32.2 C
Душанбе

“Хоби сурх”. Ойинаи равони инсон ва ҷомеъа

Филми ҳунарии “Хоби сурх”, ки таҳти коргардонӣ ва филмноманависии Соҳибёри Толиб сохта шудааст, яке аз намунаҳои барҷастаи синемои муосири тоҷикӣ ба шумор меравад. Ин филм дар жанрҳои драмаи равонӣ, иҷтимоъӣ ва хонаводагӣ таҳия гардида, тавассути баррасии амиқи масъалаҳои инсонию ҷамъиятӣ диққати тамошобинро ҷалб менамояд.

Намоиши он бо ширкати гурӯҳе аз шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ дар дафтари Иттиҳодияи синемогарони Тоҷикистон низ баргузор гардид. Аз лаҳзаҳои аввали тамошо маълум мегардад, ки коргардон мекӯшад ба забони синемо ба масъалаҳои печидаи тафаккур ва арзишгузориҳои инсони муосир рӯ оварад.

Дар меҳвари филм бархӯрди ду насл, ду дидгоҳ ва ду низоми арзишӣ қарор дорад. Ин бархӯрд зоҳиран миёни як мӯйсафеди собиқ коммунист, ки ба ҷаҳонбинии давраи шӯравӣ содиқ мондааст ва набераи ӯ, ки намояндаи насли истиқлол ва ташаккули арзишҳои миллӣ аст, сурат мегирад.

Мӯйсафед, ки нақши ӯро Исфандиёр Ғуломов бо маҳорати баланд бозидааст, натанҳо ёдгори як насли гузашта, балки тимсоли зиндаи таассуб ва истеъморзадагӣ мебошад. Ӯ то ба охир ба идеологияи шӯравӣ содиқ монда, барҳамдиҳандагони онро нафрин мекунад ва орзуи эҳёи он низомро дар дил мепарварад.

Аз оғоз то анҷоми филм мӯйсафед механдад, хандае, ки бештар нишонаи ихтилоли равонӣ ва нобоварӣ ба воқеъият аст, на изҳори шодӣ. Ин интихоби бадеӣ, гарчанде ҷолиб аст, метавонад баҳсбарангез бошад. Агар ӯ бо чеҳраи ҷиддие зери таъсири таассуби амиқи идеологӣ тасвир мешуд, шояд таъсири истеъмори фикрӣ бар шахсият ва тафаккури миллӣ равшантар бозтоб меёфт.

Набера, ҳамчун намояндаи насли ҷавони даврони истиқлол, бояд дар рӯшноии арзишҳои миллӣ ва худшиносӣ ташаккул ёбад, аммо ӯ низ дар гирдоби ақидаҳои зиддунақиз ва фишорҳои иҷтимоъӣ қарор дорад. Ҷомеаи муосир, ки аз наслҳои гуногун, таърихҳои парешон ва арзишҳои мухталиф иборат аст, барои ӯ фазои пуршиддати равонӣ ва ахлоқӣ эҷод мекунад. Таассуби гузашта ва ноустувории имрӯз монеъаи рушди табиъии тафаккур ва худогоҳии ӯ мегардад.

Филм бо истифода аз шеваҳои муосири коргардонӣ ва рамзҳои равонии замони нав мекӯшад паҳлуҳои ноаёни рӯҳи инсон ва ҷомеи печидаро ба намоиш гузорад. Қаҳрамонони канорӣ, аз ҷумла келин ва писарони мӯйсафед, ҳар кадом ба як низоми арзишӣ пойбанданд ва дар маҷмуъ як панорамаи иҷтимоъии пуртанишро пеши назар меоранд.

Ҳар яке аз ин қаҳрамонҳо дар ҷустуҷӯи ҳалли муаммои шахсии худ қарор дорад, аммо дар пушти ин талошҳо як мазмуни умумии инсонӣ ва иҷтимоъӣ нуҳуфтааст – мазмуни худшиносӣ, истиқлол ва озодии фикр.

Бо вуҷуди муҳтавои пурбор филм баъзе камбудиҳои техникӣ ва бадеъӣ низ дорад. Буридан ва кӯтоҳ намудани баъзе саҳнаҳои муҳимми сужа ба пайвастагии мантиқии қисматҳо осеб расонда, боиси сардаргумии тамошобин дар фаҳми хатти марказии филм мегардад.

Ин камбуд метавонад аз маҳдудиятҳои буҷетӣ, вақт ё тадвини шитобкорона ва ё ноуҳдабароёна маншаъ гирифта бошад. Сарфи назар аз ин чунин нуқсонҳо аз арзиши умумии филм чизе намекоҳанд, вале ишора бар он доранд, ки дар таҳияи филмҳои равонии иҷтимоъӣ дақиқият ва амиқнигарӣ зарур аст.

Филми “Хоби сурх” натанҳо як достони шахсӣ, балки як тамсил ва рамзномаи иҷтимоъист. Он тамошобинро водор месозад, ки ба олами маънавии худ назар андозад, дар бораи муҳити иҷтимоъии атроф андеша намояд ва дарк кунад, ки гузаштаи сиёсӣ ва идеологӣ то куҷо метавонад бар ояндаи инсон таъсиргузор бошад.

Бо ҳамаи бурду бохташ “Хоби сурх” як қадами ҷиддӣ дар пешрафти синемои фалсафии тоҷикӣ шумурда мешавад. Ин натанҳо як ҳикоя, балки даъватест ба тафаккур, бознигарӣ ва худшиносии миллӣ.

Давлатмурод КАРИМОВ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо