Дар нашриёти “Ношир”- и шаҳри Хуҷанд китобҳои адабиётшинос, пажӯҳишгар ва шоири номвари тоҷик профессор Сафар Абдуллоҳ “Нардбони худшиносӣ”, “Сеҳри сухан” ва ҳамзамон як китоби дигар дар бораи корномаҳои адабиву эҷодии ӯ ба чоп расидаанд.
Китоби аввал “Нардбони худшиносӣ” мунтахаби ашъори устод Сафар Абдуллоҳ аст. Ба китоби мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода бо унвони “Шоири дардҳои гуфта ва ногуфта” сарсухан навишта, арзишҳои бадеӣ ва маънавии ашъори Сафар Абдуллоҳро баррасӣ кардаанд.
Дар муаррифиномаи китоби мазкур ишора шудааст, ки “муҳтавои ин дафтари ашъори рангин ишқ ва ҳикмати рӯзгор аст. Муҳаббат ба Ватан, ойини ҷавонмардӣ ва озодагӣ, ифтихор аз таърихи миллат, гиромидошти фарҳанги ориёӣ, шодии васл ва андӯҳи ҳиҷрон, ишқи поки инсонӣ ва дигар мавзуъҳои арзишманд дарунмояи ашъори шоиранд”. Изофа бар ин, дар ин маҷмуъаи ашъор ситоиши забони модарӣ, ифтихор аз гузаштаи пурифтихор, истиқбол аз шеъру андешаи бузургони гузашта ва назири инҳо аз мавзуъҳои меҳварии эҷодиёти шоир мебошанд.
Китоби мазкур аз бахшҳои “Аз дафтари ғазалиёт”, “Ошиқонаҳо”, “Сӯгномаҳо”, “Мухаммасҳо”, “Қитъа ва чаҳорпора”, “Рубоиҳо”, “Дубайтиҳо”, “Нимоиҳо ва шеъри сапед” таркиб ёфта, чунин шеваи тасниф далел бар он аст, ки Сафар Абдуллоҳ ҳам дар қолабҳои суннатӣ ва ҳам нави шеър неруи истеъдодашро санҷидааст.
Дар поёни дафтари ашъори Сафар Абдуллоҳ ду мақола аз суханварони соҳибноми тоҷик — Сиёвуши Ҷунайдӣ ва Абдуҷаббори Суруш мулҳақ шуда, ки вежагиҳои муҳимми сурудаҳои Сафар Абдуллоҳро баррасӣ кардаанд.
Китоби дувум “Сеҳри сухан” унвон дошта, мақолоти мунаққид ва адабиётшинос Сафар Абдуллоҳро роҷеъ ба масоили печидаи адабиёти гузашта ва имрӯзаи тоҷик, забоншиносӣ ва чеҳранигорӣ фаро гирифтааст. Ин китоб аз бахшҳои “Адабпажӯҳишӣ”, “Чеҳранигорӣ”, “Забон ва ҳусни баён”, “Ёднома” ва “Гуфтугӯ” таркиб ёфтааст.
Дар бахши аввали китоби мазкур масоили арзишманди адабиётшиносӣ баррасӣ гардида, андешаҳои муҳаққиқ роҷеъ ба шинохти “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, таъсири Ҳофиз ба адабиёти ақвоми туркзабон, қадимтарин нусхаи хаттии “Туҳфат-ул-аҳрор”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ба қалам омада.
Дар бахши “Забон ва ҳусни баён” масъалаҳои муҳимми таъмини фасоҳати сухан, дуруст навиштан ва истифодаи бамавриди вожаву таркибот дар гуфтор ва навишторро баррасӣ гардидаанд. Муаллиф андешаҳои хешро бар пояи шарҳу тафсири фарҳангномаҳои куҳан дар робита ба сиҳҳати истифодаи вожагону таркибот матраҳ кардааст.
Ёдномаҳои муаллиф аз рӯзгору осори Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, суханварони соҳибном Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, Муҳаммадзамони Солеҳ ва донишманд Нуруллоҳ Мирзомуҳаммедов бисёр муассир ва ҷолибанд.
Дар бахши “Гуфтугӯ” мусоҳибаҳои муаллиф, ки дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ нашр шудаанд, фароҳам омада. Ба китоби мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Исрофилниё пешгуфторе бо унвони “Лутфи сухану табъи салими озодмарди некманиш” навиштааст.
Китоби савум “Дар ойинаи андешаҳо” аз корномаҳои илмиву адабӣ, пажуҳишҳои арзишманди шоир, муҳаққиқи забону адабиёти форсӣ, муассис ва сардабири фаслномаи “ Эроннома” профессор Сафар Абдуллоҳ ҳикоят мекунад. Ин китоб фарогири мақолоти пажуҳишӣ, меҳрномаҳо ба ифтихори 70-солагии адабиётшинос мебошад ва аз чанд бахш таркиб ёфтааст.
Дар бахши “Аз забони ҳамдилӣ” 12 мақолаҳои таҳқиқии олимони русу қазоқ ва тоҷик, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият доранд, фароҳам омадаанд. Дар ин мақолот паҳлуҳои мухталифи фаъолияти адабиву илмии Сафар Абдуллоҳ аз сӯйи донишмандони хориҷӣ нақду баррасӣ шудааст.
Бахши “Дар ойинаи андешаҳо” ихлосномаи мансур ва манзуми мухлисони Сафар Абдуллоҳро дар Ватан ва берун аз он фаро мегирад.
Китоби мазкур бо кӯшиши адабиётшинос Нуралӣ Нурзод мураттаб гардида, бар он пешгуфторе зери унвони “Албурзи ифтихор дар дили дарёи сухан” аз ҷониби мураттиб навишта шудааст.
Ҳеч китоберо ба ҷуз худи ҳамон китоб каси дигаре наметавонад ба таври шойиста муаррифӣ карда бошад. Умедворем, дӯстдорони шеъру илму адаб ин се китоби Сафар Абдуллоҳро аз рӯйи меҳру сидқ худашон варақ мезананд ва аз андешаҳои муаллиф баҳраҳо мебардоранд.

