25.4 C
Душанбе

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз

Калима дар шеър нақши муҳим дорад, шоири ҳунарманд бо гулчини калимот ва баёни маънои бикр шеъри олӣ меофарад. Яке аз файласуфони олмонӣ шеърро «санъати ба кор андохтани тасаввурот бо кумаки калимот» медонад. Аз назари Гетӣ Фаллоҳи Растагор, шеър «ҳосили шуури дарунии шоир аст, ки бо неруи калимот ба рақс меояд ва шакл мегирад, ҳар қадар таносуби байни навъи ҳаяҷон ва интихоби калима дақиқтар сурат гирифта бошад, шеър латифтар ва ботароваттар менамояд». Яке аз чеҳраҳои калидии формализми русӣ В. Б. Шкловский (1893-1984) шеърро «растохези калимот» номидааст. Бино ба гуфтаи устод Шафеъии Кадканӣ дар “Мусиқии шеър”, ин «растохези калимаҳо» ҳамон «сури қиёмати калимот»-и гуфтаи Мирзо Бедил аст, ки сабаби «ҳашри маонӣ» мешаванд:

Бедил, суханам коргаҳи ҳашри маонист,

Чун ғулғулаи сури қиёмат калимотам.

Хоҷа Ҳофиз, он «нодираи замону уъҷубаи ҷаҳон» илова бар маъонии бикру тасвири олӣ дар гулчини калимот ва шеваи корбурди онҳо назир надорад. Калима дар шеъри Ҳофиз дорои чанд маънист. Яъне муҳимтарин хусусияти сабки Хоҷа баёни чанд маънӣ дар як калима аст ва иҳомгароӣ хоси сухани ӯст. Ҳофизпажӯҳон шеъри Ҳофизро дорои ду соҳати маънӣ – “бурунмаънӣ” ва “дарунмаънӣ” донистаанд. Аммо ин ҳадди ақал аст, калима дар шеъри Хоҷа дорои чандин маънист ва ин калимот инсиҷоми аъзо доранду таносуби сухан дар ҳадди эъҷоз аст. Дар сухани Ҳофиз калимоти калидие ҳастанд, ки бори маънӣ дар байт бар дӯши онҳост ва барои дарки маънӣ чун мифтоҳ хидмат мекунанд. Вожаи «об» аз ҷумлаи чунин калимоти калидист, ки дар шеъри Хоҷа ба маъноҳои мухталиф ба кор рафта ва шоир бо ин вожа таркиботи шеърии зиёде сохтааст. Калимаи “об” маъмулан ба ҷуз аз моеъи берангу бебӯ будан ба маънии равнақу сафо ва сабза аст ва дар Қуръон омада, ки «ҳарчи зинда ба об аст». Дар истилоҳи орифон мурод аз об «маърифат» аст ба маънии файз, фикр ва андеша ҳам омадааст (“Фарҳанги истилоҳот ва таъбироти ирфонӣ”).

Вожаи «об» дар шеъри Ҳофиз дар шакли муфрад 31 бор ба маъонии мухталиф ба кор рафтааст. Илова бар маънои луғавӣ вожаи “об” дар танҳоӣ маънои киноявии ашкро дорад ва бештар бо мушорикати чашм, рух, чеҳра, мижа, дида ва мутародифоти он меояд:

Дар ҳаҷри ту гар чашми маро об намонад…

***

Гиря обе ба рухи сӯхтагон боз овард…

Ҳамчунин об ба маънии равнақ ва таровату латофат:

Боғбон, ҳамчу насимам зи дари хеш марон,

К-оби гулзори ту аз ашки чу гулнори ман аст.

Ба маънии обрӯ, ҳайсият ва эътибор:

Ҳарчанд бурдӣ обам, рӯй аз дарат натобам,

Ҷавр аз ҳабиб хуштар, к-аз муддаъӣ риоят.

Ба маънии зебоӣ, тароват, шукӯҳ:

Махмури ҷоми ишқам, соқӣ, бидеҳ шаробе,

Пур кун қадаҳ, ки бе май маҷлис надорад обе.

Ба маънии ҷилову дурахшандагӣ:

Чашми ман кард ба ҳар гӯша равон сели сиришк,

То саҳисарви туро тозатар обе дорад.

Аммо дар бештари маврид вожаи “об” ва ибораву таркиботи бо он сохта ба маънии рамзии ирфонии шароб ба кор рафтааст:

Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон

Медиҳанд обею дилҳоро тавонгар мекунанд.

Вожаи “об” дар байти боло “маърифат” аст, зеро обе, ки пири муғон дар дайри муғон ба соликон медиҳад ва ба ин васила дилҳои онҳоро тавонгару бениёз мегардонад, маърифат аст. Вожаи “об” дар байти боло дар соҳати берунӣ истиора аз шароб аст ва шароб дар соҳати дарунмаънӣ ба “ғалаботи ишқ” таъбир мешавад. Ин маънӣ аз он ҷо бархоста, ки мурод аз об маърифат ва мақсуд аз шароб, ки бархоста аз об аст, ишқ аст. Яъне бо файзи маърифати ишқ, ки дар дайри муғон тавассути пири муғон ҳосил мегардад, метавон дилро аз ҳама гуна тааллуқоту вобастагӣ бениёз (“тавонгар”) гардонд.

Маънии луғавии об дар ибораву таркиботи сохтаи шоир ҳамчунон ҳифз мешавад, чунончи ибораи “сари об”-ро Хоҷа ду бор ба кор бурда, ки дар соҳати берунӣ ба маънии чашма, сарчашма аст:

Сабз аст дару дашт, биё, то нагузорем

Даст аз сари обе, ки ҷаҳон ҷумла сароб аст.

Ибораи “сари об” дар байти боло иҳом дорад: а) чашма, ҷӯйбор, ҷое, ки обу сабза бошад. Яъне чун фасли баҳор аст, биё, ба канори чаман биравему умр ба хушнудии дилҳо бигузаронем, ки ин дунё фиребе беш нест; б) Мурод аз “обе, ки даст аз сари он нагузорем”, шароб аст. Яъне фурсати фасли зебои баҳорро аз даст надиҳем ва шароб нӯшему умр хуш гузаронем.

Ибораи “оби ҳаром” низ истиора аз шароб аст:

Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост

Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.

Соҳиби Акбарободӣ гӯяд: “Оби ҳаром ишқу муҳаббат аст ва ҳаром аз он рӯ, ки зоҳидон аз он маҳруманд ва ишқро об аз он таъбир кардаанд, ки дар ишқ риёро дахле нест ва дар камоли муҳаббат аст” (Бадру-ш-шуруҳ). Аммо дар байти боло маънии берунии он бештар ҳувайдост, яъне оби ҳаром ба маънии шароби воқеъӣ ба кор рафтааст ва Ҳофиз назари танзомез ба амали шайхони риёӣ дорад.” Сарфа бурдан” – афзунӣ, баҳра, фоида, нафъ бурдан, суд бурдан, пеш афтодан, сабқат ҷустан (“Фарҳанги форсӣ”-и Муъин). Яъне оби ҳаром – шароби риндон рӯзи бозхост, дар пешгоҳи Парвардгор нисбат ба нони ҳалоли шайх боэътибортар аст. Ин маънӣ, яъне боданӯшии берӯву риё беҳтар аз зуҳдфурӯшист, ки дар ӯ рую риёст, борҳо дар шеъри Хоҷа таъкид шудааст. Аз ҷумла маънии байти зер хеле наздик ба мазмуни байти болост:

Тарсам, ки рӯзи ҳашр инон бар инон равад

Тасбеҳи шайху хирқаи ринди шаробхор.

Таркиби “оби харобот” низ истиора аз шароб аст:

Хирқаи зуҳди маро оби харобот бибурд,

Хонаи ақли маро оташи майхона бисӯхт.

Саидҷаъфари Саҷҷодӣ “оби харобот”-ро “сафову якрангӣ ва таҷаллиёти раҳмонӣ, ки кудурати ботину зоҳирро мезудояд” таъбир кардааст. Хатмии Лоҳурӣ “оби харобот”-ро “иборат аз тазкия ва тақдиси хароботи казойӣ, ки музил (зоилкунанда)-и таъйиноти ташаххусот (шахсият)-и солик” медонад. Мурод аз “оби харобот” ва дар баробари он “оташи майхона” ғалаботи ишқ аст. Дар каломи Ҳофиз хирқаву далқ намоди ирфони обидона ва шаробу майхонаву харобот самбули ирфони ошиқона аст. Қаҳрамони лирикӣ ин ҷо аз манзили зуҳд ба манзили муҳаббат ё худ аз ирфони обидона ва ирфони ошиқона гузар дорад.

Ибораи дигар “оби рӯшани май” аст, ки дар ин таркиб шароб аз лиҳози дурахшандагӣ ва сафову ҷило ба оби равшан монанд шудааст:

Ба оби равшани май орифе таҳорат кард,

Алассабоҳ, ки майхонаро зиёрат кард.

Ба қавли Хатмии Лоҳурӣ, “оби рӯшани май иборат аз ишқу муҳаббатест, ки мурис (сабаб)-и таҳорати зоҳиру ботини муҳиб аз мосавоиллоҳ” мегардад. Ориф дар шеъри Ҳофиз инсони комил ва огоҳ аз олами ғайб аст ва ин орифи вораста таҳорат ба “оби рӯшани май” кардааст. Май воситаи шинохт ва маърифати рози даҳр аст ва майхона олами рӯҳонии орифон – ҳамон риндони соҳибдил аст. “Ба май таҳорат кардан” гузаштан аз манзили зуҳд ба манзили муҳаббат, яъне “гузаштан аз завоҳири зуҳду тақво ва расидан ба идроки фаротар аз илми мадраса аст” (Истеъломӣ. Дарси Ҳофиз). Ҷойи дигар мафҳуми “оби майи лаъл”-ро ба кор бурда, ҳамин маъниро ироа медорад, ки мурод аз он ба қавли Хатмии Лоҳурӣ, “муҳаббати зотия”, яъне ишқ аст:

Кунун ба оби майи лаъл хирқа мешӯям,

Насибаи азал аз худ наметавон андохт.

Таъбири “хирқа ба май шустан” монанди “ба май саҷҷода рангин кардан”, хирқа, ҷома ё далқро ба май ё ҷом “намозӣ кардан” таъбири ҳаммаъност ва мурод аз онҳо тарки зуҳду интихоби ишқ аст. Дар айни баёни ин ҳадаф шоир танзи малеҳе ба хирқа, ки нишони зуҳду порсоист, дорад. Яъне ман хирқаамро ба майи чун лаъл гаронарзишу гулгун мешӯям ва ин насибаи азалии ман буда, ки майхонанишин бошаму хирқаамро аз олудагии зуҳди риёӣ пок созам.

Таркибу ибораҳои “оби зиндагӣ”, “оби зиндагонӣ”, “оби ҳаёт”, “оби Хизр”, “оби ҳайвон”, ки дар шеъри Ҳофиз ба кор рафтаанд, ишораест ба устураи оби ҷовидонӣ – чашмаест дар зулмот, ки Хизр аз он нӯшиду умри ҷовидон ёфт. Ин мафҳум дар ирфон рамзҳои зиёдеро дорост, аз ҷумла: а) сайри ботинии солики тариқат; б) илми ладунӣ, ки ба комиле чун Хизр дода шудааст; в) вуҷуди маъшуқ ё муроди восил, ки дафъкунандаи ҷаҳлу нодонист; г) суханони авлиё ва мардони комил ва мусоҳибат бо онон; д) ишқ ва муҳаббати илоҳӣ, ки ба комилону восилон чун ба марҳалаи фано фӣ иллоҳ мерасанд, зиндагонии ҷовид меёбанд ва ғайра. Аммо дар сухани Ҳофиз ҷанбаи маънавӣ ва рӯҳонии оби ҳаёт зери суол меравад ва барои ӯ “ҳавои манзили ёр”-у оби Рукнободи Шероз беҳтар аз оби ҳаёти Хизр аст, ки зулмот ҷойи ӯст.

Ҳамчунин табъи равони чун оби зулоли худро аз оби Хизр афзалтар медонад ва бар он аст, ки оби ҳаёт аз хиҷолат дар муқобили шеъри ӯ дар торикӣ паноҳ бурдааст:

Ҳиҷоби зулмат аз он баст оби Хизр, ки гашт

Зи шеъри Ҳофизу он табъи ҳамчу об хиҷил.

Ончи ки дар боло баён шуд, дар мавриди корбурди вожаи об ба маъниҳои мухталиф буд, ки як ҷанбаи ҳунарии шеъри Ҳофизро ташкил медиҳад. Ҷанбаи дигари шеъри Хоҷа дар ҳунари гулчинии калимот ва инсиҷоми аъзову таносуби маъноӣ байни калимот аст. Аз он ҷо таҳлили ҳар байт аз ин дидгоҳ суханро ба дарозо мекашад, бо таҳлили як байт аз силсилаи абёти “обвожа”-и Ҳофиз иктифо мекунем. Ибораи “оби тарабнок” дар каломи Хоҷа як бор ба кор рафта, ки он низ истиора аз шароб аст:

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз,

Пештар з-он ки шавад касаи сар хок, андоз.

Мурод аз «оби тарабнок» шароб аст ва дар соҳати дарунмаънӣ “муҳаббат аст, ки муриси шодиҳо ва музили ғамҳост” (Хатмии Лоҳурӣ). Дар ин байт чун абёти дигар тамоми калимот байни худ инсиҷоми аъзо ва таносуби маъноӣ доранд. Масалан, «косаи зар» бо «оби тарабнок», «косаи сар», «хок», «андоз» ва ҳатто бо «хез» низ таносубу инсиҷоми маъноӣ дорад. «Косаи зар», яъне ҷоми зарин ё зарандуд бо «косаи сар» илова бар он ки бозии лафзӣ дораду таҷнис шуда, инсиҷоми маъноӣ низ дорад: Аз косаи сар коса, ҷоми шаробнӯшӣ месохтаанд. Ривоят аст, ки шоҳони қадим аз косаи сари душманони сарсахташон баъд аз ғолиб омадан ҷоми шаробнӯшӣ месохтаанд ва косаи сари душмани кушташударо бо зар рӯпӯш мекардаанд (Чунонки Исмоили Сафавӣ аз косаи сари Шайбонихон ҷом сохт). Коса бо хок низ иртиботи бевосита дорад: а) Косаро аз хок (гил) месохтанд, б) коса баъд аз шикастану аз байн рафтан ба хок мубаддал мегардад. Ҳамин гуна инсиҷоми маъноӣ вожаи «коса» бо «хез» (феъли амр) дорад: а) шаробро аз ҷой бархоста (хеста) ба қадаҳ ё коса ва ё ҷом мерезанд. б) як ойини боданӯшӣ чунин буда, ки агар ба саломатии бузургворе (масалан, шоҳ ё амир ва ё пир) шароб нӯшиданӣ шаванд, барои эҳтироми ӯ ҳатман аз ҷой бархоста менӯшиданд. Ҳамин гуна инсиҷом ва таносуби маъноӣ байни дигар калимоти байт вуҷуд дорад. Масалан, феъли амри «андоз» (ба маънии рез, масалан, ҷой андоз, об андоз, ки дар шеваи водии Зарафшони Тоҷикистон хеле маъмул аст, аммо дар Эрон ба маънии қасд ва майли ҳамла кардан, андоза, миқёс ба кор меравад) бо «хез» (аз ҷой бархоста андохтан (рехтан), бо «коса» (ба коса андохтан (рехтан), бо «хок» (хок андохтан (рехтан), бо «оби тарабнок – бо истиора шароб» (шароб андохтан), бо «сар» (ба сар хок андохтан (рехтан) таносубу инсиҷоми маъноӣ дорад.

Аз сӯйи дигар дар байти боло такрори ҳарфи «з» дар калимоти «хез», «зар», «андоз», «з-он» ва боз «андоз» оҳанги мусиқоии байтро таъмин намудааст.

Хулоса, дар шеъри Ҳофиз ҳар як ҳарфу калима ҷойи худро доранд, агар калимаҳо иваз карда шаванд, шояд вазну маънии байт халал наёбад, аммо инсиҷоми аъзову таносуби калом, истеҳкоми сухан, якпорчагию ҳамоҳангии ҳарфҳову калимот ва ин вусъати маъноӣ барҳам мехӯраду зебоии каломи Ҳофиз мекоҳад.

Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ,

профессор

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо