31.2 C
Душанбе

Салоҳиддин Шукурзода: Чеҳраи таърихӣ офаридан мехоҳам!

Салоҳиддин Шукурзода имрӯз дар ҷодаи ҳунар фаъолияти густарда дорад. Тамошобинон пайваста шоҳиди ҳунарнамоии ӯ дар пардаи синамо ва саҳнаҳои театр мегарданд. Дар атрофи фаъолияти эҷодияш суҳбате доштем, ки фишурдааш пешкаши хонандагон мегардад.

– Биёед, суҳбатро аз охирин нақши бозидаи шумо дар саҳнаи театр, ки ба рӯзҳои баргузории Ҷашнвора-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту–2025” рост омад, шуруъ намоем. Дар намоиши “Сиёвуш” (коргардон Баҳром Қурбонзода) шумо нақши Рустамро бозидед. Бозидани чунин нақшҳои маълуму машҳур аз ҳунарпеша масъулияти дучандро тақозо дорад. Донистан мехоҳем, ки рӯҳан омодаи офаридани ин нақш будед? Ба чӣ дастёб шудед ва чӣ таассуроту хотироте ба худ гирифтед?

– Дар ҳақиқат, барои ҳар як ҳунарпеша бозидани нақши таърихӣ, ки қаблан аз ҷониби устодони соҳа офарида шудаанд, осон нест. Хусусан аз нав зинда кардани нақши Рустам, ки миёни мардуми мо шуҳрати беандозаро соҳиб аст, мушкилоти худро дорад. Тамошобини тоҷик одат кардааст, ки бо шунидани номи Рустам Бимболат Ватаевро, ки дар филмҳои “Рустам ва Суҳроб”, “Достони Рустам”, “Сиёвуш” аввалин шуда ин нақшро офаридааст, пеши назар оварад. Вақте коргардони намоиши “Сиёвуш” Баҳром Қурбонзода иҷро намудани нақши Рустамро аз ман хоҳиш кард, ҳамин фикр ба сарам омад. Дудилагӣ ва ҳаяҷон фарогирам шуд. Дар намоиш қаҳрамони асосӣ на Рустам, балки Сиёвуш аст ва ҳодисаву воқеаҳо низ асосан ба ҳаёту рӯзгори Сиёвуш пайванд доранд. Аз ин рӯ, хостам худро бисанҷам ва бо як каме ҳаяҷону тарс ба бозӣ намудани нақши Рустам розӣ шудам ва хеле кӯшидам, то ки он боварбахш бошад. Иҷрои нақшҳои таърихӣ дар ҳаёти эҷодии ҳар як ҳунарпеша ҷойгоҳи хоса дорад. Ҳунарпешагон ҳамеша орзуи бозидани чунин нақшҳоро дар дил мепарваранд. Ман ҳам истисно нестам. То куҷо комёб шудам, бинанда хубтар медонад. Минбаъд саъю кӯшишам бештар хоҳад шуд, зеро ин нақш рӯҳия ва боварамро ба худ хеле баланд кард.

– Комёбии дигари шумо нақшофаринӣ дар филми ҳунарии “Дов” аст. Воқеан ин филм дар синамои тоҷик мавқеи хосаро соҳиб гардид. Дар ҳаёти эҷодии шумо чӣ паю нақше гузошт?

– Дар хусуси нақш ва сабти ин филм гуфтанӣ ҳастам, ки орзуи деринаи ман буд. Бозидани нақши асосӣ дар филм орзуву ормони ҳар ҳунарпеша аст, новобаста ба синну сол ва малакаву таҷриба. Фаро расидани чунин рӯзро, ростӣ, дер гоҳ интизор будам. Хушбахтона, рӯзе коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар ба театр омад ва иброз дошт, ки дар нақшҳои асосии филми тозатаҳияаш бо номи “Суруди носуруда”, ки баъдан номи “Дов”-ро гирифт, маро дидан мехоҳад. Бо хушнудӣ пешниҳоди ӯро пазируфтам ва хушнудам, ки филм ин қадар комёбиҳои бузургро ба даст овард. Ба филм мунтақидони соҳа, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, баҳои хуб доданд, ки барои мо ҳунарпешагон низ аҳаммияти бузург дорад. Ман шахсан ба ҳунари хеш бештар бовар ҳосил намудам ва ба ояндаи дурахшон умедвор гаштам. Баъди тамошои филми “Дов” ва махсусан бозии ҳунарпешагон, яке аз мунтақидони машҳури рус, академики Академияи синамои Русия Сергей Лаврентев гуфт: “Ман намегӯям, ки ин филм дар ҷаҳон назир надорад, аммо месазад, ки онро тамошо кард. Филмҳое, ки ман тамошо мекунам, ҳамагӣ 4-5 дақиқаро дар бар мегиранд, аммо муддати ду соат нишаста, ин филмро тамошо кардам ва худамро мисли замони шӯравӣ дар кинотолорҳо тасаввур намуда, лаззати маънавӣ бардоштам. Дар хусуси бозии ҳунарпешагон ҳаминро мегӯям, ки фикр доштам ин нақши 70 ё 80-уми онҳо буд, зеро хеле ҷолиб ва боварбахш иҷро намуданд”.

Ҳар як сухани хуш, баҳои муносиб, ки ба ин филм дода мешавад, бароям илҳом мебахшад ва боварамро ба худ бештар мекунад. Тавассути ин филм ману Абдулмуъмин Шарифӣ дар чандин фестивал соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” шудем. Аксари бинандагони дохилӣ вақти дидорбинӣ ба мо иброз менамоянд, ки дар ин филм паҳлуҳои дигари ҳунари моро шоҳид шуданд. Хулоса, нақши Маннон дар ҳаёти эҷодии ман марҳала ё қадами хеле ҷиддӣ ба шумор меравад.

– Шумо гуфтед, ки ҳоло машғули нақшофаринӣ дар филме ҳастед. Агар махфӣ набошад, ин кадом филм аст ва кадом мавзуъу воқеаҳоро дар бар мегирад?

– Филме, ки дар айни ҳол ба навор гирифта истодаанд, “Пайгир” ном дорад ва созандагони он ҳайати эҷодии “Хатлонсинамо” мебошанд. “Пайгир” силсилафилмест, ки ба фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ марбут аст. Дар ин филм ман нақши роҳбари милитсияи шаҳри Бохтарро иҷро мекунам. Коргардони ҷавон Зафар Валиев барои офаридани нақшҳо ҳунарпешагонро аз тамоми минтақаҳои кишвар ҷамъ овардааст, ки гумон мекунам, бурди ӯст. Филм дар жанри детектив таҳия шуда, мазмуну мундариҷаи хуб дорад. Баъзе аз нақшҳо хусусияти ҳаҷвӣ дошта, ба бинанда хушҳолӣ мебахшанд.

– Агар ба гузашта назар афканед, кадом офаридаҳоятонро хуш доред? Аз кадомин нақшҳо дилтанг мешавед?

– Албатта, ҳам дар театр ва ҳам дар синамо коргардонро лозим аст дар интихоби ҳунарпешаҳо пухтакор бошад, тавонад, ки ба ҳунарпеша муносиб ба қаду қомат, малакаву ҳунараш нақш диҳад. Гоҳо коргардонҳо ба ин масъала кам диққат медиҳанд. Дар таҷрибаи кории ман чунин воқеаҳо зиёд буданд. Буданд нақшҳое, ки бозиданашон бароям хуш набуданд, бо дилтангӣ рӯйи саҳна мебаромадам. Аммо нақшҳое, ки ба дилам наздик буданд, бо хушҳолӣ мебозидам. Дар намоиши “Тарс” (муаллиф Нур Табаров) нақшеро мебозидам бо номи Финка. Ин нақш ончунон ба худам писанд буд, ки ҳар гоҳи бозӣ кардан аз он лаззат мебурдам. Дар муваффақона офаридани нақш ҳамбозон низ муҳимманд. Нақши дигаре, ки бо хушҳолӣ ёд меорам, Перро аз асари Дон Жуани Молер мебошад. Ҳамбозони ман шодравон Шералӣ Абдулқайсов ва Асалбек Назриев буданд, ки бозиашон бароям илҳом мебахшид.

– Чанде қабл мо Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтем. То ҷое огоҳ ҳастем, оғози фаъолияти эҷодии шумо ба даврони мушкили ҷанги шаҳрвандӣ рост омадааст. Аммо сарфи назар аз норасоиҳо, шумо театрро тарк накардед. Чӣ шуморо аз ин амал бозмедошт?

– Бале, дуруст аст, ки оғози фаъолияти мо ба даврони ҷанги шаҳрвандӣ рост омад ва хеле мутаассифам, ки қариб 10-12 соли ҳаёти ҷавонӣ, айёми такопӯҳои эҷодиам ба марҳалае рост омад, ки мардум дар фикри ҳифзи ҷони хеш буданд, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ фалаҷ гардида, соҳаи фарҳангу ҳунар ба буҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ гардид. Он замон ба ояндаи дурахшон умед бастан ва оромона фаъолият намудан имконнопазир буд. Насли калонсол медонанд, ки ҳунарпешагон бо чӣ ҳолу аҳвол зиндагӣ доштанд. Барои аз манзили зист ба театр омадан ва роҳи бозгаштро тай намудан лозим меомад душвориҳои зиёдеро паси сар кунем, аммо ман ва дар баробари ман даҳҳо ҳунарпешаи ба касбу ҳунарашон содиқ натавонистанд тарки театр намоянд, чун шавқу завқ ба ин иҷоза намедод. Хушбахтам, ки аз пушти ин пеша нон мехӯраму фарзандонамро низ насиба медиҳам. Агар каме ҳам миёни мардум шинохта шуда бошам, боз ҳам ба шарофати театру синамост, ки хеле гиромиашон медорам. Имрӯз аз Ваҳдати миллӣ, аз Истиқлолу оромии кишвар меболам ва шукргузорам.

– Аз вазъи имрӯзаи театру синамо аксарият норизоӣ мекунанд. Назари шумо чӣ гуна аст?

– Бале, чунин ақида миёни ҷомеа вуҷуд дорад. Бисёриҳо суол медиҳанд, ки чаро мо наметавонем мисли дигар миллатҳо дар соҳаи синамо пешрафта бошем? Чаро филмҳоямон аз кишвар берун намераванд? Дар ин ҳолатҳо ман ҳамеша як ҷавоб дорам: Мо метавонем! Имрӯз ба майдони синамо коргардонҳои ҷавону умедбахш хеле зиёд ворид шудаанд, ки бовар аст дар ояндаи наздик вазъи синамои миллиро дигаргун месозанд. Барои ба навор гирифтани филми хуб натанҳо филмнома, ҳамчунин сармояи ҳангуфт лозим аст. Лекин ҷавонон талош доранд, заҳмат кашида истодаанд ва умед аст, ки ин кӯшишҳо рӯзе самари нек ба бор хоҳанд овард.

– Чӣ гуна нақшро интизор ҳастед?

– Дар синамо хоҳиши бозидани нақшҳои таърихиро дорам. Нақшҳоеро орзу мекунам, ки ба монанди нақши Маннон писанди мардум шавад. Ҳар ҳунарпеша бо нақшҳои офаридааш дар хотираи одамон ҷой мегирад. Орзумандам шумораи чунин нақшҳо зиёд бошанд.

– Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

– Саломат бошед.

М. ХАЛИЛЗОДА, “АС”

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо