Рӯзи 15-уми апрел дар чаҳорчӯби Ҷашнвораи театрҳои касбӣ «Парасту – 2025» намоиши «Рӯбоҳ ва хорпуштак»-и Театри лӯхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар манзури тамошобинон гардид.
Намоиши мазкур аз ҷониби Хайрулло Давлатов ва дар руҳияи афсонаҳои халқӣ эҷод гашта, он дар коргардонии Абдураҳим Абдураҳмонов рӯйи саҳна омадааст. Нақшҳоро ҳунарпешагон Муноҷот Мирзохонова, Шабнам Маҳмудова, Эралӣ Ватанов, Сауда Сафарзода ва Холмирзо Сангинмуродов иҷро намуданд.
Ин намоиш барои хурдсолон пешбинӣ шуда, дар он сухан аз боби рӯбоҳи ҳилагаре меравад, ки манзили хорпуштакро иҷборан соҳиб мешавад. Ҳамчунин рӯбоҳи маккор бузичаи сафеди духтаракеро, ки Лола ном дорад, медуздад. Дар охир Лола бо кумаки хорпуштак ва аҳли толор бузичаашро наҷот медиҳанд ва хонаи хорпуштакро ба ӯ бармегардонанд.
Паёми намоиши “Рӯбоҳ ва хорпуштак” мубориза барои адолат ва ҳақиқат буда, он ғалабаи некӣ ба бадиро бозтоб медиҳад.
Офарандаи нақши Лола, ҳунарпеша Муноҷот Мирзохонова ҳадафи гурӯҳи эҷодиро чунин арзёбӣ кард:
“Тамошобинони хурдсоли мо намоишро хеле хуб пазируфтанд. Ҳадафи мо ҳам ҳамин аст, ки ба кӯдакон писанд ояд ва рафтору гуфторашон беҳтар гашта, некиро аз бадӣ фарқ карда тавонанд. Ҳамчунин ба театр меҳр пайдо кунанд, зеро театр дар ташаккули шахсияти онҳо нақши муҳим хоҳад бозид.”
Яке аз сифатҳои хуби намоиш дар он буд, ки ҳунарпешаҳо бо аҳли нишаст дар гуфтугӯ буданд. Метавон гуфт, ки гоҳи анҷом нақши калидиро маҳз тамошобинон иҷро мекунанд, ки ин барои хурдсолон хеле ҷолибу диданӣ буда, шавқу завқи онҳоро бедор мекунад ва онҳоро водор месозад, ки худро як қисми ин намоиш шуморанд.
Дар баробари ин сурудҳое иҷро шуд, ки махсус барои “Рӯбоҳ ва хорпушт” эҷод гаштаанд ва ҳолати қаҳрамонҳоро ҳарҷониба ба намоиш мегузорад. Ороиши саҳна низ диданӣ буд ва ба завқу салиқаи кӯдакон рост меомад.
Гузашта аз ин костагиҳое ҳам ҷо доштанд, ки гуфтани баъзе аз онҳоро салоҳ медонем. Аз ҷумла бозигарӣ бо лӯхтакон ҳирфаӣ набуд ва ба ҷуз чанд ҳаракати маъмулӣ лӯхтакҳо ҳаракати дигар намекарданд. Дар ҳоле, ки арӯсакҳо бунёди намоишанд ва ҷунбишҳои онҳо бояд ҳунармандона сурат бигиранд ва дилчаспу дилнавоз бошанд. Нуктаи дигар ин аст, ки дар раванди иҷро ҳунарпешаҳо бадоҳатан аз лаҳҷа ва калимаҳои бегона истифода мекарданд, ки ин ҳам ҳусни намоишро коста мегардонд.
Дар умум метавон ба намоиш баҳои хуб дод ва онро барои тамошои омма тавсия кард, зеро насли наврасро ба якдилӣ, поктинатӣ ва ростгӯӣ талқин мекунад. Умедворем, ки ин театри ҷавон дар оянда ҳам бо намоишҳои рангини худ меҳмони пойтахти азизамон мегардад.
Гуфтанист, дар ҷашнвораи «Парасту – 2023» Театри лӯхтаки “Афсона”-и шаҳри Бохтар дар бахши «Беҳтарин намоиши лӯхтак» баранда гашта буд.
Сайидо Шарафӣ, “АС”