Ҳайати эҷодии Театри мусиқӣ-драмаи ноҳияи Данғара бо таҳияи намоиш аз рӯи асари нависандаи машҳур Сотим Улуғзода – “Ривояти суғдӣ” дӯстдорони театр ва мутахассисони соҳаро ба ҳайрат оварданд.
Коргардони ин намоиш Саидакрам Алимов буда, нақшҳоро Эмомалӣ Шариф (Виркан), Ҳайдар Муҳиддинов (Ревахштиён), Меҳроб Раҳматуллоев (Ёдхишетак), Файзигул Назарова (Наниманча), Муҳаррама Рашидова (модари Наниманча), Шамсиддин Шарифзода (шоҳ Ихшид), Махсумзода Муҳаммадсаид (Нуфарн), Хуршеда Восиева (маликаи Бухора), Исломиддин Бобоев (Вашфарн сарлашкар) ва дигарон иҷро намуданд. Инсинировакаи асар ба дӯши Абдулвадуд Файзиев вогузошта шудааст.
Намоиши мазкур аз қаҳрамонӣ ва ҷонбозиҳои суғдиён баҳри истиқлол ва пойдории давлати хеш қисса мекунад.
Ба андешаи коршиносони соҳа, гарчанде дар таҳия ва бозии ҳунарпешагон нуқсон ва камбудҳо дида шавад ҳам, дар умум намоиш муваффақона рӯйи саҳна оварда шудааст.
Мақсад аз таҳияи намоиш дар ниҳоди бинанда бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва нишон додани диловарию ҷонбозиҳои қаҳрамонони миллӣ буд, ки ба хубӣ дида мешуд.
Мижгон Халилзода, “АС”