Маҳфили ширу шакари Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиби Озарахш бо номи “Маҳфили Ҳумоюн” дар Театри давлатии опера ва балети Садриддин Айнӣ бароям ногаҳонӣ буд. Сабаб – ҳамин субҳ ба ҳамоиш даъват шудам ва боз ба иллати пирӣ ошуфтахотиру хастаҳол будам. Бо авзои нохуб ба чашми азизон намудан нохуб аст, вале пазмони дидани дидори Фарзонабону ва шунидани шеъру андешаҳояш будам. Аз рӯйи овозаҳо Фарзонаи гиромӣ, мутаассифона, моҳҳоро дар талоши барқарор кардани сиҳатӣ, раҳидан аз дард дар дармонгоҳу маслиҳати табибон мегузарондааст. Кош сиҳатманду хушҳол баргашта бошад. Зимнан бо хастагии ҷисмониву афсурдагии равонӣ рӯбарӯйи аҳли назару мухлисони шеър маҳфили шоиста оростан осон ҳам нест. Чӣ хел мегузашта бошад он?
Дудила рафтам. Шеъру сурудхонӣ, изҳори меҳру гулдастабахшӣ батадриҷ ҳусни маҳфилро меафзуд. Лекин банда мафтуни изҳори андешаҳои пурмағзи Фарзона ва бадоҳатан аз шоирони классик бамаврид шоҳбайтҳо хондани ӯ, паёми Ҳофизи бузургвор ба гӯшам мерасид:
Он, ки дар тарзи ғазал нукта ба Ҳофиз омӯхт,
Ёри ширинсухани нодирагуфтори ман аст.
Бешак, Фарзонаи мо пас аз асрҳо чун “ёри ширин сухану нодирагуфтор”-и Хоҷаи Шероз арзи ҳастӣ ва шеъри дилпазир эҷод мекунад. Ин шоистаи ифтихори мост.
Суҳбату шеърхонӣ лаҳза ба лаҳза рангину ҷаззоб мешавад. Фарзона бо хурду калон ҳангоми хондани пора-пора шеърҳояш басо дилангезу зебо шарик ме шавад, ба беҳтаринҳо гулдаста мебахшад. Хотираи маҳкаму ибрози андешаҳои пурмағз ва моҳирона шеърхонияш ба мо олам-олам завқ, шодиву сурур мебахшад. Ва чеҳраи аз “фар-фар” (таъбири Шайх Камол) шеърнависии хушҳоли Камоли хушзарофат пеши назар меояду овозаш ба гӯш мерасад:
Гар ба сад қарн биҷӯянд, наёбанд, Камол,
Булбуле чун ту хушилҳон ба чаманҳои Хуҷанд.
Мафтуни суҳбату шеърхонии Фарзона дар дил мегӯям: “Шайхо, чи хуб, ки пешгӯйии бозарофати Шуморо Офаридгор напазируфт. Ва инак, ҳафт аср пас булбули хушилҳоне ба номи Фарзона натанҳо дар чамани шеъри Хуҷанди бостон, балки чун меросбари сазовори осору сухани ноби устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Саъдию Ҳофиз… арзи ҳастӣ кард. Ва нигоштаҳои ӯ бо бинишу эҳсос, донишу фаҳмиш, андешаҳои нозуки дилпазир, тарзи ифодаи тару тозаи рангин дар қаламрави шеъру адаби форсӣ чун шахсияти дурахшони адабиёти муосири тоҷик пазироӣ меёбад!
Абдулҳамид САМАД