25.4 C
Душанбе

Оё «Рақси дунафара ба танҳоӣ» ба бинанда писанд омад?

Театри драма ва мазҳакаи русии ба номи А. С Пушкини шаҳри Бӯстон ин навбат дар ҷашнвораи театрҳои касбӣ «Парасту – 2025» бо намоиши такнафарии “Парный танец в одиночку» (Рақси дунафара ба танҳоӣ) ширкат варзид. Муаллифи намоишнома Елена Кузнетсова буда, он дар коргардонӣ ва иҷрои аълочии фарҳанги Тоҷикистон Раъно Раҳматуллоева рӯи саҳна омадааст.

Намоиш бо он оғоз мешавад, ки бонуи бехонумоне иттифоқан ба театр меафтад. Чун худро рӯйи саҳна мебинад, бадоҳатан ба нақшофаринӣ мепардозад ва даме нақши пешхидматро мебозаду дами дигар худро дар либоси малика ҷой медиҳад. Ҳамин тавр дар либосҳои гуногун ӯ фаслҳои гузаштаи ҳаёти хешро як-як пеши назар меорад ва гоҳе баланд механдаду гоҳи дигар гиряро ихтиёр мекунад. Саҳна ӯро ба ёди аёми беғамӣ, ба ёди муҳаббати ноком ва фарзанди ягонааш мебарад.

Моҳияти намоишнома танҳоии инсони имрӯз аст ва метавон онро мавзуъи доғ номид. Дар он талаби маънии зиндагӣ ва мубориза бо дунёи ботинии худ рӯшан бозтоб ёфтааст. Номи намоишнома ҳам хеле ҷолиб аст, зеро ҳама инсонҳо ба меҳр, садоқат ва навозиш ниёз доранд, аммо дар равиши зиндагӣ баъзан ногузир “рақси дунафараро” дар танҳоӣ иҷро мекунанд.

Андешаҳои коршиносони соҳа бобати кори коргардонӣ, иҷрои нақш ва ороиши саҳна мутафовит буданд. Аз ҷумла Мирзоюсуф Ахмедов, ҳунарпешаи Театри мусиқии ба номи О.Назарови шаҳри Хуҷанд ба он назар аст, ки сарфи назар аз мушкилиҳо ҳунарпеша аз иҷрои нақш ба хубӣ баромадааст:

“Бояд гуфт, ки ҳам коргардон ва ҳам ҳунарпешаи моноспектакл будан хеле душвор аст, зеро шумо иштибоҳи худро аз дигар самт дида наметавонед. Аз ин рӯ ҳунарманд кӯшиши зиёд мекунад ва ҳама қуввату қудрату худро сарф месозад. Ба андешаи ман, Раъно Раҳматуллоева тавонистанд аз иҷрои ин нақш ба хубӣ бароянд.”

Аммо ҳунарпешаи номвари Театри ҷавонон ба номи М.Воҳидов Шогун Давлатбекова намоишро қобули қабул намедонад ва онро сазовори “Парасту – 2025” намеҳисобад:

“Моноспектаклро на ҳар коргардон ба саҳна монда метавонад ва ба на ҳар ҳунарманд аз иҷрои он мебарояд. Моноспектакле, ки мо дидем, шахсан барои ман тамоман қобили қабул набуд. Ман ин намоишро на чун ҳунарманд, балки чун тамошобини одӣ тамошо кардам. Ҳеч чизи фаҳмо надошт ва на кори коргардонӣ ҳирфаӣ буд ва на нақшофаринии ҳунарпеша. На нутқаш хуб буд, на чизи дигар. Ман аз оғози ҷашнвора то ин дам намоишеро надидам, ки сазовори “Парасту – 2025» бошад. Ин ҷашнвора барои ман пеш аз ҳама дидор аст. Афсӯс, ки то ин дам аз ягон намоиш ҳаловат набурдам.”

Ҳарчанд “Рақси дунафара дар танҳоӣ” аз костагиҳо орӣ набуд, ин намоишро метавон фалсафӣ гуфт, зеро он бинандаро ба тафаккур водор мекунад ва тамошобин худро рӯи саҳна мебинад.

Сайидо Шарафӣ, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо