Вахон яке аз қадимтарин, пурасрортарин ва зеботарин водиҳои Тоҷикистон мебошад. Дар ин ҷо ниёишгоҳҳои буддоӣ, зардуштӣ, митроӣ, мазорҳо, қалъаҳои куҳан, хатҳои Роҳи бузурги абрешим, корвонсароҳо, осори зиёди диққатангези даврони шӯравӣ ва истгоҳҳои корвонҳо мавҷуданд. Аз роҳҳои куҳани Вахон натанҳо корвонҳо, фавҷҳо, балки замоне ғояҳо, забонҳо ва динҳо мегузаштанд. Дар водӣ одамоне зиндагӣ мекунанд, ки ба забони ноби форсӣ ва забонҳои куҳани тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар пасманзари Вахон ва ёди зиндаи мардум манзараҳои бузурги таърихӣ ниҳон боқӣ мондаанд.
Сангнигораҳои пурасрори Лангар дар замонҳои хеле қадим дар ҳамин водӣ ҳаккокӣ шудаанд ва ба мо ёдгор мондаанд. Панҷумин сафари ман дар даҳ соли охир ба макони сангнигораҳо дар охири моҳи июл сурат гирифт. Ҳар бор сокинони маҳаллӣ, дӯстдорон ва донандагони таъриху фарҳанг, ду дӯсти донишмандам Ойбек Аноятшоев, мудири осорхонаи маҳаллии Шоҳқамбари Офтоб ва Мирзобек Мирзобеков, омӯзгори фанни таърихи мактаби деҳаи Лангар маро ҳамроҳӣ мекунанд. Пайроҳа ба сӯйи сангнигораҳо ҳанӯз аз миёни қабристони деҳа мегузарад. Дар бисёр ҷойҳо кас маҷбур аст, қабрҳои куҳнаро зери по карда, ҳаракат намояд. Аз деҳа то майдони якуми сангнавиштаҳо ҳудудан ду километр аст.
Петроглифҳои мавзеи Лангари ноҳияи Ишкошим дар баландии тахминан 3500 метр, дар нишебиҳои қаторкӯҳи Шоҳдара, дақиқтараш, дар нишеби шарқии кӯҳпораи Киштиҷарв, дар зери қуллаи Карл Маркc, дар масофаи 220 км аз шаҳри Хоруғ ва 110 км аз маркази маъмурии н. Ишкошим воқеъ гардидаанд. Онҳо дар ду ҳамворсанги бузург, ки майдони то чаҳор гектарро ташкил мекунанд, дар синаи кӯҳ ва дар ҳавои кушод ҷойгиранд. Аз ин макон кӯҳҳои барфпӯши Ҳиндукуш хеле наздик метобанд, деҳаи Лангар гӯё зери каф аст. Ин ҷой барои сайёҳон беҳтарин ҷойи аккосӣ мебошад. Аз ин ҷо қалъаҳои бостонӣ, хонаҳои қадимӣ, роҳҳои кӯҳӣ, ки корвонҳои Роҳи Абрешим мегузаштанд, корвонсароҳо ва ҳамчунин охирин деҳаҳои водии Вахони кишвари Афғонистон хеле хуб ба чашм мерасанд. Ҳама чиз дар ин ҷо пур аз розҳои нуҳуфтаи таърихист. Вале бештар аз ҳама нақшҳо ва самбулҳои рӯисангӣ ҳикоят мекунанд.
Ба чашм мерасад, ки ҳар сол теъдоди нақшҳои рӯисангӣ камтар мешавад. Агар яке зери барфу сангпораҳо пинҳон шавад, дигаре бо таъсири боду ҳаво фарсуда мегардад, сеюмро пойи ҳайвонот ё одамон харошидааст. Баъзеашон беамон бо навиштаҷоти бесаводонаи махлуқони ба ин ҷо омада, ки аҳаммияти петроглифҳоро намедонанд, пӯшонда шудаанд. Бештаре аз афроди маҳаллӣ арзиши он чизеро, ки дар зери пойҳояшон мебинанд, аслан намедонанд. Мутаассифона, то ҳол дар қаламрави маҷмааи петроглифҳо ҳеч гуна эълоне, тахтачае гузошта нашуда, пайроҳаҳои сайругашт маълум нестанд. Барои ҳифзу нигаҳдории ин дурдонаҳои ноёб ҳеҷ гуна инфрасохтори ҳимоятӣ ташкил наёфтааст. Даҳшатноктар аз ҳама ин аст, ки бисёриҳо ба ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ чун ба санги одӣ назар мекунанд. Батадриҷ натанҳо сангҳоро, балки ҳисси нигаҳдории таърихро аз даст дода истодаем. Дидани ин манзара бисёр дарднок аст. Нопадид шудани сангнигораҳо мисли он аст, ки китобхонаи ниёгон, ки дар он на хотираи мо, балки хотираи башарият нигаҳ дошта мешавад, пеши чашми мо хароб мегардад.
Олимон чунин мешуморанд, ки расмҳои рӯисангӣ шакли қадимтарини ифодаи ҳунарии инсон мебошанд. Онҳо пеш аз алифбо, китобҳо ва ибодатгоҳҳо арзи вуҷуд кардаанд ва нахустин эҷоди дасти инсонанд. Дар онҳо афсонаву маросимҳо, ташвиши рӯзгор, тарсу умед, ҳаракатҳо ва дуоҳо нақши худро пайдо кардаанд.
Имрӯз дар тамоми ҷаҳон петроглифҳо ҳамчун мероси муҳимми фарҳангӣ таҳти ҳифозати ҷиддӣ қарор доранд. Онҳо мавзуи доимии омӯзиши фарҳангшиносон, муаррихон, коршиносони санъат, антропологҳо ва мардумшиносон ҳастанд. Масалан, петроглифҳои Тамғали Қазоқистон бо беш аз 5000 тасвир аллакай ба рӯйхати ЮНЕСКО ворид шуда, петроглифҳои маҳалҳои Саимали-Тош дар Қирғизистон (беш аз 10 000 тасвир), Гобустан дар Озарбойҷон (беш аз 6000 нақш), Чатал-Ҳуюк ва Қарахонтеппа дар Туркия ба маконҳои махсус муҳофизатшавандаи таърихиву фарҳангӣ табдил гардидаанд. Зеро петроглиф шаҳодати ҳастии тамаддунҳо, ҷаҳони рӯҳонӣ ва забони рамзҳост.
Дар Лангар ҳудуди 6000 тасвири рӯисангӣ вуҷуд дорад: саҳнаҳои шикор, маросимҳо, рамзҳои офтобӣ, ромишгарон, раққосон, шаманҳо, қутосҳо, бузҳо, озодапаланг, парчамҳо ва ҳоказо. Ҳатто саҳнаҳои рафти корвон низ дида мешавад. Пайдоиши ин сангнавиштаҳоро олимон ба асри санг ва то асрҳои миёна мутаалиқ медонанд. Ва ин петроглифҳо дар маҳалли начандон калон (4-гектар), дар рӯи тахтасангҳои бузурҳаҷм, дар ду майдон нақш ёфтаанд. Бо чунин нишонаҳо маҷмуи санъати рӯисангии Лангар дар тамоми Осиёи Марказӣ ягона бошад ҳам, то ҳол ба рӯйхати байналмилалӣ ворид нашудааст.
Вақти он расидааст, ки Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури ЮНЕСКО барои додани мақоми минтақаи махсусан ҳифзшавандаи таърихиву фарҳангӣ ба петроглифҳои Лангар ва барои тадриҷан ворид кардани он ба Рӯйхати муқаддамотии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО чора андешанд.
Барои он ки ин ёдгории нодири таърихиро аз даст надиҳем, зарур аст, ки дар сатҳи ҷамоати деҳоти Зонг, ки Лангар ба қаламрави он дохил аст, ҳадди ақал низоми одии ҳифзро эҷод кунем: пайроҳаҳои гардишгарӣ, нишонаҳо, нигаҳбонҳо, маводи иттилоотӣ. Дар байни ҷомеаҳои маҳаллӣ бояд дар бораи аҳаммияти бузурги фарҳангиву таърихии сангнигораҳо корҳои зиёди ташвиқотӣ бурда шаванд. Зарур аст аз миёни сокинони маҳаллӣ нигаҳбонҳо, роҳнамо ва посбонҳоро ҷалб кунем.
Дар ин ҷо метавон аз таҷрибаи ҷаҳониён дар ростои нигаҳдории петроглифҳо ёдовар шуд. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳифзи санъати рӯи санг натанҳо масъалаи фарҳанг, балки масъалаи рушди устувор аст. Масалан, дар Норвегия петроглифҳои Алта бо тахтаи махсус муҳофизат мешаванд, пайроҳаҳои туристӣ бодиққат ташкил мешаванд ва дар даромадгоҳ маркази иттилоотӣ фаъол аст. Дар Австралия тасвирҳои муқаддаси рӯи сангҳои аборигенҳо бо заминҳои анъанавии қабилаҳо якҷоя муҳофизат мешаванд ва дастрасӣ бо ҳамкории ҷомеаҳои маҳаллӣ танзим мегардад. Дар Чилӣ, дар ҳавлии Атакама, ҷамоатҳои маҳаллӣ сайру саёҳат ба петроглифҳоро ташкил медиҳанд ва даромадҳоро барои рушди мактабҳо ва инфрасохтор истифода мебаранд.
Чунин моделҳо имкон доранд дар Тоҷикистон низ татбиқ шаванд. Лангар метавонад ба маркази бузурги хатсайри экофарҳангӣ мубаддал шавад. Дар ин ҷо имкони таҷлили сайру саёҳати этникӣ, вохӯриҳо бо донандагони таърихи шифоҳӣ, ташкили фестивалҳои гуногуни фарҳангӣ хеле зиёд аст. Ҷалби сокинони Лангар ва деҳаҳои атроф натанҳо ин мероси таърихиву фарҳангиро нигоҳ медорад, балки ҷойҳои корӣ эҷод мекунад ва ифтихори милливу маҳаллиро тақвият мебахшад.
Ҳамчунин, замони он расидааст, ки сокинонро ҳамчун роҳнамо бояд омӯзонем, то онҳо худашон дар бораи мероси бузурги диёрашон нақл кунанд. Лангар бояд ба хатсайрҳои фарҳангӣ-экологӣ дохил шавад. Ҳамин тавр заминаи шомил кардани он ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО бояд тадриҷан омода дардад.
Дар ин росто бояд аз неруи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳам истифода кард.
Петроглифҳои Лангар натанҳо ҳунаранд, онҳо ойинаи замонанд. Воқеае дар санг нақш ёфтааст, овозе аз ҳазорсолаҳо омада расидааст. Ва агар натавонем сангеро, ки хомӯшона ба мо сухан мегӯяд бишнавем, он як рӯз пурра хомӯш мешавад!
Қурбони АЛАМШОҲ,
узви ИНТ