44.1 C
Душанбе

Нашри китоби «Каломи Камол»

Китоби «Каломи Камол» бо кӯшиши А. Абдуқодиров ва шодравон А. Давронов таҳияву интишор гардида буд ва чопи ҳозир нашри дувуми он бо такмилу иловаҳо мебошад.

«Каломи Камол» аз муқаддима, чаҳор боб ва хулоса фароҳам омадааст, ки зери назари доктори илми филология Мӯсо Олимҷонов аз тариқи нашриёти «Хуросон» интишор гардид.

Асари мазкур аз ду қисмат иборат буда, дар бахши аввал забону услуби шоир аз диди вожашиносӣ, овошиносӣ ва дастур алоқамандона бо маҳорати нигорандагӣ ва саноеъи шоирӣ баррасӣ шуда, қисмати дуюми китоб ҷавобияҳои шоирро бар ғазалҳои Шайх Саъдӣ бо намунаи таҳлили забонӣ ва ғоявию бадеъии қиёсӣ дар бар мегирад.

Ин китоб бо пешгуфтори М. Олимҷонов бо унвони мавқеъи «Каломи Камол» дар камолпажуҳӣ оғоз мешавад.

Дар муқаддима аз нақши забон дар ироаи афкор ва саҳми Камол дар рушду густариши адабиёти классикии тоҷику форс сухан рафтааст.

Боби якуми асар «Хусусиятҳои маъноию услубии таркиби луғавӣ» унвон гирифта, аз чаҳор фасл иборат аст. Дар чаҳор фасли боби мазкур калимаҳои пурмаъно, мутародифот, мустазод ва вожаҳои ҳамгун ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.

Дар боби дуюм, ки «Мавқеъи воҳидҳои савтӣ дар ғазалиёт» ном дорад, ҳадафи таҳлилу омӯзиш нақши овоз дар ташаккули воҳидҳои маънодор, мавқеъи ҳиҷо дар назм ва навъҳои он, ҳодисаҳои савтӣ, ҷойгоҳи оҳанг дар назми Камол ҳамчун воситаи тасвири бадеъӣ таҳқиқ шудааст.

Боби сеюми «Каломи Камол» «Хусусияти сарфии ғазалиёт» унвон дошта, ҳиссаҳои мустақили нутқ бо дарназардошти офаридани образи бадеъӣ мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор гирифтаанд.

Боби чаҳоруми асари мавриди назар «Хусусиятҳои наҳвии ғазалиёт» номгузорӣ гардида, дар он ибора, ҷумлаҳои сода ва ҷумлаҳои мураккаби назми Камол ба таҳқиқ омадаанд.

Ҳамин тавр «Каломи Камол» аввалин асари ҷомеъи монографӣ роҷеъ ба забони назми Камоли Хуандӣ маҳсуб шуда, муҳимтарин вижагиҳои савтиву луғавӣ ва сарфиву навҳии ашъори шоирро муаррифӣ кардааст.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо