37.5 C
Душанбе

Нашри “Бо сухан, бо Ватан” ва “Чакомаҳои Чашмасор”

«Бо сухан, бо Ватан» унвони китобест, ки ба тозагӣ ба муносибати 75-солагии шоир, барандаи Ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода Акбар Абдулло интишор шуд.

Дар ин китоб мақолаҳои мунтақидону пажӯҳишгарон, дӯстону ҳамқаламон ва шеърҳои шоирон дар васфи адиби соҳибҷашн фароҳам омадаанд.

Муаллифон дар навиштаҳояшон дар бораи сифатҳои инсониву эҷодии адиб сухан ронда, аз ӯ чун инсони ҷавонмарду шоири дардошно тавсиф кардаанд. Хонандагон дар ин китоб тавсифномаҳои Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, мақолаҳои Ҳақназар Ғоиб, Сорбон, Абдулҳамид Самад, Иброҳим Усмонов ва дигар адибону муҳаққиқонро метавонанд бихонанд.

«Бо сухан, бо Ватан» дар шинохти симои инсониву эҷодии Акбар Абдулло василаи хубу муфидест.

Ҳамчунин таҳти унвони «Чакомаҳои Чашмасор» китоби нави ашъори узви ИНТ Садриддини Ҳасанзод дар нашриёти «Эр-граф» ба табъ расид.

Маҷмуа рубоиёти шоирро фаро гирифтааст, ки дар онҳо деҳаи Чашмасор, табиати дилосои он ва айёми бачагӣ тасвир шудааст. Муаллиф бо ин чакидаҳо хонандаро ба зодгоҳи худ – деҳаи Чашмасор ошно месозад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо