44.1 C
Душанбе

Ҷоизаи «Эътимод»-ро Бибихонум Дарвешзода соҳиб шуд

Бибихонум Дарвешзода, рӯзноманигори хушном ва сардабири маҷаллаи «Даво» барандаи ҷоизаи «Эътимод»-и Шурои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар соли 2025 шуд.

Маросими эълони барандаи ин ҷоиза рӯзи 2-юми май дар маросиме ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии озодии баён эълон шуд.

Бояд гуфт, ки Бибихонум Дарвешзода дар айни замон дар маҷаллаи «Даво» фаъолият дошта, дар гузашта дар нашрияҳои «Оила», «Минбари халқ», Маркази таҳқиқоти журналистӣ ва дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ кор кардааст.

Гуфтанист, шарти асосии ба даст овардани ҷоизаи «Эътимод» аз сӯйи Шурои ВАО риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти рӯзноманигорӣ дониста мешавад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо