(Дар суҳбати Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова)
ФАСЛИ ЯКУМ. ЗОДРӮЗӢ
– Муаллима, ҳоло пайи кадом корҳоед?
– Шукр, дар паҳлуи фарзандону наберагон даврони пирӣ меронам. Ба маҳфилҳои хурсандӣ ҳам даъват мешавам. Дар онҳо барои алоқамандони ҳунарам таронаҳоямро иҷро мекунам. Хуллас, аз даврони пирӣ, аз зиндагии осоишта, аз Ватани обод, аз ҳунардӯстию қадршиносии мардум лаззат бурда истодаам. Хеле хушбахтам, ки чунин рӯзу рӯзгор дорам.
– Дар баъзе ҷойҳо зодрӯзи шуморо 2-юми август ва дар ҷойҳои дигар 22-юми август навиштаанд. Бигӯед, ки таърихи дақиқи он кадом аст?
– Асосан зодрӯзи ман 22-юми август аст. Намедонам, чанд сол пеш дар телевизион хато карда, 2-юми август гуфтанд ва ҳамин гуна дигар бархеҳо фикр карданд, ки зодрӯзи ман 20 рӯз пеш аст.
– Бо наздик шудани зодрӯз шуморо кадом ҳис фаро мегирад?
– Хурсанд мешавам, ки ҳоло зиндаам. Ҳеч кас намедонад, ки чанд сол умр мебинад ва, албатта, ба гузашти умр ва тани сиҳат доштан бояд шукр гуфт, зеро зинда мондани мо маъноеро дорад, ки дар ин дунё ҳоло рисолатамонро пурра анҷом надодаем ва бояд боз корҳоеро ба сомон расонем.
– Чанд сол пеш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Театри мусиқии мазҳакаи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо шумо суҳбати кӯтоҳе доштанд. Аз ҷумла зикр карданд, ки “Ман аз ҷавонӣ мухлиси сурудҳоятон будам ва мемонам”. Ин ҷумларо аз ҷониби Сарвари давлат шунидан барои шумо чӣ маъно дорад?
– Ин хеле маънои воло дорад. Бахти баланди ман аст, ки Президенти кишвар дар бобати ҳунари ман чунин сухан гуфтанд. Он вақт эҳсоси аҷиби фараҳмандӣ доштам ва то охири умр онро фаромӯш намекунам.
ФАСЛИ ДУВУМ. НОМ, ПАДАР ВА МОДАР
– Медонем, ки номатонро модаратон мондаанд. Чаро маҳз Майсара?
– Модарам яке аз аввалин ҳунарпешаҳои театри вилояти Бадахшон буданд. Он кас аввал дар театр суруд мехонданд. Пас дар намоишҳо ҳамчун ҳунарпеша ширкат мекарданд. Вақте ки он кас дар намоиши “Найрангҳои Майсара” ширкат карданд, ба хотири ҳамон номи маро Майсара гузоштанд.
– Падаратон чӣ касбу кор доштанд?
– Падарам ҳам дар вилояти Бадахшон яке аз аввалин касоне буданд, ки Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо бо мадраки аъло хатм кардаанд. Он кас пас аз гирифтани маълумоти олӣ ба кори омӯзгорӣ шуруъ намуданд. Ҳамчунин солҳои зиёд котиби аввали комсомоли вилояти Бадахшон буданд.
– Модаратон яке аз аввалин ҳунарпешаҳо ва падаратон аз нахустин омӯзгорони соҳибтахассус дар вилояти Бадахшон буданд. Бигӯед, ки нақши онҳо дар пешрафти шумо ҳамчун шахси фарҳангдӯсту фарҳангпарвар чӣ гуна буд?
– Мутаассифона, ман дар синфи дувум мехондам, ки падарам дар 37-солагӣ аз дунё даргузаштанд. Яъне хеле аз он кас кам хотира дорам. Модарам ҳам пас аз даргузашти падарам аз кори театр баромада, хонашин шуданд ва ба таълиму тарбияи мо машғул гардиданд. Бо гузашти вақт ва калон шудани фарзандон модарам ба кори китобхона гузаштанд ва ҳамчун китобдор фаъолият карданд. Дар умум, нақши волидонам, махсусан модарам, дар ҳаёти ман хеле бориз аст.
ФАСЛИ СЕВУМ. ДУХТАРИ ШАРМГИН
– Шумо дар 11-солагиатон ба ҳунари овозхонӣ рӯй овардед. Бигӯед, ки ин шавқ чӣ гуна пайдо шуд?
– Ман аз вақте ки худамро ёд дорам, суруд мехонам. Он вақт тавассути радио ҳар суруде, ки пахш мешуд, ман онро азёд мекардам ва месурудам.
– Он вақт ба киҳо тақлид мекардед?
– Ба ҳама. Сурудхонӣ аз тақлидкорӣ ва пайравӣ оғоз мешавад, зеро ҳеч кас дар аввали роҳ сабки худро надорад, балки сабку услуб ва равиши хониш дар натиҷаи таҷриба ва омӯзиши зиёд пайдо мешавад. Масалан сурудҳои Барно Исҳоқова ва ансамбли “Помир”-ро гӯш карда, мехондам. Ҳамчунин сурудҳои эронию афғонӣ дар радио пахш мешуданд, ки онҳоро низ мехондам.
– Волидонатон ба шуғли овозхонии шумо чӣ гуна вокуниш мекарданд?
– Тавре ки гуфтам, падарам хеле барвақт моро тарк карданд. Модарам чизе намегуфтанд, вале худам дар аввал хеле зиёд шарм медоштам. Ҳатто аз шарми зиёд дар маҳфилҳои мактабӣ низ ширкат намекардам.
– Ба фикри худатон, кадом сурудатон шуморо дар ҷомеъа бештар муаррифӣ кард?
– Аввалин сурудам таронаи “Зуҳроҷон” аз филми ҳунарии эронии “Булбули саҳроӣ” буд, вале фикр мекунам, таронаи “Моҳи Шуғнонам”, оҳанги Қиматшоҳ Шоҳискандаров, шеъри Маҳмадалишоҳ Ҳайдаршоҳ, ки дар радиои ҷумҳурӣ садо дод, маро миёни мардум бештар шиносонд.
ФАСЛИ ЧОРУМ. РОҲ БА СӮЙИ ТЕАТР
– Як духтари шармгин, ки ҳатто дар пеши модараш суруд намехонд, чӣ гуна ба театр роҳ ёфт ва солҳои зиёд фаъолият кард?
– Вақте ки синфи 8-ро тамом кардам, дар Душанбе имтиҳони овозхонӣ, ки он вақт азназаргузаронӣ мегуфтанд, доир гашт. Бо роҳнамоии модарам рафтам ва он ҷо суруде хондам. Пасон гуфтанд, ки дар вуҷудам истеъдоде ниҳон аст ва бояд онро сайқал диҳам. Ҳамин тавр, аввалин сурудамро дар театри тобистона иҷро кардам ва роҳам ба театр кушода шуд. Аз Душанбе омада, дар театри вилояти Бадахшон ба кор пардохтам.
– Замоне ки шумо ҳамчун сароянда ва ҳунарпеша дар Театри мусиқии мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба кор оғоз кардед, 16-сола будед. Чӣ гуна шуморо ба кор қабул карданд?
– Чӣ гуна шуданашро худам низ намедонам, зеро он вақт ҳатто шиноснома надоштам. Ва чизи ҷолиб он аст, ки дар як вақт ман ҳам дар театр кор мекардам ва ҳам дар мактаби шабона таҳсил менамудам. Мактаб тамом шуд ва то бознишастагӣ дар театр кор кардам.
– То ҷое медонем, шумо маълумоти олӣ надоред?
– Соли 1964 намояндаи Консерваторияи Маскав омад ва маро барои таҳсил қабул карданд. Дар он ҷо як сол таҳсил кардам, аммо ҳангоми таътили тобистона омадаму дигар барои идомаи таҳсил нарафтам. Ҳамин тавр, ман дигар дар мактаби олӣ таҳсил накардам.
– Дар давоми фаъолиятатон дар театр ҳамчун ҳунарпеша нақшҳои марказиро иҷро кардед, ки мондагоранд, аз ҷумла Гулқурбон («Тошбек ва Гулқурбон»—и М. Миршакар), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»—и Ғанӣ Абдуллоҳ), Гулбаҳор («Бой ва хидматгор»—и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ), Ситора («Бахти шумо бахти ман аст»—и М. Миршакар), Латофат («Тӯй»—и Самад Ғанӣ) ва ғайра. Бигӯед, ки чӣ гуна бовари роҳбарияти театрро ба даст оварда будед?
– Бо вуҷуди он ки дар театр ҳунарпешаҳои ҳирфаӣ хеле зиёд буданд, роҳбарияти театр ба истеъдоди ман бовар доштанд ва аз ин шукргузорам.
ФАСЛИ ПАНҶУМ. РӮЗГОРУ ФАЪОЛИЯТИ НАМУНА
– Муаллима, шумо аз зумраи сарояндагони нодире ҳастед, ки дар давоми фаъолияти ҳунариятон ба забонҳои ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, русӣ, озарӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва шеваи эронию афғонӣ суруд хондаед. Бигӯед, ин кор ба шумо чӣ гуна муяссар мешуд?
– Гап сари ин буд, ки мо ба кишварҳои гуногун сафарҳои ҳунарӣ зиёд доштем. Тарзи корамон ҳамин гуна буд, ки дар ҳар кишвар ҳадди ақал як суруд ба забони онҳо хонем.
– Оё сурудҳоятонро дар шабакаҳои телевизиониву радиоӣ пахш мекунанд?
– Пахш мекунанд, вале, мутаассифона, доимо се-чор сурудро мегузоранд. Шукр, ман бештар аз 200 таронаву оҳанг эҷод намудаам, вале онҳо хазинаро намеҷӯянд ва касе надонад, мегӯяд, ки Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон фақат чор суруд дорад.
– Аз фарзандонатон касе пайраҳаи шуморо интихоб кард?
– Не, ҳеч кадоме соҳаи сарояндагиро интихоб накард. Шояд мехостанд, зеро садои хуб доштанд, вале ман нахостам. Дарвоқеъ писарам Умед Хусравов дар Маскав таҳсил кард ва ҳоло саркоргардони театр аст.
– Шумо тамоми умр дар Бадахшон зиндагию кор кардед. Оё боре фикр мекардед, ки ба пойтахт биёед?
– Не, фикр мекунам, дар вилояти Бадахшон ба ман зиёдтар эҳтиёҷ буд. Шукр, фаъолияти хуб доштам.
– Мо сурудҳои нави шуморо интизор мешавем…
– Саломат бошед, ман кӯшиш мекунам, ки боз ҳам дар рӯйи саҳна бошам ва барои алоқамандони ҳунарам таронаҳои нав бисароям.
Мусоҳиб Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ