22.8 C
Душанбе

Қудрати муҳаббати кӯдак

– Куштан даркор! Паррондан дар­кор! Ҳозир ин разилро паррондан даркор! Куштан даркор! Сари ин қотилро гирифтан даркор! Куштан даркор!.. Куштан даркор! – мардону занон аз байни тўда фарёд мезаданд.

Тўдаи бузурги одамон одами даступо бастаро аз кўча мебурданд. Ин одами ростқомат бо сари боло бовиқор қадам мезад. Дар чеҳраи зебо ва нотарсонаи ў нисбат ба одамони атрофаш нафрат ва ғазаб маълум мешуд.

Ў аз ҳамон одамҳое буд, ки дар муборизаи халқ ба муқобили ҳукумат ба ҷонибдории ҳукумат ҷанг мекар­данд. Акнун ўро дошта, ба қатлгоҳ мебурданд.

«Дигар чӣ кор ҳам мекунӣ? На ҳама вақт зўру тавоноӣ ҷонибдори мо аст. Дигар чӣ кор ҳам мекунӣ? Акнун зўру тавоноӣ аз онҳост. Одам як бор ба дунё меояд, пас мурдан даркор, пас, ҳамин хел бояд шавад», – фикр ме­кард ин одам ва китф дарҳам кашида, ба доду фарёде, ки дар тўда идома дошт, хунсардона табассум намуд.

– Ў миршаби шаҳр аст, вай субҳи имрўз ба мо тир меандохт! – дод ме­заданд аз тўда.

Ва тўдаи одамон қарор нагириф­та, ўро ба пеш мебурданд ва вақте ба ҳамон кўчае омаданд, ки дар рўи роҳи васеъ ҷасадҳои дирўз аз дасти аскарон кушташуда ҳанўз ҳам ме­хобиданд, ғазаби тўдаи одамон авҷ гирифт.

– Ҳоҷати кашол додан не! Ҳозир, дар ҳамин ҷо ин разилро паррондан даркор, боз ба куҷо ўро мебарӣ? – фарёд мезаданд одамон.

Марди асир ба рўй ҷигот андохта, сарашро баландтар мебардошт. Ў, гўё беш аз андозае, ки тўдаи одамон ўро чашми дидан надоштанд, тўдаро чашми дидан надошт.

– Ҳамаро несту нобуд кардан дар­кор! Ҷосусҳову ҳокимҳову роҳибҳоро ва ин гуна разилҳоро ҳам. Худи ҳозир куштан, куштан даркор! – чиррос ме­заданд овозҳои занона.

Вале роҳбарони тўда қарор кар­данд, ки ўро то ба хиёбон баранд ва дар он ҷо ҳукми қасосро ба ҷо оваранд.

Вақте то ба хиёбон роҳ кам монда буд, дар ин хомўшии қафои тўдаи одамон садои гиряи кўдак шунида шуд.

– Дада, дада! – гиряолуд фарёд мекард бачаяки шашсола, ки барои то ба марди асир расидан худро ба қабати тўдаи одамон мезад. – Дада! Онҳо бо ту чӣ кор мекунанд? Исто, исто, маро ҳамроҳи худ гир!..

Доду фарёд аз ҳамон ҷониби тўдаи одамоне, ки бачаяк мерафт, хомўш шуд ва тўда дар пешрўи ў чун дар пешрўи иродаи қавӣ роҳ кушода, кўдакро ба падараш наздиктару на­здиктар овард.

– Чи хел дўстрўяк аст! – гуфт зане.

– Ба ту кӣ даркор? – ҷониби ў хам шуда, пурсид зани дигар.– Дадам! Маро ба назди дадам роҳ диҳед!- чиррос мезад бачаяк.

– Ту чандсола ҳастӣ, бача?

– Шумо бо дадам чӣ кор карданӣ ҳастед? – мепурсид бачаяк.

– Ба хонаат рав, бача, ба назди модарат рав, — гуфт яке аз мардҳо.

Асир дигар овози бачаро мешунид ва ҳамчунин мешунид, ки ба ў чӣ мегуфтанд. Чеҳраи ў ғамгинтар шуд.

– Ў бемодар аст! – фарёд зад ў ба посухи он одаме, ки кўдакро ба назди модараш роҳӣ мекард.

Бачаяк аз қабати тўда зўр зада ба падараш наздиктару наздиктар шуда, оқибат ба ў расиду худро бо­лои дастони ў гирифт.

Аз тўда ҳоло ҳам ҳамоно фарёд мезаданд: «Куштан даркор! Овехтан даркор! Разилро паррондан даркор!

– Чаро аз хона берун омадӣ? – пурсид падар аз бачааш.

– Онҳо бо ту чӣ кор карданӣ ҳа­станд? – мепурсид бачаяк.

– Ту як кор кун, — гуфт падар.

– Хўш?

– Катюшаро медонӣ?

– Ҳамсояамонро? Албатта медо­нам.

– Бисёр хуб, ба назди вай раву ҳамон ҷо бош. Ва ман… баъд меоям.

– Бе ту намеравам, — гуфт бачаяк ва гиря кард.

– Чаро намеравӣ?

– Онҳо туро зада мекушанд.

– Э, не, онҳо ҳамту, шўхӣ меку­нанд.

Ва марди асир бачаякро аз да­стонаш раҳо карду ба назди ҳамон одаме омад, ки аз болои тўда роҳ­барӣ мекард.

– Гўш кунед, — гуфт ў, – маро чӣ хел, ки хоҳед ва дар куҷое, ки хоҳед, кушед, танҳо дар ҳузури ў не, — ва ў ба бачаяк ишора кард. – Барои ду дақиқа дастони маро аз таноб раҳо кунед ва маро дар дасти худ нигоҳ доред ва ман ба ў мегўям, ки мо сайругашт дорем ва шумо дўсти ман ҳастед ва ў меравад. Ана баъд… баъд чӣ хел, ки хоҳед, кушед.

Роҳбари тўда розӣ шуд.

Он гоҳ асир аз нав бачаякро рўи дастонаш гирифту гуфт:

– Баақл бош, ба назди Катя рав.

– Ту чӣ?

– Мебинӣ, ки ман бо ана ин ҷўра­ам сайругашт мекунам, мо боз каме қадам мезанем ва ту рав, баъд ман меоям. Рав акнун, баақл бош.

Бачаяк ба чеҳраи падар бадиққат нигарист, сарашро ба як тараф, си­пас ба тарафи дигар хам кард ва ба фикр рафт.

– Азизам, рав, баъд ман меоям.

– Меоӣ?

Ва бачаяк ба гапи падараш даро­мад. Зане ўро аз асорати тўда берун овард. Вақте бачаяк аз назарҳо пинҳон шуд, марди асир гуфт:

– Акнун ман тайёр ҳастам. Кушед маро.

Ва ин лаҳза воқиаи тамоман но­мафҳуму ғайричашмдошт рўй дод. Ким-чи хел ҳамон рўҳияи меҳрпар­вар дар тинати ҳамаи ин одамоне, ки лаҳзае пеш бераҳму бадҷаҳлу қотилхў буданд, бедор шуд ва зане замзама кард:

– Медонед чӣ? Биёед, ўро озод мекунем.

– Дуруст. Худо ёраш бод! — гуфт боз нафаре. – Озод мекунем.

– Озод мекунем! Озод мекунем! – ғолу мағол бардошт тўда.

Ва марди асири ғурурманду бе­раҳм, ки лаҳзае пеш тўдаи мардумро чашми дидан надошт, ҳунгосзанон гиря кард, чеҳраашро бо дастонаш пўшид, чун гунаҳкор аз асорати тўда берун давида баромад ва ҳеҷ кас пеши роҳи ўро нагирифт.

Тарҷумаи Анвар Олим

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо