6.1 C
Душанбе

«НОМАИ ЭЪҶОЗ»

Дар нашриёти «Ношир» маҷмуаи навиштаҳои адибон, адабиётшиносон вадониш мандон дар бораи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва эҷодиёти ӯ ба табъ расид. Дар он пешгуфтори профессор Матлубаи Мирзоюнус бо номи «Фурӯғи сухан ва ҷодаҳои таҳқиқ» аз чандин ҷиҳат омӯзанда мебошад. Муаллифони матлабҳои дарҷшуда дар «Номаи эъҷоз» аз Тоҷикистону Эрон, Ӯзбекистону Олмон ва Британияи Кабиранд. Тавре пажуҳишгар Субҳони Аъзамзод менависад, маводҳо дар солҳои гуногун, аз соли 1985 то соли 2025 таълиф шуда, дар ин маҷмуа ҷамъоварӣ гардидаанд. Ба гуфтаи ӯ, мақолаҳои «Номаи эъҷоз» раванди омӯзиши осори Фарзона дар илми суханшиносии тоҷикро бозтоб мекунанд. Аввалин навиштаҳо дар ин самт ба қалами устодон Сотим Улуғзода ва Лоиқ Шералӣ тааллуқ доранд. Нашри китоби «Номаи эъҷоз» қадами муҳимме дар роҳи пажуҳиши илмӣ ва арҷгузорӣ ба фаъолияти эҷодии Фарзона арзёбӣ мешавад.

СУРАЙЁ ҲАКИМОВА, “АС”

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо