22.4 C
Душанбе

“Набзи замон”-и Раҳимӣ дар Душанбе муаррифӣ шуд

Дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китоби “Набзи замон”-и Саидкамолуддин Камоли Раҳимӣ муаррифӣ шуд.

Ин рӯйдод, ки рӯзи 29-уми январи соли 2025 баргузор шуд, бо ширкати донишмандону адибон ва алоқамандони шеъри форсии Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид.

Дар ин маросим нахуст Саидкамолуддини Камоли Раҳимӣ суханронӣ карда, иброз дошт, ки шеър бозтобдиҳандаи эҳсоси шоир аст. Ба қавли вай, ҳамвора кӯшидааст мавзуъоти меҳандӯстию ҳамбастагӣ ва дӯстиро дар қолаби ғазал бисарояд.

Сипас Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сухан ронда, дар бораи вижагиҳои ҳунарии Саидкамолуддини Камоли Раҳимӣ гуфт:

– Раҳимӣ руҳи тоҷикона дорад. Дили ӯ барои Ваташон – Афғонистон месӯзад, ки ғолибан шеърҳои иҷтимоъию сиёсияш дарди дили гузаштаи тоҷикон низ ҳаст, чунонки Сайфи Исфарангӣ ва Камоли Хуҷандӣ дар ситоиши Ватан шеър месуруданд.

Дар идома таъкид гардид, ки ашъори Раҳимӣ бозгӯкунандаи дарди сесоли охири Афғонистон буда, хонанда дар эҷоди ӯ эҳсоси ҳамдардии шоирро бо ҳаммиллатонаш дармеёбад.

Гуфтанист, Саидкамолуддини Камоли Раҳимӣ зодаи деҳкадаи Рустоқи вилояти Тахори Афғонистон буда, дар овони ҷавонӣ зери фармондеҳии қаҳрамони миллии ин кишвар – Аҳмадшоҳи Масъуд бар рағми душманон размидааст. Кунун дар Тоҷикистон умр ба сар мебарад.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо