25.4 C
Душанбе

Ормон (ҳикоя)

(Ба ёди дастпарварони нахустин ятимхонаҳо)

Хурду бузург, ёрони пешин ва ҳамкорони баъдин, ки бо онҳо ҳамнишин, сипас нону намакхӯр шуд, бо ҳамин ном мешинохтандаш – Дод. Ибтидо ба ӯ Дод, пасон Додака ё акаи Дод муроҷиат мекарданд. Мепазируфту меболид: дар ҳама сурат нишонаи эҳтиром. Вале намедонист, ки ин номро пас аз таваллуд дар рустои дурдасти кӯҳистон кадом пиразан ё мӯйсафед ба ӯ монда бошад. Пиразанҳо мегуфтанд, ки номи пуррааш Худодод буд. Лекин баъд Доду Додак дар зеҳну забони мардум нишаст. Сурату симои падару модарро низ ҳеч дар ёд надошт. Солҳои пурошӯб, таъқибу фирор, тамғаи душмани халқ гузоштану бадарға кардан ё бе пурсиш куштор ба дунё омаду рӯзгори талхи ятимӣ ва дарбадарӣ насибаш шуд. Баъд фаҳмид, ки ятим мисли ангушти шашум зиёдатӣ будааст: ҳама ҷо ба ятим тангӣ ва хӯрондану пӯшонданаш гаронӣ мекунад. Балки дар назари ӯ ятим ба ҳар даре сар занад, мисли хор ба чашм мехалад ва дунё ҳам барояш танг мешавад. Пасон ин маталро аз китобҳо ёфт: “Даҳ кӯдаки худам ҳеҷ гап не, нигоҳубини як ятим дарди сар”. Чи қадар суханҳои пурнешу талхро ба ивази хидматаш – гаҳвораҷунбонӣ, обу ҳезумбиёрӣ, барраву бузғолабонӣ ё харчаронӣ мешунид. “Шумқадам, сағираи сур, дарду бало…” Ба ин маломатҳо дар ҳолате дучор мешуд, ки аз гаҳвораҷунбонӣ дасташ шалҳаву бемадор шавад ҳам, кӯдак беисту баланду талхтар мегирист; саргарми бозӣ шуда, намедид, ки барраву бузғолаҳо ба боғу киштзоре даромада, сабзавоту палакҳоро чариданду поймол карданд. Моҷаро. Ҳангоми об овардан пешпо мехурду кӯза ё офтоба аз дасташ афтода ба санг бархӯрда мешикаст. Хар ҳангасзанон бо як ҷаҳиш бандашро меканду ҷониби харгалаи деҳаи ҳамсоя мегурехт. Харгурез… Ҳар рӯз ба як балову баҳонаи ҷазову сазое гирифтор шудан. Ӯ аз коҳишу маломат ҳайрон, дилакаш аз туғёни аламу ҳасрат тангу пурфиғон аз мард ё зани пурхашм чашм наканда, лаб таги дандон гунаҳкорона шабеҳи санг ё кундаи беҳису ҷон хомӯш меистод. Хайр, нозатро ба кӣ мекуниву додатро ба кӣ мегӯӣ? Ҳолати аз ночорӣ хомӯшӣ низ хашми ранҷидаро меафзуд, ки меғуррид: “Аз санг садо мебарояду аз ин зуъм не! Як бори дигар хона биёӣ, зада пойҳота мешиканам…”

– Эй пирзол, кӯдака наранҷон, – овози мӯйсафеде аз паси шиғ ба гӯш мерасад: – Оянда бачамарди зебо шавад, аз сараш тангаи тилло бирезӣ ҳам, шавҳари набераи аҷинасарат намешавад.

– Пуртуше!– бо тамасхур посух медиҳад кампир: – Набераам дар кӯча монад ҳам, ба ин Додаки фисин намедиҳамаш…

– Қасам нахӯр, ки пӯшаймон мешавӣ…

Рӯзҳои хуш барои ӯ ва ятимаконе, ки мисли ӯ бо шиносу хешон мезистанд, дар авҷи баҳору фасли тобистон, айёме, ки меваҳои рангоранги дарахтони тут шира гирифта, ба таъбире “сағирахӯрак” мешуданд, фаро мерасид. Дар ин вақт пиру барно ба якдигар мужда мерасонданд: “Тут пухт, ҷав расид, ҷон аз мурдан раҳид”. Баъд гелос мепухту олуболу, сари шохҳо дурахши сурхии себҳои пешпазаку қосимсаркорӣ ва зардии меваҳои зардолу дар нури хуршед ҳар зайл чашмакзанӣ мекарданд: “Об давондаем, шира бастаем, мисли қанду набот хӯрданбоб шудаем… Аз сари шиғ ё девор даст биёзону меваи дилхоҳ бикан, хам шуда дар обаки ҷӯйи пеши поят бишӯву бигаз. Эҳе, аз шираву шарбат комат асалин мешаваду лаб ба лабат мечаспад”.

Ду-се ҳафта пас рангобаранг чашмакзании сиёҳолуву шафтолу ва ноку шоҳисеб ҳушу ёди онҳоеро, ки ҳаваси мевахӯрӣ доранд, ба худ мекашад. Боғҳо пурмеваанду дарахтони бари роҳу домани талу теппаҳо низ. Одамони хайрхоҳ ҳар ҷо-ҳар ҷо дарахте шинондаанду сабзондаанд ва аз рӯйи меҳру ҳунар онҳоро аз дарахтони беҳтарин пайванд кардаанд. Як тана дарахту дорои чандин шохаи меваи шаҳдбори гуногун. Дастат дарда набинад, инсони пайвандгар! Ана ҳамин тавр барои шикамсерӣ мева хӯрдан ба боғи касе намедароӣ…

Вале фасли зимистони дарозу дилбазан, вақте ки кӯҳсорону ҷангалистонҳо зери курпаи барф мехобиданд ва обшори паҳновари Пушти боғ ба сутуну кокулони барқаду булӯрини ях табдил меёфтанд, аз субҳ одамон ҷомаҳои куҳнаву нимдошт ба тан дилтангу андешаманд, гирди сандалӣ нишаста, пойҳо ба чаҳлаки (чакдон) гарму ҳаловатбахш овезон пеши назар дар лаби бому парисоҳо неш задани сабза, баъд дар ҷойҳои офтобрӯ рӯидани пудинаву шибит, гули зардаку сиёҳгӯш, пасон муғча бастани шохҳову гулпӯш шудани дарахтон, ба ғанаб мерафтанд. Не, хушкмева фаровон буд, хушкмеваи ҳархела. Чормағзу бодом низ. Бо навбат ба ҳамсояҳо қурутоб зиёфат додан ҳам хушиҳо дошт. Ва Дод, ки дар ин маъракаҳо шоду масрур, бо офтоба дар тос ба дасти одамон об мерехт, шикамсерӣ зиёфат мехӯрду дар рӯфтани барфи бомҳо низ шарик мешуд. Аммо чун пухтани олучаи турушро, ки ба қавле, мурдаро зинда мекард, ба ёд меовард, даҳонаш об мекушод. Рӯзҳое, ки аз ҷангу ҷидоли абрҳои сиёҳу кабуди бадхашм тундар замину кӯҳҳоро меларзонд ва забонаи каҷмокаҷаки чароғак ба осмон ханҷари оташин мезаду шохборони пурвоҳима, аз ҳар дара як осиёб об сарозер меомаду сели пурсангу гил Сурхобро лабрезу пуртуғёну маст мекард, сипас баногоҳ аз роғи абрҳо хуршед бо дастаи нурҳо механдиду камони ҳафтранги Рустам пайдо шуда, аз сари кӯҳҳои Дашти канаку Санги рама ба сӯйи Пушти боғ пули нимдавраи ҳафтранги ҳавоӣ месохт, Чангон манзараи афсонавӣ мегирифт. Пирон дар бораи муъҷизаи камони Рустам афсонаҳо гуфта, таъкид мекарданд:

– Замини карахт аз хоб бедор шуд. Аз сармо раҳидем. Дигар дил мезанад, метапад замин, гарму нарм мешавад. Чағора мерӯяд, чағораҳои кулоҳдор аз бехи ҳар бутта ва решаву танаи дарахтон сар мекашанд. Файзу баракати баҳор… Чағоракчинӣ биравед. Худо моро ба Наврӯз расонд.

Вале ҳоло авҷи гармиву сангтафс аст. Пойи луч ҳам дар кӯчаҳои гармхоки деҳа қадам мезананд ва бо бачаҳо ба соҳили Сурхоб рафта, дар ҳавзҳои худсохти нармобу соф ё шохобҳои пурмоҳӣ соатҳо оббозӣ мекунанд ва албатта бо собункаҳак либосҳои куҳнаву нимдошташонро шуста, рӯйи сангҳои тафсон густарда, мехушконанд. Бегоҳ либосҳои тоза ба тан, лекин гурусна роҳи деҳаро пеш мегиранд. Танбӯрнавозии шикам зиёд давом намеёбад. Ба боғу дарахтзорон расидан замон ба мевахӯрӣ шуруъ мекунанд. Аз сари шохҳо тути мастак мехӯранду гелос, себ мехӯранду нок.

Модари писаре овоз медиҳад: “Нону фатир пухтам. Гармакак. Чанголӣ дар як нафас тайёр мешавад. Биёед, насиба гиред. Хӯрдани нон лаззати дигар дорад…”. Магар ин лаҳзаҳо аз ёд мераванд? Пирони деҳа бо ҳавас давутозу болои дарахтон шох ба шох мевахӯрии онҳоро тамошокунон ба худ мегӯянд: “Ҳузури ҷонашон… Даври беғамӣ…”

Аммо дар як саҳари нарми моҳи хомпаз дар деҳа хабари нав, хабаре, ки ҳеҷ кас интизораш набуд, паҳн шуд. Намояндаҳои ҳукумат аз Ховалинг омада, писарону духтаракони бесоҳибу ятимро барои парасториву хондан ба маркази ноҳия бурда, ба сағирахона месупоранд. Калимаи “сағирахона” ба гӯши мардум нофорам расид. “Айб аст… Таъна мешунавем… Механданд… Ятимбачаҳои худро хӯрондаву пӯшонда натавонистем», – гуфтанд хешону пирон. Намояндаҳо ба онҳо гуфтанд: “Ташвиши шуморо мефаҳмем. Лекин дар ятимхона нигоҳубин, таъмини сару либосу попӯшӣ, хӯрду хӯрок, китоб, дафтару қалам, ҷойи хоби беҳтару беминнат, аз ҳисоби давлат мешавад. Номаш дилхарош, вале мактаб-интернат роҳати ҷони ятимон аст. Бовар бикунед, инҳо фарзанди ҳукумат, оянда одамони саводноку баобрӯ мешаванд. Баъд бинед, ҳавасатон меояд…”

Ғамгину дилтанг, бо чашмони пурашк аз деҳа баромад. Магар аз зодгоҳ якбора по кандан осон аст? Боз пиру ҷавон, ҳатто онҳое, ки борҳо ӯро озурдаву таҳдид карда буданд, вақти гусел ба оғӯш кашиданду сари шонаҳояшро кафмолкунон аз пешонияш бӯсиданд. Дилу гулӯяшро буғз фишурд. Нигоҳ аз онҳо гурезонд. Якбора ҳама дилсӯзу меҳрубон шуданд.

Баъд ӯ ба дунёи дигар, зиндагии нав, як хонаводаи пурбачаву духтар ҳамроҳ шуд. Сару либоси якхелаи озода, хӯрду хӯроки бонизом, ҷои хобу бистар, китобу дафтару қалам ҳамеша муҳайё. Ба ятими дарбадар аз ин беш чӣ лозим? Муносибати омӯзгорону парасторон нарм. Офтоби бахт ба рӯяш хандид. Аммо риояи интизоми хондан, хобидану бархестан, либоспӯшӣ, ғизохӯрӣ ва гузарондани вақту машғули бозиҳои варзишӣ шудан сахту зери назари парасторон. Беҳудагардӣ, бо бачаҳо ҷангу дағалӣ кардан номумкин. Омӯзгорон аз “Алифбо” навиштану хонданро ёд доданд. Сипас бо ҳамсинфон мусобиқаи бештар хондани китобҳои бадеии шавқовар, луғату забономӯзӣ, афсонагӯиву шеърбарак пеш омаду машғул шудан ба бозиҳои нави шавқовари варзишӣ: шашкаву шоҳмот, давидану дур паридан, зӯрозмоӣ бо дасту бозу, футболу волейбол, гурзбардорӣ…

Ҳунару завқе дошта бошӣ, наққошиву рассомӣ мекунӣ ё узви дастаи ҳаваскорон шуда, навохтани дутору ғижжак, рубобу доира, таблзаниву сурнайкашӣ ва найнавозиро ёд мегирӣ; суруд мехонӣ. Навохтани асбобҳои тамоман нав: пианино, сантур, шайпур ё нағораи бузург. Сайру саёҳат ба дараву кӯҳсорони хушманзар ва ҷойҳои таърихӣ дар рӯзҳои истироҳату таътил чӣ? Раҳ ба раҳ базмороӣ, шунидани афсонаву қиссаҳои аҷиб аз омӯзгорони роҳнамо ё вохӯриву суҳбат бо пирони номвар олам-олам таассуроту шодӣ мебахшид. Ҳар ҳафта шустани сару тан дар гармоба, иваз кардани рӯкаши болишту бистару курпа… Эҳа, ин хел ҳузуру ҳаловатро дар куҷо меёбӣ? Лекин гоҳ-гоҳ ҳамин ки деҳа ва ҳамдеҳаҳоро ба ёд меовард, дилакаш гум мезад. Дар ин ҳолатҳо мехост, ки болу пар барораду сӯйи деҳа парвоз бикунад. Аммо ба кадом тараф? Зодгоҳ дури дур дар оғӯши кӯҳҳои баланду ҷангалистонҳо монду роҳи бозгаштро намедонад.

Аз рӯйи шунидаш, пиёда, ҷон дар кафи даст, дар чанд шабонарӯз ба он ҷо мерасӣ. Боз роҳ ҳамвор нест: аз пайроҳаҳои пурхатари камари кӯҳу байни дара ва ҷангалистон бояд бигзарӣ ва шояд ба ҳайвонҳои ваҳшӣ — хирсу хуку гург рӯ ба рӯ мешавӣ. Агар биравад ҳам, он ҷо дар ягон хона доимӣ истодаву зиста наметавонад. Меҳмони ду-серӯза. Боз сарсонӣ, танг кардани ҷойи дигарон, ноҳинҷорӣ ва муҳтоҷӣ… Аз ин чӣ суд?

Бешак, оғӯши ятимхона ё мактаб-интернат ҷони ӯ ва бисёр бекасони озурдадили сарсонро аз дарду аламу дастнигарӣ раҳонд. Ҳатто бачаҳои падару модардори маркази ноҳия ба сару либос ва попӯшҳои мавсимии тозаву озодаи онҳо бо ҳавасу ҳасад менигаранд. Не, дунёи ятимхона рангин буду хулқу атвори ятимон низ: лангу асабӣ, ҳасуд, моҷароҷӯву иғвоангез, шӯху зудранҷ ва ҳатто чапдаст. Гоҳе аз яке бо баҳонаи ночиз озор мебинӣ, гоҳе қасос мегирӣ…

Аслан ғаму ҳасрати оне, ки парастории падару модарро ёд надорад, беҳисоб аст. Бо амри сарнавишти шӯру талх на меҳру навозишашонро дидааст, на аз дасту хони онҳо нон хӯрдааст, на овозу пандашонро шунидааст. Бори андӯҳу ҳасрати якумрӣ…

Сипас бо мурури солу моҳҳо ятимон ҳамдигарро нағз шинохтанду ёру ошно ва ғамшарик шуданд. Ва тартибу низоми ятимхона, панду гӯштоб ва танбеҳ ё сахтгирии омӯзгорону парасторон, ба таъбири худашон, “ниҳолҳои аз бесоҳибӣ каҷ сабзидаро оҳиста-оҳиста рост ва зеби боғи ҷамъият мекарданд”, пазируфтанд. Ғамхорӣ ва хидмати падарона…

Охири охирон ятимон фарзандони ростини ҳукумат шуданд. Зеро аз ҳолати сахтиву талху шӯрии ҳаёт ба ҷойи меҳру шафқат, дилсӯзиву ғамхории падару модару хешон оғӯши гарму роҳатбахши ятимхонаи ҳукумат онҳоро раҳонд.

Лекин дар ягон ҳолати ногувору дилтангӣ ногаҳ ҳамдеҳае роҳгузар ба суроғ меомад, аз шодӣ дар назараш болу пар мебаровард. Ифтихор. Хушбахтӣ. Ва савғотии овардаи ӯ – нону кулчаву ҳар хел меваро ҳатман бо ҳамдарсону парасторон мехӯрданд. Кафшери дӯстӣ…

Вобаста ба авзои замон азоби норасоии нону ғизоро ҳам аз сар мегузаронданд, баъд онҳоро ба ятимхонаҳои дигар мефиристоданд. Оре, онҳо дунёи кушоду беканорро диданд, аз айёми кӯдакӣ, наврасиву ҷавонӣ то соҳибмаълумоту донишҷӯ шудан омӯзгорони мисли па[1]дару модар меҳрубон ва ёру ошноҳои зиёд ёфтанд.

Хондани натанҳо “Одина” ва “Ятим”-и Садриддин Айнӣ, балки бисёр асарҳои нависандагони дигар аз сарнавишту зиндагии шӯру талхи кӯдакони бо амри тақдири шум бепарастормонда ва омӯхтани иродаи маҳкаму талоши оқилонаи ҳамқисматҳояшон онҳоро барои дар паҳнои пургирудори зиндагӣ қомат рост кардани худ ва боз бунёди оилаву соҳиби зану фарзанд шудан омода менамуд.Ҷиддӣ ва дилпур ба оянда бояд қадам ниҳоду амал кард. Оре, барои Дод такопӯи зиндагии бузург оғоз ёфт. Роҳи ноҳамвору беохир. Аз рӯйи касб дар пойтахт ҷойи кор ёфт, вале аз ҷиҳати фориғболиву бесоҳибӣ, дурусттараш надоштани роҳнамо хеле дер ба ишқ ё бахти аввал рӯ ба рӯ шуд. Аз имтиҳонҳои сахти азоби сангини иҷорашинӣ ҳам гузаштанд. Шаҳу арӯс – фарзандони ҳукумат, ки солҳо дар хобгоҳи давлатӣ мезистанд, мудом дар ошхона муфт хӯрок мехӯрданд, акнун дар чор фасли сол кашидани бори зиндагӣ бар дӯшашон афтод. Сарфакорӣ. Аз маош то маош баҳисоб зистан. Захира… гӯгирду намак, риштаву сӯзан… додани иҷорапулӣ сари вақт. Ду-се рӯз дер бикунанд, кампири соҳибхона ба ташвиш меафтад; суханҳои талху нешдор мегӯяд: “Баҳона наковед. Пула зуд диҳеду хонара холӣ бикунед. Иҷорахоҳ беҳисоб…” Аз кӣ қарз мепурсӣ? Дар худат набошад, дар олам нест.

Не, рӯзу лаҳзаҳои шодӣ низ пай дар пай пеш омаданд. Таваллуди нахустфарзанд. Баъд хонае ҳам доданд. Умре интизор буданд ин бахтро. Олам-олам шодӣ. Соҳиби фарзанду сарпаноҳи худанд. Шиносу ҳамсояҳоро гоҳе ба ягон муносибат ба меҳмонӣ мехонанд. Посухи нону намак ва ҳамранги ҷамъият шудан. Баъдан ӯ дар пайравӣ ба қаҳрамони машҳури кадом асаре ҳамсарашро “Маликаи дилозор” меномидагӣ шуд.

– Кай дилакатро озор додам? – ошуфтаву озурда пурсид арӯс, – Солу моҳҳо кӣ хапак-хапак аз пасам медавид? “Месӯзам. Ҷигаркабобам… Шабҳо намехобам…” посухи ишқи сӯзон акнун “дилозор” унвон гирифтам? Сипос! Мактубҳои пуроҳу сӯзат дар ҷомадон. Ягон вақт ботантана ба бачаҳо мехонам…

– Наход? Шармсор мешавам… О ман аз дустдорӣ ин хел муроҷиат мекунам, – бо шакарханд посух медод ӯ ва андешаманд меафзуд: – Медонӣ, мо ғайри худ ва ҳамин чӯҷаҳо – шукри ҷонашон, – касе надорем. Кӯдакҳо нишонаву вориси мо ва падарону модаронамонанд.

Ҳамсараш пас аз хомӯшӣ ноаён нами чашмонашро бо нӯги рӯймол чид. Охири охирон “Маликаи дилозор” ба ин хел муроҷиати шавҳар одат кард. Баъд хешони “Маликаи дилозор” ӯро кофта ёфтанду иззатталаб ҳам шуданд. Ва боз пас аз солҳо ҳамдеҳаҳо, ки ба водиҳо кӯчидаанд, ба суроғи ӯ омада, тарзи хонадорияшро дида, ҳам бо шодиву хурсандӣ, ҳам шӯхиомез гуфтанд:

– Хайрият, ки ҳукумат аз дарбадарӣ, гӯсолаву бузғолабонӣ раҳондат… Агане мисли мо ба водии сӯзон омада, аз заҳробаву бӯву тафи доруи пахта ҷонат ба лаб мерасид… Медонӣ, аз деҳаи мо аввал ту шаҳрнишину соҳиби маълумоти олӣ шудӣ. Офарин! Ин кату кута бин. Дунё ҳамин будааст: сағира ба ҷое мерасидаасту сағирапарвар не. Мо то кӯчондан дар байни кӯҳу дараҳо мазору арвоҳбон будем…

– Ҷонам садқаи кӯҳу арвоҳҳо, – пичиррос зад Дод.

Ба қавле, “умр чун боди баҳорон рафту рафт” ва ба мӯйҳои ӯ ва “Маликаи дилозор” гарди сафедӣ нишасту фарзандҳо ба воя расиданд. Ташвишу орзуҳои нав пеш омаданд. Ташвишу орзуҳои ширин. Базми домодии писарро бояд барпо кард. Худаш ба муроди дил арӯс ёфт. Нағз. Ӯ ва ҳамсараш меандешиданд, ки борҳо аз хони зиёфати шиносу ҳамкорон баҳра бурдаанд. Кош бо шодӣ ба нону намаки онҳо посух диҳанд. Магар талошу ҷонкоҳонии ҳарду ҳамин набуд? Он хориву зорӣ, дасти каму дили пурғам ва азияту шиканҷаи ятимиро, ки онҳо аз сар гузаронданд, набояд фарзандон бинанд: чашмсеру шод, тозаву озода ба камол расанд. Онҳо ба фарзандон аз рӯйи фаҳмишу дониши худ ва тавсияи табибон ба андозаи имкон ғизоҳое омода мекарданд, ки ба мағзу зеҳн ва пайкарашон бештар тавон бахшад…

Инак, дар остонаи ҷашни домодии нахустписаранд. Ҷамшед ҷавони чорпаҳлу, соҳибкасб, хатмкардаи Донишкадаи техникӣ, мансабу ёру дӯстдор аст. Ва базми домодии писар имтиҳони онҳост. Ташвишу ҳаяҷони зиёд доранд. Чӣ хел мегузашта бошад? Арӯсшаванда аз хонаводаи нағз. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббӣ. Ин ҳам ба муроди дил. Оянда модар шавад, бешак, ба нигоҳубин ва тандурустии фарзандонаш ҷиддӣ ва дилсӯзона муносибат мекунад.

Падару модари арӯсшаванда хостгориро хуш пазируфтанд ва маъракаи фотиҳа ё ноншиканонро дар ҳалқаи хешону ҳамсояҳо гарму самимӣ гузаронданд. Акнун ҷашни арӯсиву домодӣ бояд зебову хотирмон бигзарад. Ва он шодиву хушии дилхоҳеро, ки ба Дод ва модари бачаҳо аз нодориву бекасӣ дар ҳамин хел рӯз насиб нашуда буд, мебояд бо ёру ошноҳои писар ва ҳамкорону ҳамсояҳо бинанду армону ҳавас бишкананд.

Саҳар ҳамсараш як варақ рӯйхати меваи тару хушк, қандинаҳои ҳархела ва анвои сабзавотро барои пухтупаз ва ороиши дастархон бо сумкаву тӯрхалта ба ӯ дод, ки зуд бозор рафта бихараду биёрад.

– Шаҳбача ҳамроҳам намеравад? – пурсид.

– Дилам нашуд, ки аз хоби ширин бедораш бикунам, – оҳиста посух дод Малика ва нарм афзуд: – Бозор дур не– ку, дадеш. Дар он сӯйи шоҳроҳ. Пиёда рафта меоед…

Дам назад. Хоби саҳар воқеан ширин. Бигузор шоҳписар нағзакак бихобад. То бозори “Баракат” бо андешаи беҳтарин чизҳоро интихобу харидану нағз гузаронидани базм сабуку бароҳат рафт. Ба зиёфат яке барои хӯрдану нӯшидану кайфу роҳат, дигаре барои тамошо, сеюмӣ барои айбҷӯӣ меояд. Табиати инсонҳо…

Дар бозор бо фурӯшандаҳои пиру ҷавон пурсидани нархи чизҳои фармуда, бо ҳазлу шӯхӣ андаке арзон кардани молҳо хуш гузашт. “Барои кушоиши аввали савдо ба Шумо арзон медиҳам, амак”, – мегуфтанд. “Рӯзи ҳимматбаландист, – мегузаронд аз дил Дод: – Беҳтарин, тару тозатарин чизҳоро бигир, ки Малика ғурғур накунад”.

Борхалтаҳо пуру вазнин шуданд. Ҳангоми бозгашт дар ҳавои гарми тобистон аз гаронии халтаҳо сару гарданаш арақшор шуду ҳалқаш хушкид. Аз кӯфту кулухти даврони ятимӣ, ба қадри тандурустӣ айёми ҷавонӣ нарасидан солҳои охир дарду сӯзиши сутунмуҳра, кулчаи зонуву устухони банди пойҳо, тунд-тунд задани дил борҳо ба шифохона бурдаш. Табибон сабаби дардҳоро солҳо ноҷунбон дар курсӣ нишаста хондану навиштан низ донистанд. Фармуданд, ки ӯ дар ҳавои тоза, ҷойҳои ором бештар сайр бикунад, вале бори вазнин набардорад.

То назди даромадгоҳи хона ҷо-ҷо истоду нафас рост ва бо дастрӯймол арақҳои сару гардан пок кард. Гоҳе бо гӯшаи чашм ба атроф ҳам нигарист, ки агар ҳамсоябачаҳоро бинад, ба ёрӣ бихонад. Набуданд. Шояд онҳо низ хобанд. Хиҷилу димоғсӯхта аз дил гузаронд: “Аҷаб дунёе, яке дар ҳасрати чеҳраву шунидани сухани падару модар дили сӯзону ҷигари доғ дорад, дигаре аз падару модардорӣ бепарво, мепиндорад, ки онҳо ҳамеша болои сар меистанд…”

То роҳрави зинадори хона расид. Халтаҳоро болои харак гузошт. Хайрият, аз бори вазнин раҳид. Арақҳои пешонӣ, гирди ҳалқаи чашмон, сару гардан бафурсат пок карду ба долони хонааш – даҳлези ошёнаи чорум чашм давонд. Малика бо шаҳбача, ки дар кунҷи лаб сигор дошт, ҳампаҳлу истода, сӯйи ӯ менигаристанд. Нағз, ки баланд овоз набароварда, писарро ба фуромадану халтаҳоро боло бурдан намехонад. Ҳамсояҳо нороҳат намешаванд… Ишора бас. Ҳамин хел ҳам кард.

– Эй додо, – овози баланди шаҳбача ба гӯшаш омад: – Худатон бароред…

Гӯё дар сару даҳонаш зарбаи путк расид. Пеши чашмонаш ғуборолуд, ба лабонаш табассуми дардомез давид ва бори аввал аз поин овози баланду шунаво баровард:

– Эй бача, ту зан мегирӣ ё додот?!

Вай хаставу беҳол ба кунҷи харак нишаст.

Абдулҳамид САМАД

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо