25.4 C
Душанбе

Муаррифгар – муарриф

Муарриф маънояш «шиноскунанда» аст. «Муаррифгар» ҳамон қадар дуруст метавонад бошад, ки ба фарз «шиноскунандагар». Яъне ҳамон қадар, ки пасванди «гар» дар сохтаи «шиноскунандагар» зиёдӣ аст, дар «муаррифгар» ҳамон андоза зиё дист. Агар мо зиёд рӯйи истифодаи ин калима исрор дошта бошем, бо баъзе истисноҳо метавонем «муаррифӣ+гар=муаррифигар» нависем, аммо ин дигар заъфи забон мешавад. Дар забони зиндаи мардум калимаи «халосгар» (наҷот диҳанда) ҳаст ва ба пайравӣ аз он мо метавонем калимаи «шиносгар» ва ё «ошногар»-ро барои ин маврид ба кор бибарем. Агар инро напазирем, ҳамон муарриф боқӣ мемонад, «-гар» дар он қоидатан ҳашв шумурда мешавад.

Муррифгар гуфтан мисли он аст, ки муаллимгар, муаллифгар, мусаннифгар, мунаҷҷимгар ва аз ин қабил гуфта шавад, ки ҳамагӣ, албатта, хатост.

Ин калимаҳои арабӣ дар сурате пасванди «-гар»-и тоҷикиро гирифта метавонанд, ки дар тасрифи дигар, на дар қолаби «муфаъъил», балки дар қолаби «тафъил» биёянд. Яъне: таълимгар, таълифгар, таснифгар, танҷимгар ва аз решаи ъарафа ба ҷойи «муаррифгар» шакли саҳеҳаш — таърифгар. Таърифгар дақиқан ҳамон маънои «шиноскунанда»-ро дорад, аммо ба ин маъно мо онро дар тоҷикии имрӯз ба кор бурда наметавонем, чунки «таъриф» (шинос кардан) дар забони имрӯзи мо табдили маъно карда, «ситоиш» дониста мешавад ва агар касеро мо «таърифгар» биномем, ҳаммаънои «маддоҳ» фаҳмида мешавад. Танҳо дар забони илм ба маънои асли худ боқӣ мондааст.

Ӯ набинад ғайри дастореву риш,

Аз муарриф пурсад аз бешу камиш.

Орифо, ту аз муарриф фориғӣ,

Худ ҳамебинӣ, ки нури бозиғӣ.

(Мавлоно)

ШАРБАТ АЗ СУЛФА — ШАРБАТИ СУРФАЗУДО, СУРФАНИШОН

Ибораи пурғалати “шарбат аз сулфа” аз наворакҳо (роликҳо)-и таблиғи дору дар расонаҳои гурӯҳӣ бисёр пахш мешавад. Ғалати аввал калимаи “сулфа” аст, ки саҳеҳи он “сурфа” мебошад, оризае, ки шахси гирифтор ба он беихтиёр бо фишори пайопайи гулӯ садо сар медиҳад. Манзур аз он “шарбат” доруи моеъе аст, ки бо нӯшидани шахси бемор ин ориза аз вуҷуди ӯ дур мешавад. Аммо “шарбат аз сурфа” (ё “шарбати сурфа”) тибқи сохтори наҳвии худ дар зеҳни соҳиби забони тоҷикӣ маънои “шарбати ҳосилшуда аз сурфа”-ро мерасонад. Маънои хеле нохушоянд. Маншаи пайдоиши ин ибораи хунук, ибораи русии “сироп от кашля” мебошад, ки таблиғгарон онро рӯгардон (калка) кардаанд, бидуни таваҷҷуҳ ба он, ки ҳар забоне сохтори муносиби наҳвии худро дорад.

Ба тоҷикии содаву равшану дуруст ин навъ доруро метавон “шарбати сурфазудо” ё “шарбати сурфанишон” номид.

Рустам ВАҲҲОБЗОДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо