Рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар толори пуршукӯҳи Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа шуд. Аъзои Раёсати Иттифоқи нависанда гони Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва нашрияҳои ИНТ дар ин чорабинии муҳимми сиёсию давлатӣ иштирок намуда, аз он таассуроти амиқ бардоштанд. Нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса руҳияи баланди миллӣ ва ҳувиятсози он аз сӯйи аҳли адаби кишвар бо гармӣ истиқбол ёфта, ҳамчун оғози марҳалаи нави сиёса ти адабпарварона ва фарҳангсолоронаи Пешвои миллат арзёбӣ ва пазируфта шуд. Андешаҳо ва таассуроти адибони кишвар пиромуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораҳои ояндаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» пешниҳод хоҳанд гашт.
ҲАМСАДОӢ БО ПАЁМ
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





