6.1 C
Душанбе

ҲАМСАДОӢ БО ПАЁМ

ФУРӮҒИ ОРИЁН

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, дар муҳити фикрӣ, илмӣ, адабӣ ва фарҳангии кишвар истиқ боли васеъ ёфт. Ин санади барномавӣ, ки вазъият ва дурнамои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро ба таври бисёр рӯшан мушаххас ва муайян намуд, дар асл аз оғози як марҳилаи нави рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз навид дод. Хусусан, аз сӯйи Пешвои гиромии миллат пеш ниҳод шудани таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои аҳли адабу фарҳанг паёме бисёр хушоянд ва пурифтихор буд. Ин иқдоми навбатӣ ва ҷасуронаи Пешвои миллат идомаи сиёсати эҳёгарона ва ҳувиятсози Сарвари давлати мо буда, бори дигар Тоҷикистон ва роҳбарияти онро ҳамчун посдори руҳи баланди ниёгон, ворису парчамбар дори барҳаққи тамаддуни ориёӣ ва давлатдории ниёгон муаррифӣ намуд. Бешубҳа, Тоҷикистони азизи мо худ як Конун ё хостгоҳи бузурги тамаддуни ориёист.

Решаҳои ориёнӣ дар вуҷуди мо бувад,

Хун ба хун омехта, дар тору пуди мо бувад.

Ориёиему Хуршед аст моро раҳнамо,

Ҳар саҳар аз Шарқ месабзад ҳамин нури Худо

Нури ақлу нури имон, нури ҳақ аз осмон,

Нури меҳру нури шафқат, нури нерӯи забон.

Рӯдакӣ оғоз бахшиду забони модарӣ

Бо фурӯғи «Шоҳнома», «Маснавӣ» шуд ҷовидон.

Мо, ки аз асли нажоди Ориёно будаем,

Соҳиби фарҳанги волои «Авасто» будаем.

Ворисони ин забони ҳамзабонон будаем,

Аввалан тоҷику баъд аз он мусулмон будаем.

Ин Ватан бо илму фан машҳури дунё гаштааст,

Илми ӯ аз хок то авҷи Сурайё гаштааст.

Розиву Беруниву Хоразмиву Хайёми ӯ,

Ибни Синояш далели шуҳрати айёми ӯ.

Эй, ки аз худ мекунӣ таърихи ин халқи куҳан,

Ҳон, насӯзад то аз ин оташ забонат дар даҳан!

Ориён бо зар Авасторо навишта бешумор,

Бо қалам таҳриф карданҳо намеояд ба кор!

Ибодулло Машраб

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо