25.4 C
Душанбе

Рамзу рози тасвир

Кори эҷодии рассоми ҷавон Ҷамол Расулов асосан дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷараён гирифтааст. Мусаввараи «Натюрморти миллӣ»-ро ӯ бо услуби хос эҷод кардааст. Натюрморт яке аз жанрҳои санъати тасвирӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он асосан чизҳои беҷон, ба мисли гул, мева, сабзавот, китоб, асбобҳои мусиқӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, матоъ (драпировка) ва ғайра инъикос карда мешавад. Ҳадаф аз эҷоди натюрморт бо таровати хос нишон додани зебоиҳои гирду атроф тавассути рӯшноии табиӣ, ранг ва дуруст ҷой додани ҷузъиёти композитсия мебошад.

Ҳар як натюморт мазмунеро ифода менамояд. Ҷамол Расулов низ дар асари “Натюморти миллӣ” бо маҳорати хос дастархони пурнеъмати Тоҷикистонро, ки аз нури офтоб, нону намак, меваҳои тару тоза иборат аст, тасвир намуда, нақшу нигори миллиро равшан нишон додааст.

Дар ҳар хонадони тоҷик, хусусан дар рӯзҳои иду сур, дастархони пурнозу неъмат ороста мешавад. Онро анвои мева, нону кулча ва зарфҳои гуногун ташкил медиҳанд. Натюморти дастархони пурнеъмат аз натюмортҳои дигар бо хусусиятҳои миллии худ фарқ мекунад. Ҷамол Расулов бо маҳорати баланд композитсияи асарро аз ҷиҳати шакл, андоза, бандубаст, ҳаракат ва ҳамоҳангии ашёро дарёфта, асари худро бо рангҳои аслии табиӣ тасвир кардааст.

Мавсуф ҳамчун мусаввир махораташро дар жанрҳои гуногуни ҳунари тасвирӣ санҷида, махсусан, дар офариниши асарҳои чеҳранигорӣ ва натюрморт муваффақ шудааст. Ӯ хатмкардаи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Дар баробари фаъолияти эҷодӣ, ҳамзамон ба омӯзгорӣ низ машғул аст.

Зулола БОЙМУРОДОВА, ҳунаршинос

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо