21.4 C
Душанбе

«Наврӯзномаи Хатлон» таҳия шуд

Ба баҳонаи Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз китоби «Наврӯзномаи Хатлон» бо пешгуфтори раиси ин вилоят Давлаталӣ Саид аз чоп баромад.

Ин китоб бо ибтикори аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» таҳия гардида, таърихи ғании ҷашни Наврӯз, ҷанбаҳои маънавию фарҳангии он ва нақши ин ойини бостониро дар ҳаёти иҷтимоъии мардум бозтоб медиҳад.

Маҷмуаи мазкур мақолаҳои таҳлилӣ, публисистӣ, очерку лавҳа, осори бадеъӣ ва матлабҳои таърихиро дар бар гирифта, дар бораи Наврӯз, суннатҳои дерина ва хосиятҳои Наврӯз дар Хатлонзамин маълумот медиҳад.

Бояд гуфт, ки «Наврӯзномаи Хатлон» барои муҳаққиқон, рӯзноманигорон, донишҷӯён ва дӯстдорони фарҳанги миллӣ манфиатовар аст.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо