25.4 C
Душанбе

Ҷаҳони нағмаву хунё – дили тоҷику эронӣ

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми январ дар Китобхонаи миллӣ маҳфили шеъри шоирони ду кишвар баргузор гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошанд. Баргузории ин маҳфил робитаҳои фарҳангии давлатҳоро густариш дода, боз ҳам мустаҳкамтар менамояд.

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Эрон бо шахсиятҳои илмию адабии оламшумули худ тавонистаанд дар ҷаҳон шинохта шаванд. Фарҳангу таърихи ғании ду миллат то имрӯз пойбарҷо буда, сол то сол густариш меёбад.

Гардонандаи маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, шоирони маъруфи тоҷик Гулрухсор, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоҷа, Хайрандеш, Меҳринисо, Гулноз, Бузургмеҳри Баҳодур, шоирони эронӣ Муҳаммадризо Икромифар, Сайиди Биёбонакӣ, Шаҳдухти Зореъи Гулистонӣ, Лайло Маҳин Ҳусайнниё, Афшини Аъло, Ҳомид Аскарӣ, Маҳмуди Футӯҳӣ, Мӯсо Асвор, Марям Ҳусейнӣ, Зайнаб Ҳоҷимуҳаммадӣ, Эҳсони Тӯфонинажод ва дигарон дар маҳфил шеърхонӣ ва суханронӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки робитаҳои фарҳангию адабӣ омили муҳимми тақвияти ҳамкории дуҷониба ба ҳисоб мераванд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо