Мавҷи кафкӯбӣ, нидои хандаю шодӣ ва «офарин»-гӯиҳои тамошобинон намоиши «Келини ҷойдорӣ»-ро аз оғоз то анҷом ҳамроҳ буд.
Намоиши мазкур аз ҷониби ҳунарпешагони Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ шоми 17-уми апрел дар доираи Ҷашнвораи «Парасту-2025» пешниҳоди ҳакамон ва дӯстдорони ҳунари театрӣ гардонида шуд.
Ҳарчанд ба андешаи бархе аз мутахассисони соҳа раванди намоиш як каме тӯл кашида, бинандаро хаста кард, бозии ҳунарпешагон, бахусус Сурайё Хоҷазода дар нақши асосӣ (Меҳрӣ), ҳамагонро ба ваҷд оварда, мафтуну шайдо сохт.
Тамошобини тоҷик ба асарҳои мазҳакавӣ хеле муштоқ аст, иброз медоранд тамошобинон ва пешниҳоди ин гуна намоиш бурди таҳиягарони он мебошад.
Коргардони намоиши «Келини ҷойдорӣ» Суҳроб Шехов буда, нақшҳоро Раҷаб Давлатов (Бахтиёр), Насиба Каримова (Карима), Дилшод Сайфиддинов (Валиҷон), Шаҳодат Ҷӯраева (Масъуда), Саида Юсупова (Азиза) ва Ҳикматулло Аҳадов (Авазбек) бозӣ карданд.
Гуфтанист, намоишномаи мазкур ба қалами драматурги ӯзбек Нурулло Аббосхон тааллуқ дорад.