6.1 C
Душанбе

МУАРРИФИИ КОНСЕПСИЯҲОИ МИЛЛӢ

Санаи 13-уми январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, масъулини воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи кории таҳияи консепсияҳо ва олимони академия муҳокимаи лоиҳаи консепсияҳои Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сурат гирифт.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар оғози ҷаласа ёдовар шуд, ки масъалаҳои имрӯза мувофиқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 2026, Акаде мияи миллии илмҳо вазифадор шуда буд, ки лоиҳаи консепсияҳоро бо ҷалби олимону донишмандон, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ, дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Лоиҳаҳои консепсияҳои Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар муддати кӯтоҳ омода гаштаанд. Пас аз гузориши мудири шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Абдувалӣ Шарифзода академик Абдуҷаббор Раҳмонзода андешаҳояшро баён дошт. Сипас директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ Фарангис Шарифзода маърузаашро пешниҳод намуд, ки дар атрофи он донишмандон Беҳрӯзи Забеҳулло ва Ҳасан Султон мулоҳизаронӣ карданд.
Ҳамчунин дар муҳокимаи лоиҳаҳо академикҳо Кароматулло Олимзода ва Муҳаммадюсуф Имомзода пешниҳодҳои судманд намуданд.
Дар идома раиси маҷлис Дилрабо Мансурӣ қайд кард, ки фарҳангу ойинҳои ориёӣ ва ҷашни Наврӯз маҳз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳё гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ расман пазируфта шуданд ва мақоми байналмилалӣ гирифтанд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ҳам дар Конуни тамаддуни ориёӣ ва ҳам дар Маркази байналмилалии Наврӯз нақши бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври барҷаста нишон диҳем. Бо дарназардошти муҳокима ва пешниҳодҳо қарор қабул гашт, ки Академияи миллии илмҳо нусхаи лоиҳаи такмилёфтаи консепсияҳоро ба вазорату идораҳои дахлдор барои корбарии минбаъда дастрас кунад.
Қарор шуд, ки бо мақсади такмили лоиҳаҳои консепсияҳо, таҳияи санадҳои муассисавӣ, харҷномаҳо ва макони ҷойгир шавии Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар назди Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар ниҳодҳои марбута Кумитаи тадорукот таъсис ёбад.

Мирзошариф АБДУСАЛОМЗОДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо