25.4 C
Душанбе

Муаррифии романи нави таърихӣ

Дар Китобхонаи оммавии Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд маҳфили рӯнамоии романи тозанашри нависанда Додохони Эгамзод “Ахтари сабз. Чор китоби муаззам аз сиришти Имоми Аъзам” баргузор гардид. Дар он аҳли илму адаб ва хонандагону ҳаводорони сухан иштирок карданд.

Маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод оғоз намуд ва дар бораи таълифи роман мавзуъу муҳтавои он ибрози андеша кард. Ӯ зикр кард, нависанда дар эҷоди ин роман беш аз 15 сол заҳмат кашидааст, ки сазовори таҳсин мебошад.

Адабиётшиносон Баҳром Мирсаид ва Субҳон Аъзамзод дар бораи ҷанбаҳои гуногуни романи мазкур маърузаҳо ироа намуданд.

Дар ҷамъбасти маҳфил нависанда Додохони Эгамзод суханронӣ намуда, дар бораи таърих ва сарчашмаҳои эҷоди романи худ нақл кард ва нусхаҳои аввалини китобашро ба ҳаводорони сухан тақдим намуд.

Романи “Ахтари сабз. Чор китоби муаззам аз сиришти Имоми Аъзам”-и Додохони Эгамзод асари таърихӣ буда, хонандаро водор месозад, ки ҳам аз гузаштаи худ огоҳ бошад ва ҳам дар заминаи хулосаҳои дуруст имрӯзу ояндаи худро тарҳрезӣ кунад.

Матлубаи ЁРМИРЗО, “АС”

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо