Як субҳидам Палле чашм аз хоб кушода, сахт ҳайрон шуд, чунки ҳама ҷо сокиту хомӯш буд. Палле гумон бурд, ки барвақт бедор шудааст. Аммо аз шишаҳои тиреза ба хона нури офтоб медаромад ва ӯ аз хоб сер шуда буд.
Палле нӯг-нӯги по ба роҳрави хона баромад. Ана, хонаи хоби падару модараш. Дарро кушод, ба дарун нигарист. Касе наменамояд. Палле ба кати модараш наздик шуд. Кат холист. Ба назди кати падараш рафт. Ин кат ҳам холист.
Куҷоянд падару модар?
Палле ба хонаи худаш баргашт. Вале дубора хобидан намехост. Хубаш, либос пӯшида, берун раваду бозӣ кунад.
Вай либосашро худаш мепӯшад, охир, бачаи калон шудааст! Лекин дастурӯ шустан намехоҳад, аз ин сабаб фақат нӯги биниашро ба об тар карду халос.
Баъд ба ошхона рафт. Ин ҷо ҳам падару модарашро пайдо накард.
Аҷиб! Палле дар хона танҳои танҳост!
Вай берун баромад. Албатта, бояд падару модарро пурсида берун рафтан лозим аст, аммо онҳо нестанд. Ҳамчунин Палле ба суроғи онҳо баромад-ку!
Дар рӯ ба рӯи дари хона як трамвай истодааст. Палле ба даруни мошин нигарист. Касе нест. Ҳатто пулчинаку ронанда наменамоянд.
Мардум куҷо шуда бошанд?
Палле ба мағозаи шир сар дарун кард. Вай холаи ширфурӯшро хуб мешиносад. Вале хола дар ҷойи кораш нест, ягон харидор ҳам ба назар наменамояд.
Кӯча беодам. Мошинҳо равуо надоранд. Трамвая ҳанӯз истодааст. Эҳ, як роҳгузар нест, ки ба саволат ҷавоб диҳад.
Палле дар олами рӯшан танҳои танҳост…
Баъд ба чанд мағоза даромад. Не, касе нест – одамон ғайб задаанд.
Дар мағозаи шириниҳо Палле даҳонашро пури шоколад кард. Албатта, ин кораш хуб нест, беадаб шуданашро донист. Вақте дар олам як худаш танҳост, кӣ ӯро сарзаниш мекунад?!
Палле хурсанд ҳам шуд, ки дар олами рӯшан танҳои танҳо мондааст!
Вай ба дӯкони мева рафт. Як дона себ гирифт. Ду дона афлесунро ба киса андохт.
Воқеан, одамон куҷоянд?
Дар гардиши кӯча як трамвайи дигар истодааст. Трамвайи рақами «ду».
Палле ба мошин савор шуду ба ҷойи ронанда нишаст.
Зангӯлаи мошин садо дод: ҷарангӣ!
Ногоҳ трамвай ҳаракат кард. Палле сахт тарсид.
Э, чӣ ҷойи тарс?! Палле акнун ронандаи ҳақиқист! Трамвайи ӯ бод барин пеш медавад…
Палле кулоҳи ронандаро ба сар гирифт. Кулоҳ чунон калон будааст, ки ба нӯги биниаш фуромад.
Болои сӯхта намакоб, пойи Палле ба тормоз намерасад. Вай ночор монда, бо забони одами «ҷангар ҷунгур, гурезед» гуфт.
Аслан, садо додани трамвай шарт ҳам нест: дар кӯча ягон ҷонзод ба назар намерасад-ку!
Палле бениҳоят шод аст: дар олам танҳои танҳост! Акнун вай ҳарчи хоҳад, мекунаду ҳар ҷо хоҳад, меравад. Худаш шоҳу табъаш – вазир.
Трамвай ба майдони марказӣ наздик омад.
Ана-а-а, дар пеш як трамвайи дигар истодааст. Акнун чӣ бояд кард? Пеш рафта намешавад-ку…
Палле мошинро боздошта натавонист ва ин трамай ба он трамвай бархӯрд: тараққӣ!
Палле тӯбча барин парида ба рӯйи пул афтид. Ягон ҷояш зарб наёфт, аммо кори трамвай тамом шуд. Агар Палле мошин савор шудан хоҳад, ин трамвай ба кор намеояд, ба дигараш савор мешавад. Охир, кӯчаҳои пур аз трамвай холист!
Палле ба боғ рафт. Ин ҷо ҳамроҳи ҷӯраҳояш ҳар замон омада бозӣ мекард.
Вай ба сабзазор по монд, агарчи огоҳномаро хонда тавонист: «Сабзаро поймол накунед!» Акнун фарқаш чӣ, вай дар олам танҳо-ку?!
Дар бозигоҳ як арғунчак ҳаст. Палле бозӣ карда наметавонад, агар вай ба як тарафи арғунчак шинад, ба тарафи дигараш кӣ хоҳад нишаст?
Эҳ, агар Гердаю Нилс мебуданд…
Палле пеш рафт ва кинохонаи боҳашаматеро дид. Ин ҷо ҳамеша филмҳои ҷолиб тамошо мекард. Вай ба кинохона даромад.
Касе аз Палле билет напурсид, аммо толор торик буд, филм ҳам набуд.
Кӣ филм тамошо диҳад, вақте дар олами рӯшан ба ғайр аз Палле каси дигар намондааст?!
Рости гап, дар олами рӯшан танҳои танҳо будан чандон хубӣ ҳам надоштааст!
Палле ин лаҳза ҷӯраҳояш ва падару модарашро пазмон шуд. Махсусан модарашро ёд кард!
Палле ба як сабукрави хушрӯ савор шуд. Мошин ҳаракат кард. Палле ба атроф нигоҳ мекард: ба ғайр аз ӯ шояд ягон каси дигар бошад дар ин шаҳр?
Вай ба фурудгоҳ расид. Як тайёраи нав истода буд. Палле ба тайёра даромад ва парвоз кард. Хеле ва хеле боло рафт.
Тайёра ба моҳу ситораҳо наздик рафт ва… ногоҳ ба чизе бархӯрд. Ин моҳтоб будааст.
Бечора Палле… сарозер ба замин шуд…
Бо буди овоз дод зад. Баъд бедор шуд.
Вай дар катчааш мехобид.
Ҳамааш хоб будааст!
Ин вақт ба хона модараш даромад.
– Чӣ шуд, Паллеҷон? – пурсид модар. – Чаро гиря мекунӣ?
– Очаҷон, оҳ, напурс, дар олам ман танҳои танҳо мондам. Ҳарчи хостам, кардам, лекин бисёр дилтанг шудам… Хайрият, ки хоб будааст!
Палле парида аз ҷойгаҳ бархест, либос пӯшид…
Инак, вай дар боғ аст, ҳамроҳи ҷӯраҳояш бозӣ мекунад!
Чӣ қадар хуб аст ин!
Оҳ, напурсед!
Сигсгорд ИЕНС (адиби Дания)
Аз русӣ тарҷумаи Азизи АЗИЗ