Инак, мутолиаи дафтари нави ашъори шоири шинохта Давлати Раҳмониён ба поён расид ва дидем, ки ниёзе ба таҳриру тасҳеҳ надорад. Чун байти бадеҳае, ки таҳрираш нест, чун боми фалак ниёзи таъмираш нест. Ва сирри ин матлабро худи муаллиф (дар зимн барои шахси инсон, на маҳз суханаш) дар поёни маҷмуа бо як қитъа шеър ба номи “Иншо” боз менамояд:
Макун диққат, машав ташвиш,
Мапурс аз чанду аз чунам.
Магир андозаам, охир,
Ман аз андоза берунам.
Маро таҳрир натвон кард,
Ки болотар зи эҷодам. –
Ман иншои Худовандам,
Вале иншои озодам.
Вале ҳамчунин бо назар бар муҳтавои тамомии ашъори маҷмуа дармеёбем, ки ин эъломия як лутфи мавридӣ, фахрияи суннатӣ дар қолаби нав аст.
Низомии Арӯзӣ дар “Чаҳор мақола” мефармояд: “Чунонки шеър дар ҳар илме ба кор ҳамешавад, ҳар илме дар шеър ба кор ҳамешавад”. Касоне ки дар суҳбати Давлати Раҳмониён нишастаанд, барномаҳои адабии эшонро тамошо кардаанд, мақолаҳои нақди адабии ӯро хондаанд, бе истисно, нисбат ба донишу маърифати адабӣ ва илмии ӯ иқрор ва эҳтиром доранд, чи мутахассисон ва чи умуми мардум. Мо дар ин ашъор таҷаллои ин маърифати адабиро мушоҳида менамоем. Аммо на ба сурате, ки чунин маърифат ва дониш гоҳе боиси анбоштагӣ ва мавҳумии калом мегардад, балки баракс, дар сафову содагии сухан ва ҳамчунин умқи равшану чашмраси он. Онгуна ки вақте оби ҳавзу дарё шаффоф бошад, сангҳои зери он қариб ки часпида ба сатҳи оинаи об ба назар мерасанд ва чун порасанге бар он афканда шавад, мебинед, ки муддате бояд то он ба сатҳи зерин бирасад. Яъне мулоҳиза ва мутолиа мебояд, то жарфои воқеии сухан ошкор гардад. Тафсири ин нуктаро низ дар абёти шоир пайдо мекунем:
Сода-сода месароям, то расад бар гӯши ту,
Тарзи эҷоди маро сабки хуросонӣ кунӣ.
Шоири Руми бостон Овидий Публий Назон мефармояд: “Ҳунар (санъат) дар тавони нуҳуфтани ҳунар аст”. Ва хоҷа Ҳофиз ин маъниро ба баёни худ тоза мекунад: “Баёни шавқ чи ҳоҷат, ки сӯзи оташи дил тавон шинохт зи сӯзе, ки дар сухан бошад”.
Шоири ин маҷмуа низ ба мухотаби худ ба қавли Мавлоно ба “забони маҳрамӣ” сухан мегӯяд ва ин муроот ҳам дар навъу қолаби шеър, ки асосан иборат аз жанрҳои маънусу суннатӣ ва муштарак миёни шоиру мардум – маснавӣ, ғазал, чаҳорпора, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ ҳастанд, ҳам таркиби забон, ки меъёри пазируфтаи адабии саршор аз таркибу ибораҳо ва вожаҳо, маҷозу кинояҳо, ҳикматҳо, ҳам дар мавқеи инсонию иҷтимоӣ, ҷаҳонбинии шоир, ки бо мардуми перомуни худ, миллати худ мавқеъ ва ормонҳои муштарак дорад, хулоса мегардад:
Агар сад бор пурсанд: Аз куҷои Тоҷикистонӣ?
Диҳам посух: Зи кӯҳистон! Зи кӯҳистон! Зи кӯҳистон!
Ин хитоб дар назари аввал хеле сода менамояд ва агар пурсанд, чаро ин такрори “кӯҳистон” фавран мегӯем, ба хотири таъкиди мавқеи устувор. Аммо бештар аз ин аст: Дар сарзамини Тоҷикистони 93 дарсад кӯҳистон ба ҳар тарафе рӯй оварӣ кӯҳистон аст. Яъне соҳиби калом мегӯяд аз сартосари Тоҷикистон, аз тамомии Тоҷикистонам ва ин маъниро бо онгуна такрори шоиронаи як вожа ва як воқеият баён мекунад.
Ба ҳамин маънӣ таъбирҳои хоси нобу шоирона ҳам, ки назирашро пештар надидаем, бисёр ба назар мерасад. Аз ҷумла:
Ай кӯҳи Ватан, ба туст рӯи суханам,
Ҷӯшида чу мӯмиë зи санги ту манам.
Мӯмиё ба сари худ, албатта, сувари шеърии комилан тоза нест, аммо ин ки шоир вуҷуди худро чун мӯмиёе бидонад, ки аз мағзи санги ватан ҷӯшида берун омадааст, аз авҷу камоли самимияти маърифат ва эҳсоси пайвастагӣ ба мафҳуми муқаддаси Ватан гувоҳӣ медиҳад ва баёне шоиронаву маъние тоза аст.
Ҳамин рӯҳиёт ва ҳолу ҳавои хосу самимию шоиронаро дар ашъори нимоии Давлати Раҳмониён низ ба фаровонӣ пайдо мекунем:
Навда-навда сабади тоҷикӣ
Дасти печида дар атрофи камарро монад,
Дастбифшурдани абнои башарро монад.
Себи тиллоиву сурхаш ба дарун
Як ба як шамсу қамарро монад,
Ҳамчу андар сабади чархи нагун.
Ҳамин шеъри мамлу аз сувари хаёли тоза ба номи “Румузи ваҳдат”, ва онгуна ки мулоҳиза мефармоед, ҳамин банд намудори барҷастаи ин нукта аст, ки воқеан фарҳанги мардуми тоҷик, ҳатто таҷассуми ин фарҳанг дар одитарин овардаҳои ҳунари асили мардумӣ ба забони ҳоли шоирона гувоҳӣ медиҳад, ки ин тамаддун дар одитарин зуҳуроти худ ҷанбаи умумибашарӣ дорад. Шоир ба чунин таъбире аз сувари хаёли “сабади тоҷикӣ” ҳақ пайдо мекунад, зеро онро ҳунармандона адо кардааст.
Дар ҳар шеъре ба гунаи дигар дармеёбем, ки Давлати Раҳмониён бо посдории ёду хотирот ва арзишҳои волое, ки аз айёми тифлӣ дар муҳити онҳо парвариш ёфтааст, тавониста олами шоиронаи худро бисозад ва ба муроди худ минбаъд аз он бархурдор бошад ва хонандагони худро бархурдор созад.
Константин Паустовский мефармояд: “Диди шоиронаи зиндагӣ, тамоми муҳити мо, бузургтарин неъматест, ки аз рӯзгори тифлӣ ба мо расидааст. Агар инсон дар тамоми тули умри оқилонаи худ ин неъматро аз даст надиҳад, пас ӯ шоир ё нависанда аст”.
Аз ин ҷост, ки муҳаббати шоир ба Ватан ва мазоҳири он мавҳуму муҷаррад нест, дар шинохти фарҳанги он, табиати он, ҳикматҳои бузургони ин сарзамин ва ёду хотироти азизон, бавижа модар ва падар хоҳару бародар таҷассуми бадеъ меёбад. Бо мутолиаи силсилаи ашъори махсус ба васфи модар ва падар дармеёбем, ки он азизони сафаркарда воқеан диди шоиронаи зиндагӣ ва муҳитро барои Давлат ба ирс гузоштаанд. Дар ин силсилаи ашъори аз назари шумор низ қобили мулоҳиза, ки онҳоро аз зумраи беҳтарин намунаҳои Модарнома ва Падарнома дар адабиёти имрӯз метавон ба шумор овард, дармеёбем, ки модари гулпарвари шоир ба ӯ дарси зебошиносӣ ва падари деҳқону ангубинпарвар дарси ғанимат доштани неъматҳои зиндагиро додаанд. Муфассал будани ин силсилаи шеърҳо бо падид омадани симои мушаххаси адабии модар ва падар имкон медиҳад, ки ба маънои ин байти шоир дуруст бирасем. Яъне бидонем, ки чаро шоир шохаи гули сари мазори модарро нишони интизори ӯ аз фарзанд медонад:
Омадам бори дигар сӯи мазорат, модарам,
Ёфтам бо шохаи гул интизорат, модарам.
Ва ҳамчунин воқеияти ин пора аз шеъри шоир ба номи “Дасти ширин” дар васфи падарро дарк намоем:
Дасти шахшӯли падарро хоб дидам,
Дасти рост —он сояи беминнати болои сарро хоб дидам.
Дасти шахшӯле, ки ҳар гаҳ шоф мешуд,
Ҳар касе, ки дар муқобил буд,
Ё сияҳ, ё соф мешуд…
Ростӣ, лутфи Худо буд
Бар сари мо дасти шахшӯли падар,
Дасти ширин,
Дасти занбӯриасалпарвар…
Ҳамчунин дар ин силсила ашъоре, ки ба бародар хоҳару ва фарзандону ҳамсар ихтисос ёфтаанд намунаи бисёр хуби ашъори ҳасби ҳолӣ ва отифӣ ҳастанд:
Монад ба муҳити бетараф аз сари субҳ
Атрофи пур аз парандаву мурғи Садаф*,
Бар мурғаки хонагиву бар мурғи ҳаво
Ду ҳисси баробар кунад ӯ донаи каф.
Дар ин маҷмуа аз нигоҳи жанри шеърӣ пуркорбурдтарин навъи манзум ғазал ва дар ин ғазалиёт пуристифодатарин мафҳум ҳамон мафҳуми аслии азалии ғазал — ишқ аст, ки агар дар ҳар байт набошад ҳам, дар ҳар ғазал ҳатман чанд бор такрор мешавад:
Ҳазор парчами ишқ аст хоси шоириам,
Ба дасти табъи баланд аст барфароштанаш.
Мезанам бонги ишқ дар дили шаҳр,
Акси фарёди ман намеояд,
Дӯш меомад аз дили куҳсор,
Ишқ дар кӯҳ дер мепояд.
Ин ғазалҳои ошиқона низ гувоҳи табъи баланди шоирии Давлати Раҳмониён ҳастанд ва тасвирҳову таъбирҳои тоза дар онҳо фаровон ба назар мерасад.
Ҳамон гуна ки дар шеъри суннатӣ мушоҳида мешавад, ин вожаи калидӣ ва азалии ғазал дар шеъри Давлати Раҳмониённ низ густараи фарохеро дар бар мегирад ва бо талмеҳ задан ба воқеиятҳои устурагунаи муосир ба масоили иҷтимоию таърихӣ низ гиреҳ мехурад:
Ман шокиам чу кӯдаки сурӣ, зи ҷабри ишқ
Пеши Худо шикояти бисёр мебарам.
Рамзист, ки ин дафтари шеър бо рубоие хатм мегардад, ки гӯё баёнгари маром ва барномаи эҷодии Давлати Раҳмониён бошад:
Бо ман нашавад гусаста пайванди дилам,
Хурсанди дилам, ҳамеша хурсанди дилам.
Соҳибватанам дил аст, чун ишқ дар ӯст,
Айнист Бухорову Самарқанди дилам.
“Ватандор”
Хулоса, бо итминони хотир метавон ба хонандаи арҷманди ин дафтари шеър навиди интишори боз як китоби тозаи ҳикматомӯз ва завқпарвари Давлати Раҳмониёнро эълом кард.
Рустам Ваҳҳобзода