44.1 C
Душанбе

Равзанае ба сӯйи маърифат

Китоби нави нависандаи шинохта, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Равшан Махсумзод бо унвони «Модари суфрадӯзи ман» дар нашриёти «Адиб» ба табъ расид.

Ин китоб аз қиссаву ҳикояҳои солҳои охири муаллиф мураттаб шуда, масъалаҳои муҳимми ахлоқи ҷомеаро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст. Қиссаҳои «Шабе дар замини бетараф», «Муҷозот», «Кафшергар», ҳикояҳои «Бозгашт», «Худкушӣ», «Ишқи зистан», «Зан ва ҷанг», «Ангуштари арӯсӣ» ва ғайра намоёнгари тафаккури бадеии нависанда ва роҳу равиши эҷодии ӯ мебошанд.

Умедворем, ки аз «Модари суфрадӯзи ман» хонандагон чошнии маърифат мебардоранд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо