44.1 C
Душанбе

Сайёра Сафарӣ: Сарватмандтарин ҳунарпеша будан намехоҳам

Бо Сайёра Сафарӣ, тоҷикдухтаре, ки дар синемои Русия хеле пуркору маъруф аст, мусоҳибаи махсус доштем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

БАХШИ АВВАЛ. РӮЗУ СОЛИ МАХСУС

– Шумо дар рӯзу соли махсус таваллуд шудаед – 21-уми март ҷашни Наврӯзи аҷдодӣ ва соли 1991 соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ. Оё ин далелҳо бароятон аҳаммияти вижа доранд?

– Бешак. Ман бовар дорам, ки ин як рамзи зебост. Наврӯз рӯзи бедорӣ, эҳё, муҳаббат ва Истиқлол рамзи озодии миллат аст. Эҳсос мекунам, ки фарзанди рӯшноӣ ҳастам.

– Бархе маҳз дар рӯзи зодрӯзашон нақшаҳои таҳрезикардаашонро аз назар мегузаронанд ва боз нияту орзуҳои нав мекунанд. Оё Шумо ҳам чунинед ё не?

– Бале, ман низ ҳамин гунаам. Барои ман зодрӯз мисли оғози як фасли нав аст. Бо худам менишинам, фикр мекунам: «Сайёра, дар ин сол чӣ омӯхтӣ? Куҷо рафтӣ? Чӣ бояд дигаргун шавад?» Сипас орзуи нав мекунам, орзуе, ки ба зебоӣ, ба ҳунар ва ба хушбахтии дигарон пайванд дошта бошад.

БАХШИ ДУВУМ. “ТЕЛЕВИЗОР”-И ХОНА

– Дар оилаи адиб таваллуд шудаед. Оё имкон доштед, аз адабиёту ҳунар дур бошед ва барои мисол касби пизишкӣ ё муҳандисиро интихоб кунед?

– Дуруст аст, ман дар муҳити китоб ва сухан ба дунё омадаам. Кӯдакиям пур аз орзуҳо буд. Мехостам табиб шавам, яъне шифобахши қалбҳо. Вале ҳунар маро ҷониби худ хонд, то ки дар саҳна бошам ва зиндагии дигаронро тариқи нақшҳоям нишон диҳам.

– Ҷое нақл кардаед, ки дар хурдиатон вақти набудани барқ Шумо нақши телевизорро мебозидед. Метавонем бигӯем, ки аввалин саҳнаҳои бозидаатон ҳамонҳо ҳастанд?

– Он лаҳзаҳо зебо буданд. Ҳар гоҳе ки барқ хомӯш мешуд, модарам шамъро рӯшан мекард ва маҳз дар ҳамон торикию хомӯшии хона илҳоми бозигариам пайдо мешуду ба «телевизори зинда» табдил мешудам. Бароям дидани ҷилои чашмони пуршавқу хушҳоли аҳли оила ва хандаи самимӣ хеле хурсандиовар буд. Дуруст мегӯед, он замон аввалин нақшофариниҳоям буд. Шояд он лаҳзаҳо ҳамон шуълаи фурӯзони ҳунар дар дилам падид меомад.

– Бисёр мешунавем, ки ҳунар ҷодаи хеле душвор дорад. Бигӯед, ки ин роҳро чӣ гуна интихоб кардед ва чӣ сабаб шуд, ки маҳз дар Донишгоҳи театри Михаил Шепкина таҳсил кунед?

– Пеш аз ҳама илҳом маро ба ин ҷода бурд. Илҳом аз филмҳои дидаам, илҳом аз дидани саҳнаҳое, ки бо як нигоҳ ҳама чизро бозгӯ мекарданд, илҳом аз фаҳми он ки ҳунар василаи шифобахшист…

Аслан қисса чунин аст – вақте ки гурӯҳи эҷодии “Мосфилм” ба Тоҷикистон барои филмбардории “Дисантура” омаданд, ман 16-сола будам ва дар синфи 11 таҳсил мекардам. Рӯзе хоҳарам Ситора Сафарова, ки он давра наттоқ, омӯзгори хабарнигорӣ ва бозигари филми эронии “Дар чашми бод” буд, хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба интихоби бозигарон (кастинг) биравам. Бояд иқрор кунам, ки ҳамон замон шуълаи ҳунар каму беш дар дили ман ҷо буд ва дар Намоишсарои драмаи русии Владимир Маяковский тамрин мекардам. Вақте ки ба кастинг рафтем, дар баробари ширкаткунандагон маро ҳам ногаҳон даъват карданд. Чун имкон буд, ширкат кардам ва рӯзи дигар хабар доданд, ки аз кастинг гузаштаам. Ҳамин тавр, ман аввалин нақшамро дар синемо бозидам ва маҳз созандагони ҳамон филм ба волидонам тавсия доданд, ки дар Донишгоҳи театри Михаил Шепкина таҳсил карда, ҳунарпешагиро омӯзам.

– Чаро барои фаъолият маҳз Русияро интихоб кардед? Барои чӣ ба Тоҷикистон барнагаштед ва корномаатонро ин ҷо идома намедиҳед?

– Русия бароям имконоти зиёд барои зиндагию эҷод дод. Дар он ҷо ба лоиҳаҳои бузурги синемоӣ роҳ ёфтам, бо коргардонҳо ва ҳунарпешагони ҳирфаӣ ошно шудам ва дар майдони сабти филм қудратеро эҳсос кардам, ки тавсифаш бо калимаҳо имконнопазир аст. Маскав шаҳрест, ки дар он ман ҳамчун ҳунарпеша камол ёфтам, худро шинохтам ва муҳити эҷодии хешро сохтам. Аммо Тоҷикистон қалби ман аст, ватани зебоманзару илҳомбахшест, ки решаҳои ҳастии ман аз он ҷо об мехӯранд. Ман орзу дорам, ки дар ватани хеш низ фаъол бошам, филмҳое офарам, ки зебоии фарҳанг ва ҳунари миллати моро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Бароям ин интихоб байни ду кишвар нест. Баръакс ин орзуву талоши пайванд кардани ду кишвари азиз аст, ду ҷаҳоне, ки маро парвариш карданд ва ҳардуяшонро бо дилу ҷон дӯст медорам.

– Як ҳунарпешаи тоҷикро аҳли ҳунари Русия чӣ гуна қабул кардаанд?

– Ростӣ, дар аввал осон набуд. Ба ҳар душворие, ки гирифтор мешудам, бо иродаи қавӣ ва заҳмати зиёд бархурд мекардам. Ба кор мепайвастам, аз шикастҳо намеҳаросидам ва ба ҳар ҳадафе, ки барои худ мегузоштам, ҳатман мерасидам. Заҳмат, сабр ва бовар формулаи муваффақияти ман шуд. Шояд маҳз ҳамин дил, дили софу самимии тоҷикона буд, ки маро аҳли ҳунари Русия бо гармию муҳаббат, бо дасту дили боз пазироӣ карданд.

БАХШИ СЕЮМ. ШУҲРАТ ВА МУҲАББАТИ МАРДУМ

– Шумо дар чандин филм ва силсилафилмҳои русӣ нақш бозидаед, аммо маҳз силсилафилми «Гулчитой» миёни тамошобинон номдоратон кард. Шунидем, ки дар аввал нахостед дар ин филм ширкат кунед. Чӣ боис шуд, ки розӣ шудед?

– Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки силсилафилми шабакаи аввали телевизиони Русия – «Гулчитой» барои ман сафҳаи фаромӯшнашаванда дар китобест бо номи зиндагӣ. Ростӣ, дар аввал дудила будам ва дар назарам нақш мушкил менамуд, қаҳрамон ба ман тамоман монандӣ надошт. Аммо вақте филмномаро хондaм ва бо коргардон суҳбат кардам, дарёфтам, ки ин фурсатест барои қисса кардани муҳаббат, зиндагӣ ва арзишҳои содаву волое, ки ҳар як инсонро ба ҳаёт пайванд медиҳад. Ҳоло ба ёд меорам, ки он рӯзҳо осон набуд. Байни донишгоҳу филмсозон сардаргум будам. Аз донишгоҳ гуфтанд, ки бояд аз ин ду якеро интихоб кунам – таҳсил ва ё филмбардорӣ. Ман бе ягон андеша таҳсилро интихоб кардам, зеро дониш бароям арзишнок аст. Вале гурӯҳи филмсозон таслим нашуданд ва дар ниҳоят аз донишгоҳ иҷозат доданд, ки ҳамзамон бо таҳсил дар филм нақшофаринӣ кунам. Рӯзона дар майдони сабти филм будаму шомгоҳон ба дарс мешитофтам.

– Рост аст, ки дар ҳангоми наворбардории «Гулчитой» Шумо нонпазӣ ва говдӯширо омӯхтед?

– Бале, ин воқеъият дорад (механдад). Ман дар муҳити деҳа зиндагӣ мекардам ва бояд тамоми ҷузъиёти зиндагии қаҳрамонамро эҳсос мекардам. Чӣ гуна гов дӯшиданро омӯхтам (бовар кунед, кори осон нест!) Муддате дар образи қаҳрамонам зистам ва он сабақҳо то имрӯз дар ёдам ҳастанд.

– Дар бораи маош ва суди ҳунарпешагони Русия зиёд мегӯянд. Оё Шуморо аз зумраи сарватмандтарин ҳунарпешагони тоҷик гуфтан мумкин аст?

– Ман ҳеч гоҳ нақшро ба хотири дастмуздаш намепазирам. Барои ман пеш аз ҳама матн ва мазмуни филмнома муҳим аст. Албатта, шукргузорам, ки ин масир бароям шароити зиндагии хубро фароҳам кардааст, аммо ҳеч гоҳ дар пайи ба даст овардани унвони «сарватмандтарин» набудам ва нахоҳам буд. Беҳтарин подош бароям чеҳраҳои зебову хандони тамошогарҳо аст.

– Шумо шуҳрат ва маҳбубият пайдо кардаед. Шуҳратро метавон ба осонӣ ба даст овард, аммо муҳаббати самимии мардумро на. Ба назаратон, сабаби маъруфият ва муҳаббати мардум ба Шумо дар чист ва чӣ гуна онро бояд нигаҳ дошт?

– Дуруст аст, ки шуҳратро метавон аз як саҳна, як тасвир ё як лаҳзаи ҷолиб, махсусан аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба даст овард, вале муҳаббати мардум чизест, ки на дар як шаб, балки дар давоми зиндагӣ бо рафтору гуфтор, бо садоқату самимият ба даст меояд. Ба ин бовар ҳастам, ки агар ба одамон бо муҳаббат нигарӣ, муҳаббат бозмегардад. Агар ҳақиқатро бигӯӣ, ҳақиқат аз ту ҳимоят мекунад. Агар самимӣ бошӣ, дили мардум туро ҳатман меписандад. Маҳбубият баландтарин мукофотест, ки як ҳунарпеша метавонад дошта бошад ва нигоҳ доштани он масъулияти бузург аст.

БАХШИ ЧАҲОРУМ. АНДАР МУҚОИСАИ СИНЕМОИ ТОҶИКИЮ РУСӢ

– Ба наздикӣ дар филми тоҷикии «Моҳӣ дар шаст» нақш бозидед. Чӣ таассурот бардоштед?

– Ин филм бароям натанҳо як лоиҳаи касбӣ, балки бозгашт ба асли хеш, ба решаи худ буд. Кор кардан дар Тоҷикистон, дар миёни табиати ошно, мардуми накукор ва муҳити нозпарвар хеле шавқовару ҳаловатбахш аст. Бисёр филми хуб ҳосил шуд. Он бозгӯйкунандаи машаққатҳои зиндагӣ, муҳаббат ва ормонҳое буд, ки барои ҳар як инсон шиносанд.

– Муҳити синеморо дар Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Синемои муосири тоҷикӣ гули навшукуфтаест, ки бо рангҳои хоси худ оламро тасхир карда истодааст. Дар он самимият, заҳмат ва рӯҳи миллӣ ҳукмфармост. Дар майдонҳои наворбардории филмҳои тоҷикӣ ҳама якдигарро пуштибонӣ мекунанд ва ёрӣ мерасонанд. Албатта, дастрасӣ ба дастгоҳи пешрафта ва сармоягузорӣ ҳанӯз маҳдуд аст. Аммо ман ба синемои миллӣ баҳои баланд медиҳам, чун мо барои расидан ба қуллаҳои баланди эҷодӣ талоши беандоза дорем. Мардуми мо боистеъдоданд ва бо ҳимояти бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон синемои тоҷикӣ метавонад ҷаҳонӣ гардад.

– Агар муқоиса кунем, чӣ умумият ва чӣ тафовут байни синемои Русия ва Тоҷикистон ҳаст?

– Алоқаи беандоза ба эҷод ва ба рӯйи саҳна овардани зиндагии рӯзмарраи мардум аз ҷумлаи муштаракот аст. Ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон филмсозон мекӯшанд, ки маҳсули эҷодашон ба мардум таассуроти наку гузорад. Тафовут дар имконот аст. Дар Русия буҷа зиёдтар, дастгоҳ мукаммалтар, гурӯҳҳо аз садҳо кас иборат аст. Дар Тоҷикистон ҳама чиз содатар аст, аммо ҳар намо (кадр) бо муҳаббати бузург сохта мешавад.

БАХШИ ПАНҶУМ. АЗ ДУРБИНҲОИ ГУНОГУН

– Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандон фаъол нестед, дар ҳоле, ки имрӯз интернет яке аз роҳҳои муассир барои таблиғи ҳунар аст. Чаро чунин аст?

– Ман бештар ба тамоси зинда, ба дидорҳо бовар дорам. Вақте ки Шумо дар толор бо чашмони пурнур ба ман менигаред, вақте ки пас аз намоиш дастамро фишурда, “бозиятон ба дилам роҳ ёфт” мегӯед, арзиши ин бароям бештар аз «лайк»-ҳои Instagram аст. Албатта, дарк мекунам, ки шабакаҳои иҷтимоъӣ имрӯз қудрати бузург доранд ва шояд рӯзе ман ҳам порае аз зиндагии худро он ҷо ба намоиш гузорам.

Номи хонаводагии Шумо “Сафарӣ” аст. Оё ин номи тоҷикӣ дур аз Ватан бароятон мушкил эҷод намекунад?

– “Сафарӣ” натанҳо номи хонаводагиям аст, балки ҳувияти ман, хотираи ниёгон ва ҳадяе ҳаст аз гузашта ба имрӯз. Нахостам бо афзудани “ова” садои хоси тоҷикии номи хонаводагиямро гум кунам. Ман бо ин ном ба камол расидам, бо ин ном маҳбуб шудам ва бо ин ном дар саҳна гул кардам. То кунун ягон бор ба мушкиле дучор наомадам, баръакс бисёриҳо мегӯянд, ки “Сайёра Сафарӣ” мисли номи қаҳрамони афсона садо медиҳад.

– Ба ҷуз аз ҳунари бозигарӣ боз чӣ малакаҳо доред?

– Ҳаёт чунон зебост, ки мехоҳам ҳар рӯз як чизи наве биомӯзам. Таомҳои тоҷикӣ, бахусус паловро хуб мепазам, забономӯзиро дӯст медорам, хотираи хуб дораму матнҳоро зуд аз худ мекунам, кам-кам гитор менавозам, рақсро дӯст медорам, хусусан рақсҳои миллӣ, ки гӯё дар вуҷудам оташро фурӯзон мекунанд. Ҳамчунин дарси мусиқӣ мехонам ва ба варзиш машғул мешавам.

Тибқи назарпурсии пойгоҳи «Голбис», дар миёни намояндагони 304 қавме, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, Шумо дар зебоӣ ҷойи аввалро касб карда, яке аз зеботарин тоҷикони дунё дониста шудаед. Чӣ гуна ба ин даст ёфтед ва ин дастовардро чӣ гуна қабул кардед?

– Ин хабарро бо тааҷҷубу шукр қабул кардам. Барои ман зебоӣ танҳо намуди зоҳирӣ нест, балки баёнгари рӯҳи инсон аст. Талош мекунам, ҳамеша ростқавл бошам. Бо дили соф, бо нияти нек ва бо эҳтиром бо мардум бархурд кунам. Агар ҳамин чизҳо ба зеҳни онҳо расида бошад, пас ин бароям шараф аст.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо