Мусаввир хаста шуд. Дастонаш дигар маҷоли доштани мӯқалам надоштанд. Вай то шоми имрӯз сураткаширо бояд ба анҷом мерасонид ва он зеби девори утоқи Раиси деҳ мешуд. Оҳ кашид, ки имшаб ҳам дер хобаш намебарад ва мисли мор ба худ мепечаду мепечад. Чӣ бояд кард, ки хастагии худро барҳам занад?
Чикир-чикир борон меборид. Вай аз устохонаи бомаш чӯкида баромад ва дер аз рӯди Сайҳун чашм наканд. Тамокуи намро даргиронду баъд чатр болои сар дошта, сӯи пул қадам зад. Аз пул убур карда, пеши майкадаи Хайём қарор гирифт. Кисаи палтуро кофт. Сипас аз кабобпаз пурсид:
– Як сих чанд аст? – Мусаввир то баногӯш сурх шуд.
– Ду сомониву ҳаштод дирам.
Аммо дар кисаи ӯ панҷ сомонӣ буду бас. Як шиша шароби “Суғд” се сомонӣ. Агар ӯ як сих кабоб фармояд, обрӯяш мерезад. Ғайр аз ин даруни майкада хоп-холӣ. Имрӯз якшанбест. Ин ҷо дигар рӯзҳо серодам аст ва гурӯҳ-гурӯҳ медароянду аз даҳ то понздаҳ сих кабоб мефармоянд. Вай бошад, як сих гирифтанист.
– Шинед, ако! – зорӣ кард пазанда. Вале вай аз куҷо медонист, ки кисаи ин одами галстукдори кулаҳпӯши серпулнамо пули казоие надорад. Мусаввир каме аз кабоб чашм наканда истод. Чӣ бояд кард, ки худро аз хиҷолат барорад?
– Гӯш кунед, ошно, ман як сих хӯрда меистам, баъд, ки ҷӯраҳо омаданд, боз мефармоем. Хуб?
– Майлаш.
– Як сих, як пора нон ва як қабза пиёз чанд мешавад?
– Шумо шинед, баъд ҳисобӣ мекунед.
– Не, аввал пулаша гиред. Дирӯз пулаша надода рафтам, хеле хиҷолат кашидам. Чунки одами беҳушам.
– Се сӯм мешавад.
– А?
– Се сӯм!
Мусаввир як қад парид. Чунки як шиша “Суғд” се сомонӣ ва чамъ шаш сомонӣ мешавад. Вале ӯ ҳамагӣ панҷ сомонӣ дораду бас. Мусаввир “Ҳозир” гӯён мошинроҳаро убур карда, пеши фурӯшандаҳо рафт. Се кас менишастанд. Пиразанаи тақрибан ҳаштодсола, марди чилсола ва духтарчаи дувоздаҳсола. Мусаввир аз кампир суол кард:
– Арақ доред?
– Суғд.
– Чанд?
– Се!
– Хола, арзон кунед. Ба раиси колхоз ҳам се сомониву ба мани намояндаи андоз ҳам се?
Кампир тарсид:
– Майлаш, шумо ду тед.
– Ана, ин гапи дигар. Ягон рӯз мо ҳам хизмат мекунем.
– Шумо ду тед.
Вай ду сомонӣ дода, як шиша арақро гирифту дар бағал зад ва боз чатр болои сар дошта, роҳро гузашт.
Аз зинапоя ба майкада фуромад. Се нафар дарунтари майкада менишастанд. Мусаввир рӯ ба рӯи онҳо нишаст.
Се кас маст буданд, бо овози баланд шахси барои Мусаввир номаълумро дашном медоданд.
– Э вай, баднафси нобакор, муттаҳам аст. Пуламро надода гурехта гаштааст. Те пуламро гуфта равам, занаш баро мад. Канӣ вай гуфтам!
– Нестанд, – гуфт.
– Куҷо руст шуд?
– Вай кас нестанд!
– Ё руст шуданд?!
– Не, кӯча рафтанд.
– Кай пули маро медиҳед?
– Додар, пулатонро мо ҳатман медиҳем.
– Кай? Ду сол шуд!
– Мо духтар баровардем, камтар қарздор шудем! Болои сӯхта намакоб, мардакам бо мошин садама карданд. Он одам корд кашид. Вагон доштем, фурӯхтем.
– Ҳа, вай дод зад, корд кашид, пули таъмирро додед. Ман дод зада наметавонам, ман шарманда карда наметавонам ва ба даст дода, ба по медавам!
– Не охир, мо мефаҳмем. Мо медиҳем. Фақат бардошт кунед.
Мусаввир гӯё ғарқи хаёли худ буд, вале аз шикояти марди маст дилгир гашт. Ба назди ӯ пешхидмат, занаки хароби рангпарида омад:
– Боз ягон чӣ даркор?
Ҷони Мусаввир баромад аз ин савол ва беихтиёр дод зад:
– Ман худам мегӯям!
Занак аз дӯғи ӯ кебида рафт. Мудир аз дур сӯи Мусаввир норозиёна нигарист. Аён, ки занро назди ӯ мудир фиристодааст. Вай қавоқи гирифтаи мудири майкада, бадани қоқу хароби пешхизматро пеши чашм оварда, худро гунаҳкор мешумурд. Агар вай, яъне Мусаввир кабоби бисёр мефармуд ва ба ин курсиҳои холӣ ҳамроҳони ӯ менишастанд, яқин ин занак ва мудир хушҳол мебуданд. Акнун ки майкадаи сермизу курсӣ камодам аст ва болои ин ӯ ҳамагӣ як сих кабоб фармудааст, онҳо хиратабъанд.
Зан ҳамсари мудир аст. Бепулӣ азобашон медиҳад. Мудир даҳони ҳасрат во кард, ки пул нест. Ана ҳамин пул нест, ки ин ҷоям дард мекунад, он ҷоям дард меукнад. Сабаби серкасалии ман ҳамин бепулист. Чор тангаро ба соҳиби ошхона диҳам? Ба идораи андоз диҳам? Ба кормандони идораи барқу газ диҳам? Э, Худо…
Ин дам ду кас ҳамон як каси қарзхоҳро аз таги кашҳояш гирифтанд. Ду пои ӯ замин мерӯфт.
Бечора.
Мусаввирро телефончаи кисааш занг зад. Вай онро бароварда, ба рақамҳои зери шишача синча кард. Ба вай ҷӯрааш аз Маскав телефон мекард:
– Пагоҳ меравам.
– Чӣ муждаи хуб! – Мусаввир қариб аз шодӣ бигиряд. Вай хост гӯяд, ки тезтар баргард, ҷӯраи ҷон, ман ин ҷо бо ҳар кас шишта наметавонам, бо ҳар кас унс гирифта наметавонам. Зиқ шудаам.
– Кай меоӣ?
– Баъди як моҳ, лекин пагоҳ додарам меравад.
– Худат чӣ?
– Гуфтам – ку, баъди як моҳ. Ягон чӣ фиристонам?
Мусаввир ҳайрон монд.
– Чӣ фиристонам?
Чашми Мусаввир ба ожанги рӯи занак афтод, баъд ба қавоқи гирифтаи мардаки ӯ. Оҳиста бархост ва аз зинапоя боло шуд. Ҳам занак ва ҳам мардак тарсиданд, ки ӯ пулро надода гурехтанист. Вай бо ишораи даст фаҳмонд, ки рафтанӣ нест. Ҷойи хилват меҷуст, ки ҳарфҳояшро бемалол бигӯяд. Ба гӯшаи торик рафт. Масте буни девор ғелида буд. Мусаввир билохир гуфт:
– Як чиз бифирист.
– Чӣ?
– Як чӣ!
– Хайр, чӣ ҳамун!
– Медонӣ, чӣ бифирист!
– Коняк! – Не. – Қанд? – Не, – рад кард ӯ. – Ханда бифрист… ҳа, ошно, ханда… – Баъд хандид… Хеле хандид… Бори аввал ҳамон шаб Мусаввир рангдонро бардошта назад…
Юсуф НАСРУЛЛО