23 C
Душанбе

Консерваторияи миллӣ: Оҳангсозони ҷавон ба арсаи ҳунар меоянд

Дар Консерваторияи миллии Талабхӯҷа Сатторов нишасти хабарӣ баргузор гардид. Тибқи ҳисоботи роҳбари муассиса Баҳодур Давлатзода, дар консерватория 340 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 310 нафар бакалавр (166 нафар – рӯзона, 144 нафар – фосилавӣ) 26 нафар магистр ва 4 нафар доктор РhD мебошанд. Аз шумораи умумии зикршуда 44 нафарро шаҳрванди хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Ба суоли хабарнигори ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар хусуси он ки чаро аз ҳисоби ҷавонон оҳангсозоне, ки ба эҷоди асарҳои мусиқии касбӣ машғул бошанд, кам ба назар мерасанд ва то имрӯз шуъбаи композитсияи консерваторияро чанд нафар донишҷӯ хатм намудааст, мудири кафедраи композитсия Бахтиёр Убайдзода чунин ҷавоб гуфт:

– Оҳангсозӣ касби бениҳоят душвор ва пурмашаққат аст. Барои таҳсил дар ин кафедра довталабро лозим аст аз нокузиҳои ҳар як асбоби мусиқӣ бохабар бошад, ҷаҳонбинии васеъ ва дониши фарохро доро бошад. На ҳар ҷавон хоҳиши ба дӯш гирифтани ин гуна масъулиятро дорад. Сабаби дигари кам будани донишҷӯён дар кафедраи композитсия набудани замина аст. Тавре ки маълум аст, дар Консерваторияи миллӣ асосан хатмкардагони мактабҳои мусиқӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Азбаски дар мактабҳои мусиқӣ чунин синфҳо вуҷуд надоранд, довталабон низ ба консерватория кам ворид мешаванд. Барои тарбияи композиторони ҷавон моро лозим меояд, довталабонро аз ҳисоби ихтисосҳои дигар чун фортепианно ва асбобҳои оркестрӣ ҷалб ва парвариш кунем. Аз соли 2003 ба ин сӯ кафедраи моро 10 нафар донишҷӯ бо ихтисоси композиторӣ хатм намуда, дар айни ҳол 8 нафари онҳо машғули кору эҷод дар муассисаҳои гуногуни кишвар мебошанд. Ду нафар донишҷӯи мо соли равон барои барномаи консертие, ки ба муносибати ҷашни Ваҳдат доир гардид, асарҳои мусиқӣ эҷод намуданд ва аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтанд.

Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки аз 28 то 30-уми январи соли 2025 гурӯҳи навозандагони созҳои халқӣ аз ҳисоби донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмуни байналмилалӣ марбут ба эҷодиёти Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Абдуҳошим Исмоилов, ки дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат карда, сазовори ҷойи аввал шуданд.

Ҳамчунин устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии мардумии Чин ҳузур ёфта, ҳунарнамоӣ карданд.

Дар баробари ин дар шаш моҳи соли равон омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар рӯйдоди бошукӯҳ – аввалин консерти дастаи калони хорсароёни ҷавони кишварҳои ИДМ ба муносибати 80-солагии ҷашни Ғалаба дар шаҳри Маскав ширкат варзиданд. Донишҷӯёну устодони муассиса ба шаҳри Пориси Фаронса барои иштирок дар маросими таҷлили 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва Рӯзи Шашмақом, ки дар Қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор гардид, сафари ҳунарӣ доштанд.

М. Халилзода, “АС”

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо