Санаи 26 январи соли 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии таҷлили 77-солагии Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид. Дар дои раи ин чорабинии фарҳангӣ рӯнамоии китоби нави профессор Замира Ғаффорӣ таҳти унвони «Раҳоварди Ҳинд. Нигоҳе ба адабиёт ва фарҳанги форсӣ дар Ҳиндустон (таърих, таҳаввул, рушд ва дурнамо)» (Хуҷанд: Хуросон, 2026, 780 саҳ.) сурат гирифт. «АС» Дар ин маҷмуа мақолаҳои дар солҳои гуногун таълиф намудаи муаллиф фароҳам омадаанд, ки баррасии ма соили мухталифи марбут ба фарҳанг ва адабиёти форсизабони Ҳиндустонро фаро мегиранд. Дар меҳвари таҳқиқоти муаллиф сайри таърихии адабиёти форсӣ дар ин сарзамин, муҳтаво ва ғояҳои адабии суханва рони номвар, аз ҷумла Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ғании Кашмирӣ, Абулфайзи Файзӣ, Ҷамолии Деҳлавӣ, инчунин нақши фарҳангпарварону адабдӯстони нимҷазираи Ҳинд — Султон Сикандари Лудӣ, Султон Зайнулобидин ва Зафархони Аҳсан дар таҳаввул ва ривоҷи забон ва адабиёти форсӣ-тоҷи кӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ҳамзамон дар китоб нусхаҳои хаттии осори форсии дар ин қаламрав эҷодшуда низ баррасӣ гар дидаанд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Раҷеш Уике дар сарсухани китоб таъкид намудааст, ки Замира Ғаффорӣ, ҳиндшиноси барҷастаи тоҷик, бо асари нави худ фаҳмиши ҷомеаи илмиро дар бораи мероси муштараки тамаддунии Ҳиндустон ва Тоҷикистон боз ҳам ғанӣ гардонидааст. Ба гуфтаи ӯ, муаллиф таърихи мубодилаи пурҷӯшу хурӯши илмӣ-адабӣ ва фарҳангии Ҳиндустони асримиёнагӣ ва робитаҳои пойдори он бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эронро тавассути Роҳи Абрешим равшан инъикос намуда, нишон медиҳад, ки чӣ гуна забони форсӣ ба забони шукуфоии шеър, фалсафа ва идоракунӣ дар саросари нимҷазираи Ҳиндустон табдил ёфтааст. Дар сарсухан ҳамчунин таъкид мегардад, ки про фессор Замира Ғаффорӣ даҳсолаҳои умри худро ба рушди ҳиндшиносии тоҷик ва тақвияти дӯстии академӣ ва адабӣ миёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон бахшидааст. Замира Ғаффорӣ тавассути пажуҳишҳо ва нигоришҳои худ хонандагони тоҷикро бо мероси маънавию фалсафии Ҳиндустони Қадим, аз ҷумла «Бҳагавад Гита», «Нитишатакам», «Дҳаммапада» ва дигар осори классикии афкори ҳиндӣ ошно гардондааст. Қобили зикр аст, ки ки тоби «Раҳоварди Ҳинд» ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
НАСИМБЕК ҚУРБОНЗОДА





