40 ҳунарпеша аз Ӯзбекистон барои нақшофаринӣ дар филми муштараки “Дурахши ахтарон. Ҷомӣ ва Навоӣ” ба Тоҷикистон омадаанд. Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири “Тоҷикфилм” рӯзи 28-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ба қавли Шоҳиён, сабти ин филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи 1-уми август, соати 16:00 дар шаҳраки синемосозии “Тоҷикфилм” оғоз шуда, дар ин маросим ширкати муовини сарвазири Тоҷикистон, роҳбарии “Тоҷикфилм” ва “Ӯзбекфилм” дар назар аст.
Маҳмадсаид Шоҳиён таъкид кард, ки марҳалаи аввали наворбардорӣ моҳи август ва сентябр дар Тоҷикистон буда, марҳалаи дувум – моҳи октябр ва ноябр дар Ӯзбекистон сурат мегирад.
Ӯ афзуд, ки қарор аст, филми муштараки “Дурахши ахтарон. Ҷомӣ ва Навоӣ” ба муносибати ҷашни Наврӯз пешкаши тамошогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон гардад.
Гуфта шуд, ки наворбардории филми мазкур дар баробари шаҳраки синемосозии “Тоҷикфилм” дар маконҳои таърихии Тоҷикистон, бавижа қалъаҳои Хуҷанд, Ҳисор, Балҷувон ва дигар ҷойҳо анҷом шавад.
Шоҳиён ҳамчунин гуфт, ки барои сохтани филми «Дурахши ахтарон. Ҷомӣ ва Навоӣ» 1500 нусха китоб, 1650 дона афзори гуногун, аз ҷумла шамъдон, гарданбанд, тарозу ва кӯзаҳо гирдоварӣ ва сохта шудааст. Дар баробари ин барои қаҳрамонҳои филм 750 либос, 400 ҷомаи гуногун, 300 тоқӣ ва 350 пойафзор омода шудааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки тасмими филмсозӣ дар заминаи дӯстии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ соли 2021 аз сӯйи президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯйи даст гирифта шуд. Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 2024 филмнома таъйид ва аввали моҳи ноябр омодагӣ барои сабти филм оғоз гардид. Тибқи иттилоъи расонаҳо, буҷаи умумии филми “Дурахши ахтарон. Ҷомӣ ва Навоӣ” 10 милён долари амрикоӣ арзёбӣ мешуд.