Дафтари шеъри шоири ҷавону умедбахш Ҳусайн Ҳамид бо унвони “Ишқи аблақ” дар Душанбешаҳр ба чоп расид.
Ин маҷмуъа 72 сафҳа дошта, виросторони он Мубашшир Акбарзод ва Ноҳид Фозил ҳастанд.
Дафтари “Ишқи аблақ” фарогири 16 шеър аст, ки ҳосили як давраи зиндагии муаллиф дар ғурбат мебошад.
Ҳусайн Ҳамид далели “Ишқи аблақ” ном гирифтани ин дафтари шеърашро носозгориҳои инсон бо инсон ва тирагиҳои рӯзгор унвон кардааст.
“Беишқӣ мӯҷиби бесуботӣ ва ғафлати башар гаштааст. Дар ин дафтари шеър талош кардам, то барои фаҳми ин масоил паёме бирасонам”, – навиштааст вай дар пешгуфтори асараш.
Гуфтанист, Ҳусайн Ҳамид рӯзноманигор ва мутарҷими адабӣ буда, донишомӯхтаи риштаи рӯзноманигории байналмилалӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2018 аст. Ӯ соле чанд дар матбуоти даврӣ кор карда, аз соли 2018 узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мебошад.
Вай шеър гуфтанро пеш аз ҳама ҳосили завқи шӯрида ва ниёзи маънавии худ дар қиболи масоили рӯзгор медонад. Шеърро аз зиндагӣ мегирад ва он эҳсосро ба шеър бидеҳкор аст.
Умедворем, ки дафтари шеъри “Ишқи аблақ” ба хонандаи бозавқ писанд меояд.