус низ дарс намедиҳанд аз ин фан.
– Дар ҳеҷ ҷо? – пурсид Максим бо овози паст.
– Афсӯс, ки дар ягон ҷо дарс намедиҳанд. Мефаҳмед, ин буҳрон дар охири қарни бист оғоз шуд. Ба хондан вақт намеёфтанд одамон. Аввал кӯдакон нахонданд ва вақте ки онҳо калон шуданд, фарзандонашон беш аз волидайни хеш ба хондан вақт наёфтанд. Дигар дилхушиҳо, асосан маҷозӣ пайдо шуданд. Бозиҳо. Ҳар гуна тесту квестҳо… – Андрей Петрович даст афшонд. – Албатта, техника низ нақш дошт. Фанҳои техникӣ ҷойи гуманитариро танг карданд. Кибернетика, механикаи квантӣ ва электродинамика, физикаи энергияи баланд. Адабиёт, таърих, ҷуғрофиё дуюмдараҷа шуданд. Хусусан адабиёт. Шумо таваҷҷуҳ мекунед, Максим?
– Бале, лутфан давом диҳед.
– Дар қарни бисту як нашри китобро бас карданд. Ҷойи коғазро электроника гирифт. Ҳамин нусхаи электронии китобҳоро низ рӯз аз рӯз кам мехонданд. Аз насл ба насл камтар мехондагӣ шуданд одамон. Дар натиҷа сафи шоиру нависандагон рӯз аз рӯз кост ва дар охир ба нестӣ расид. Дигар наменавиштанд адибон. Аз ҳисоби асарҳои бист аср пеш таълифёфта қариб сад сол адабиётшиносон фаъолият карданд.
Андрей Петрович хомӯш арақи ҷабинашро пок кард.
– Осон нест ба ман гуфтани ин гапҳо, – гуфт ӯ дар охир. – Мефаҳмам, ки ин раванди табиист. Адабиёт бо пешравии техникӣ муросо карда натавониста, маҳв шуд. Аммо кӯдакон, шумо мефаҳмед… Кӯдакон! Адабиёт зеҳнҳоро ташаккул медод. Хусусан шеър олами ботинӣ, маънавиёти инсонҳоро ғанӣ мегардонд. Акнун кӯдакон беахлоқ ва бераҳм ба воя мерасанд. Ана ин даҳшатовар аст, Максим!
– Ман низ ба ҳамин хулоса омадам, Андрей Петрович. Бинобар ин, ба назди шумо омадам.
– Шумо фарзанд доред?
– Бале, – хандид Максим. – Дуто. Павлик ва Аняҷон, шир ба шир. Андрей Петрович ба ман танҳо чизҳои асосӣ лозим аст. Китобҳоро дар шабака худам ёфта мехонам. Фақат бояд донам, ки чиро бихонам ва ба чӣ такя кунам. Шумо ба ман ёд медиҳед?
– Бале, – қотеъона гуфт Андрей Петрович. – Ёд медиҳам.
Ӯ аз ҷой баланд шуду дастонашро ба сари синааш чиллик гузошта, ба андеша рафт.
– Пастернак, – гуфт ӯ мутантан. – Барф меборад, барф дар баҳру бар, шамъ месӯзад дар рӯйи миз, шамъ месӯзад…
– Шумо пагоҳ меоед, Максим? – ларзиши овозашро фурӯ нишонда, пурсид Андрей Петрович.
– Ҳатман. Фақат ҳамин… Медонед, ман дар хонаи одамони доро ба ҳайси маъмур кор мекунам. Коргузорам, ҳисобу китоб. Маошам зиёд нест. Аммо ман, – Максим ҳуҷраро аз назар гузаронд, – метавонам хӯрданӣ биёрам. Боз баъзе чизҳо, шояд техникаи маишӣ. Ба ҷойи пул. Ба шумо маъқул?
Андрей Петрович беихтиёр сурх шуд. Ӯ ройгон низ анҷом медод ин корро.
– Албатта, Максим, – гуфт ӯ. – Ташаккур. Пагоҳ шуморо интизор мешавам.
– Адабиёт танҳо мавзуъ ёфтан нест, – меандешид Андрей Петрович дар ҳуҷра қадамзанон, – балки чӣ тавр онро ба қалам додан аст. Забон, Максим, чизи муҳим, ҳамон воситаест, ки шоиру нависандагони бузург устокорона истифода кардаанд. Ана, гӯш кунед.
Максим бо диққат гӯш мекард. Ба назар чунин мерасид, ки вай мекӯшад суханони муаллимро аз ёд кунад.
– Пушкин, – гуфт Андрей Петрович ва шуруъ кард ба хондан. “Таврида”, “Анчар”, “Евгений Онегин”. Лермонтов “Мтсири”. Братинский, Есенин, Маяковский, Блок, Балмонт, Аҳматова, Гумилёв, Манделштам, Висотский…
Максим гӯш фаро дода буд.
– Хаста нашудед? – пурсид Андрей Петрович.
– Не-не. Шумо чиҳо мегӯед. Марҳамат, идома диҳед.
Рӯзҳо дунболи ҳам мегузаштанд. Андрей Петрович аз барои он ки зиндагиаш маъно пайдо кард, рӯҳбаланду ба ҳаёт дилгарм шуд. Баъд аз шеър ба наср гузаштанд. Он вақтро бештар мегирифт, аммо Максим шогирди қобилу хушзеҳн баромад. Андрей Петрович ҳайрон мешуд, ки чи тавр Максими дар аввал кундзеҳну нисбат ба сухан бефарқу беҳис, чунин пешрав шуд. Балзак, Ҳюго, Мопассан, Достоевский, Тургенев, Бунин, Куприн, Булгаков, Ҳемингуэй, Бабел, Ремарк, Маркес, Набоков. Қарни ҳаждаҳ, нуздаҳ, бист. Классика, беллетристика, фантастика, детектив. Стивенсон, Твен, Конан Дойл, Шекли, Стругатскийҳо, Вайнерҳо, Жапризо.
Боре, рӯзи чоршанбе Максим наомад. Андрей Петрович аз субҳ ӯро мунтазир шуда, ба худ ҷойи нишаст намеёфт. «Шояд бемор шуда бошад», – тасаллӣ медод худро ӯ. – Не, – пичиррос мезад овози ботинии якраву шаттоҳ. Максими расмиятпарасту дақиқкор набояд чунин рафтор мекард. Дар давоми якуним сол вай боре ҳам диранг накарда буд. Имрӯз ҳатто занг назад. То бегоҳ Андрей Петрович ба худ ҷойи нишаст наёфт ва шаб хоб аз дидагонаш парид. Рӯзи дигар то соати даҳ ӯ тамоман хастаю рӯҳафтода шуд ва аз омадани Максим ноумед шуда, базӯр то назди видеофон рафт.
– Ба рақам хидмат расонида намешавад, – хабар дод овози механикӣ.
Чанд рӯзи дигар мисли як хоби кобусе гузашт. Ҳатто китобҳои дӯстдоштааш Андрей Петровичро аз ғаму дилтангии зардобкунанда халос карда натавонистанд. Бар замми ин як ҳиссиёти мағшуше, ки гӯё ӯ дар ҷомеа як шахси ноуҳдабарою нодаркорест (якуним сол боз аз ин боб намеандешид), сахт азияташ медод. – Ба беморхонаю мурдахонаҳо занг занам, – меандешид Андрей Петрович, чиро ва ё киро мепурсам? Оё Максим ном ҷавони сисола нест дар он ҷо… бубахшед, насабашро намедонам.
Вақте ки дигар дар байни чор девор нишастан барояш тоқатгудоз гашт, Андрей Петрович берун баромад.
– А, Петрович! – салом дод ба ӯ ҳамсояаш пирамард Нефёдов аз қабати поён. – Кайҳо боз вонахӯрдем. Барои чӣ кӯча намебароӣ? Ё шарм мекунӣ? Ту ба ӯ ягон рабт надорӣ.
– Барои чӣ шарм медоштаам? – ҳайрон пурсид Андрей Петрович.
– Охир, ҳамон, – Нефёдов қираи кафи дасташро ба гулӯяш бурд. – Ҳамоне ки ба хонаат меомад. Ман доим фикр мекардам, ки чиро Петрович дар пиронсолӣ бо ин тоифа сару кор мегирад.
– Нафаҳмидам мақсадатонро? – ба худ ларзид Андрей Петрович. – Бо кадом тоифа?
– Тоифаи ба ҳама аён. Ман онҳоро аз якрӯза раҳ мешиносам. Сӣ сол бо онҳо сару кор доштам.
– Бо кӣ? – пурсид бештар ҳайраташ афзуда Андрей Петрович. – Шумо киро дар назар доред?
– Ту, воқеан ҳам, бехабарӣ? – безобита шуд Нефёдов. – Ахборро тамошо кун. Ҳозир дар кӯчаву паскӯча фақат ҳамин гап.
Андрей Петрович ёд надорад, ки чи гуна то назди лифт расид. Ба қабати чордаҳум баромада, бо дасти ларзон хеле калидро дар ҷайбаш кофт. Баъд аз кӯшиши панҷум дарро кушода, оҳиста то назди компутар рафт ва ба шабака пайвасту хабарҳоро варақ зад. Ногаҳон қалбаш ба дард омад. Аз экрани компутар акси Максим рост ба ӯ менигарист. Сатрҳои зери он пеши чашмони Андрей Петрович мавҷ мезаданд.
«Аз ҷониби арбобаш, – ба азоб чашмонашро молида хонд Андрей Петрович, – ҳангоми дуздидани хӯрок, либос ва техникаи маишӣ дастгир карда шуд. Робот-мураббии хонадон, рақами ДРГ-439К. Нуқсони барномаи идоракунанда. Гуфтааст, ки дар охир ба хулоса омад, ки кӯдакон аз маънавиёт орӣ ба камол мерасанд ва ӯ барои рафъи ин нуқсон мубориза бурдан мехоҳад. Худсарона ба кӯдакон фанҳои берун аз барномаи таълимии мактабҳоро дарс медод. Аз хӯҷаинонаш ин фаъолияти худро пинҳон медошт. Аз гардиш бароварда шуд… Чун партов истифода мегардад… Ҷомеа аз ин зуҳурот дар таҳлукаанд… Ширкати тавлидкунанда ба ҷазо дидан омода аст… Кумитаи махсус қарор мекунад…»
Андрей Петрович аз ҷой баланд шуд. Бо пойҳои қатнашавандааш дар ошхона қадам зад. Буфетро боз кард. Дар рафи поёни он ҳамон коняки ба ҷойи маблағи таҳсил овардаи Максим меистод. Андрей Петрович даҳони шишаро кушода, дар ҷустуҷӯи истакон афтод. Оқибат пайдо карда натавонист ва аз даҳони шиша нӯшид. Сурфа гулӯгираш карду шиша аз дасташ раҳо хӯрд ва худро ба девор гирифт. Зонувонаш тоб наоварданду вазнин рӯйи фарш нишаст.
– Ҳамааш барбод рафт, – хулоса кард вай. Ҳайфи вақт, ба робот дарс медодаам ин ҳама рӯзҳо. Ба як оҳан пораи берӯҳу қалб. Буду набудамро, он чизе, ки ба хотири он мезистам, беҳуда ба ӯ бахшидаам.
Андрей Петрович дарди қалбашро фурӯ нишонда, аз ҷой хест. Ҷониби тиреза рафту онро маҳкам пӯшид. Акнун то назди учоқи газ рафтан лозим ва онро гирон карда, ним соат мунтазир шудан даркор. Ва ба ҳамин тамом.
Занги дар ӯро нагузошт, ки то учоқи газ бирасад. Андрей Петрович дандон ба дандон гузошта, барои боз кардани дар рафт. Ва дар остона ду кӯдакро дид. Писарбачаи тахмин даҳсола ва духтарчаи як-ду сол аз ӯ хурд.
– Шумо дарси адабиёт медиҳед? – аз зери кокули болои чашмонаш ҳамоил нигариста пурсид духтарча.
– Чӣ? – даступо хӯрд Андрей Петрович. – Шумо кӣ?
– Ман Павлик, – қадаме пеш гузошт писарбача. – Ин Аняҷон, хоҳари ман. Мо аз Макс.
– Аз… Аз кӣ?
– Аз Макс, – инодкорона такрор кард писарбача. – Ӯ гуфт, ки ба шумо як гапи муҳимро бирасонам. Пеш аз он ки вай… вақте ки ӯро…
– Барф меборад, барф дар баҳру бар! – ногаҳон садо кард духтарча.
Андрей Петрович дилашро дошт ва ларзон оби даҳонашро баргашта қурт кард.
– Ту шӯхӣ мекунӣ? – нимшунаво пурсид ӯ.
– Шамъ месӯзад дар рӯйи миз, шамъ месӯзад, – ба забон овард писарбача. – Макс ҳаминро мехост ба шумо бирасонем. Шумо ба мо дарс медиҳед?
Андрей Петрович бо ду даст аз паҳлударӣ дошта, ақиб гашт.
– Худоё, Худои ман! – нидо кард ӯ. – Дароед, дароед, бачаҳо.
Майк ГЕЛПРИН (нависандаи рус)
Тарҷумаи Равшан МАХСУМЗОД