Носиралии Сарҳиндӣ, ки тазкиранигорон ӯро «Соиби сонӣ» ва «Обрӯйи Ҳиндустон» номидаанд, аз зумраи шоирони тозагӯю навпардоз ва аз чеҳраҳоест, ки дар ташаккули сабки ҳиндӣ таъсиргузор аст.
Фазои фарҳангию иҷтимоӣ ва суннатҳои фалсафию адабии Ҳиндустон яке аз омилҳои муҳим дар тағйири сабки шеъри ин кишвар мебошад. Андеша ва баёни Носиралӣ низ ба муҳити зиндагияш сахт алоқаманд буда, ин амр яке аз омилҳои муҳим дар созмон ёфтани мафкура ва бинишҳои зебоишиносонаи ӯ гардидааст. Замон, макон ва вежагиҳои забонӣ дар шеваи шеъри Носиралӣ хеле равшан мушоҳида мешавад.
Равишу биниши ҳунармандона ва идроки ашёву падидаҳои ҷаҳони ҳунар сабки шеъри Носиралиро ба вуҷуд овардааст. Вобаста ба вусъати биниш ва тарзи тафаккур шоир пайванди шакли зоҳирии вожа ва маънои онро чунон рақам мезанад, ки сабк дар ин замина ба вуҷуд меояд. Бино бар ин, ҳангоме ки мо аз сабки шоирии Носиралӣ сухан ба миён меоварем, манзурамон шаклгирии шеваи баёни ӯст.
Носиралӣ бар вожагон тасаллути комил дорад. Мутобиқи майли ӯ вожаҳо маъноҳоеро ифода мекунанд, ки аз густараи маъноии худ берун оварда шуда, робитаи хешро аз асли худ буридаанд. Ӯ аз вожа ба хосту табъи худ чизи комилан дигар месозад. Ин ҳунари ӯро мо фармонравоӣ бар вожа ва ё ба тарзи дигар ошноизудоӣ меномем. Агар дар шеъри Рӯдакӣ вожагон аз маъноҳои аслии худ дур набуда, дар воқеияти хеш «зиндагӣ» мекунанд ва дар шеъри Мавлоно ҷилваҳои комилан озоду отифӣ пайдо карда, маъноҳои наздик ба зеҳн доранд ва дар шеъри Ҳофиз густараи ҳаракати онҳо фарох гардида, дар ҳар ҷое ва ба ҳар маъное менишинад, дар шеъри Носиралӣ вожа аз озодии хеш батамом маҳрум буда, зери фармонравоии ӯ амал мекунад ва он бори маъноиеро ба худ мегирад, ки шоир бар ӯ иҷборан таҳмил кардааст. Ин гуна бозии якҷониба бо вожагон озодии онҳоро маҳдуд намуда, қобили дарк буданашонро печида мекунад. Ба ибораи суратгароёни рус, ин амал як навъ ошноизудоӣ ё бегона кардани вожагони маъмулии забонзадшудаю мурда аст, ки шоир бо корбурди ҳинҷоргурезона ба онҳо умри дубора медиҳад.
Ошноизудоӣ печида кардани чизҳо ва дур намудани ашё ва ё ҳаводис аз сифоту хусусиёти аслӣ ва бад-ин васила намоиш додани вежагиҳои маъноии вожаю ибораҳо, ҳувият бахшидан ба тобишҳои гуногуни дарки мафҳум (ашё, ҳодиса, падида) аст. Кадканӣ ин навъи ошноизудоиро душворгардонӣ меномад. Носиралӣ ва намояндагони дигари сабки ҳиндӣ, зоҳиран, аз ин амр огоҳӣ доранд, ки ошноизудоӣ аз вежагиҳои ашъорашон гардидаст.
Мафҳуми ошноизудоиро метавон бо иборои «тарзи тоза», «шеваи тоза» ва «шеваи нав» дар эҷоди шоирони сабки ҳиндӣ ҳамрадиф донист. Носиралӣ барои ифодаи ин мафҳум ибораи «раънотарзӣ» ва «шӯхии тарзи сухан»-ро ба кор гирифтааст:
Зи раънотарзии мисроъи рангини Алӣ ҳар дам
Намедонам, нафас дар сина ё дар ҷилва товусе?
*
Ошиқам, ошиқ, намедонам, Алӣ, маъшуқи кист?
Шӯхии тарзи сухан ё наргиси ҷодуфане?
*
Алӣ, аз шӯхии тарзи сухан оромҳо дорам,
Ки то бар гӯши ҳосид мехурад, симоб мегардад.
Майли Носиралӣ ҷиҳати ошноизудоӣ, сохторшиканӣ ва баёни мафҳумҳо бо тарзҳои наву тозатар дар бакоргирии истилоҳоту таркиботи маҷозӣ ва киноёт, ки аз маъруфтарин хусусияти сабки ӯст, равшан таҷассум ёфтааст. Дар адабиёти мо шоире нест, ки вожаи «ишқ» дар ашъораш аз ҷумлаи вожагони камистифода бошад. Зеро аслан ҷавҳари адабиёт ишқ аст. Дар ғазалиёти Носиралӣ низ «ишқ» серистеъмолтарин калима аст. Калимаҳои серистеъмоли дигар ба монанди гавҳар, ҷигар, намак, реша, ойина, доғ, барқ… бо вожаи «ишқ» иттиҳодияи маъноӣ доранд.
Басомади зиёд доштани корбурди чанд калимаи муайян дар девони Носиралӣ далели он нест, ки мундариҷаи осори ҳунарии шоир ба ду-се мафҳум ва ё вожа маҳдуд аст ва дар атрофи ду-се мазмун чарх мезанад, баръакс, қариб дар ҳар мавриди истифода аз як вожа таркибу мазмуни тозае месозад, ки маънии байтро ба куллӣ дигар менамояд. Носиралӣ ба калимаҳо маънои тоза бахшида, ба ин васила забони ҳунарӣ меофарад, забоне, ки баёнгари ҳолат, воқеа ва хусусияти ашёст.
Яке аз мазмунсозтарин вожаҳои девони ғазалиёти Носиралӣ «ҷигар» аст, ки бо калимаҳои хун, лаъл, Бадахшон дар як меҳвари маъноӣ қарор гирифтааст. Шоир барои ошноиизудоӣ кардани вожаи мазкур ҳунарсозаҳои мухталифро ба кор гирифтааст. Яке аз ин шигардҳо ҳамчун исми макон исифода бурдани вожаи мазкур аст, ки дар натиҷа тасвирҳои зер офарида шудаанд:
Бадахшони ҷигар:
Ашкрезон зи Бадахшони ҷигар меоям,
Манам он қофиласолор, ки бораш хун аст.
Ҷигар – ошёни мурғи бисмил:
Дили ғамдидаро дар изтироб андохтӣ, рафтӣ,
Ҷигарро ошёни мурғи бисмил сохтӣ, рафтӣ.
Ҷигар – омоҷгоҳ:
Ҷигар омоҷгоҳи тири ғам шуд.
Зи оташхонаи дил нола ҷӯшид,
Ҷигар – хобгоҳ:
Ҷигар шуд хобгоҳи неши занбӯр,
Чу шони ангубин лабрези носур.
Шигарди дигари ошноизудоӣ аз вожаи ҷигар ба он ташаххус бахшидан аст, ки дар натиҷа чунин таркибҳо ба вуҷуд омадаанд:
Домони ҷигар:
Кафи по то ба домони ҷигар реш,
Ба ранги хорпушт осуда дар неш.
Мусоҳиби ҷигар:
Зи беқарорият, эй дарди ёр, бехабарам,
Ки ҳамнишини дилӣ, ё мусоҳиби ҷигарӣ?
Дар мавридҳое ҳам исмҳои беҷонро ташаххус бахшида, “ҷигар”-ро ба онҳо нисбат медиҳад. Барои мисол:
Ҷигари санги хора:
Аз барқи нолаам ҷигари санги хора сӯхт,
Бӯи кабоб мешунавам аз назораҳо.
Ҷигари ток:
Майкашон, бодаву гул муфти шумо, муфти шумо,
Хӯша шуд гиряи талх, аз ҷигари ток чакид.
Сели беҷигар:
Ҳамчу сели беҷигар бигрезад аз майдони мо,
Бишнавад гар кӯҳ овози Ғазанфархони мо.
«Реша» низ аз ҷумлаи вожаҳоест, ки дар ғазалиёти Носиралӣ бо басомади боло истифода шуда, тариқи ошноизудоӣ шудан мазмунҳои тоза офаридааст. Ошноизудоии калимаи мазкур аксаран тариқи корбурди истиора дар феъл ва ё истиораи табъия сурат мегирад. Истиораи таъбия бакоргирии феъл ба маънои маҷозӣ дар ҳунар буда, бо як исм сохта мешавад ва ҷумлае падид меоварад, ки баён аз он ба истиораи мураккаб бо истилоҳ таъбир мешавад. Чунончи, дар абёти зер феъли «реша давонидан» ба шамъ, ҷавҳар, барқ, оҳанг, хоб, тори субҳа нисбат пайдо намуда, вежагии ҳунарии шоир дар корбурди истиораи табъия нишон дода шудааст:
Решаи шамъ:
Ба хокдони ҷаҳон улфатам қарор нагирад,
Чу шамъ реша занад дар ҳавои қудс ниҳолам.
Решаи ҷавҳар:
Гар чунин ковиш кунад мижгони ӯ дар синаҳо,
Решаи ҷавҳар бурун меояд аз ойинаҳо.
Реша доштани барқ дар абр:
Ҷилвагоҳи беқарорӣ дар замини дигарест,
Нахли мо чун барқ дар абри баҳорӣ реша дошт.
Реша давонидани оҳанг:
Гираҳ накшуд аз пешонии гул нолаи булбул,
Ману ашке, ки дар хоро давонад реша оҳангаш.
«Намак» низ аз вожаҳоест, ки дар ашъори Носиралӣ ба сифати калимаи калидӣ маънои гуногун меофарад ва бо устухон, шӯр, ситора, назар, малоҳат, дард, сӯзиши ишқ меҳвари андешаҳои шоиронаи Носиралиро бо олами воқеъ дар робита нигаҳ медорад. Вожагони мазкур дар баробари «намак» ҳамнишинанд ва як навъ тақвияти маъноии он мебошанд.
Шигарди дигари шеърии Носиралӣ дар равиши ошноизудоӣ эҷоди таркиботи чандбуъда аст, ки тавассути онҳо шоир тавонистааст ба вожаҳои исмии одӣ чанд сифати пайдарҳамро ба як таркиб андозад ва чизи номаҳсусро дараҷадор намуда, маънии ғариб офарад. Чунончи, дар мисраи зер чор сифатро ба вожаи хок дар як таркиб овардааст:
Осмоне, ки пур аз гавҳари анҷум шудааст,
Хоки боронзадаи обилаи пои дил аст.
Носиралӣ дар таркиботи бисёрваҷҳа аксаран мазмунҳои ботилнамо (парадоксӣ)-ро ба ҷилва мениҳад. Дар байти зер ибораҳои рехтаи оби ҳаёт ва теғи обдорро ба ҳам омезиш дода, таркиби ташнаи оби ҳаёти теғро офаридааст. Теғ, ки маншаи марг аст, бо оби ҳаёт муносибати тазодӣ дорад. Ба ҳам овардани ҳар ду аз ҷумлаи баёноти зоҳиран ботилнамои шеъри Носиралист:
Баски ҳар мӯ ташнаи оби ҳаёти теғи туст,
Ҷамъ шуд чун ришташамъе дар гулӯ рагҳои мо.
Носиралӣ чун дигар шоирони сабки ҳиндӣ дар айни талош барои печида намудани маънӣ роҳи наздик шудан ба мухотабро меҷӯяд. Ба кумаки ӯ илми балоғату баён мешитобад, то барои наздик кардани хонанда ба маънии баланд роҳҳои ҷолиберо созмон диҳад. Дар ин раванд аз тамсил, талмеҳ, ташхис, ташбеҳу истиора ва дигар санъатҳои бадеӣ кумак мегирад.
Илова бар уфуқӣ будани каломи ирфонии Носиралӣ, фишурдагӯию тамсилу тасвирҳои дур аз зеҳн шеъри ӯро печидаву душвор кардаанд, ки боиси интиқоди иддае аз мунтақидони адабӣ шудааст. Волаи Доғистонӣ, муаллифи тазкираи «Риёзу-ш-шуаро» шеъри ӯро дорои «шутургурба» гуфтааст ва муаллифи «Баҳористони сухан» бар он назар будааст, ки «баландпарвозиҳо хиёли Носиралиро гоҳ дар баёни маъонияш нотавон ва алфозашро норасо месохт».
Диққати шоири сабки ҳиндӣ дар овардани мазомини нав бо печидагиҳову саноеъи шеърии фаровон боис мешуд, шоири ин сабк бештар аз он ки ба сурудани як илҳоми шоирона бипардозад, ба ҳунарнамоӣ дар мавриди тасвирпардозии худ таваҷҷуҳ мекунад. Ба ин далел шеъри шоирони сабки ҳиндӣ бештар натиҷаи бозию заргарӣ бо вожагон аст, на офаридани шеър дар ҳолати нохудогоҳ.
Таваҷҷуҳи зиёд ба мазмунофаринӣ Носиралӣ Сарҳиндиро водор кардааст, ки бештар ба ҷустуҷӯи ибораву мафҳумҳои нав машғул шавад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки шеъри ӯ бештар маҳсули андеша аст.
Шодимуҳаммад Суфизода





