Рӯзҳои 25–26-уми ноябри соли 2024 Тоҷикистон мизбони Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Беларус буд. Дастандаркорон ҳадаф аз баргузории ин рухдодҳоро густариши робитаҳои фарҳангии ду кишвар унвон карданд. Коршиносон бар аҳамияти ин тадбирҳо таъкид карда, ҳамзамон барои ҳамгироии фарҳангӣ роҳкорҳои дигарро низ пеш мениҳанд.
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябри соли 2024 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати намояндагони вазорати фарҳанги ду кишвар, аҳли ҳунар ва алоқамандон оғоз гардид.
Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи раҳбарияти олии ду кишвар робитаҳои фарҳангиву башардӯстонаи ду сарзамин ба таври устувор тавсеа меёбанд.
Ба гуфтаи вай, Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон бори чорум сурат мегирад. Дар идома Валерий Громада, муовини якуми вазири фарҳанги Беларус гуфт, ки Тоҷикистон ва Беларусро робитаҳои танготанги фарҳангӣ мепайвандад.
«Дар Ҷашнвораи байналмилалии театрҳо дар Минск ҳунарпешагони Тоҷикистон бо намоишҳои бошукӯҳ ширкат карданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон дар таърихи равобити фарҳангии мо марҳалаи муҳим мебошад», – таъкид кард Валерий Громада.
Ҳамчунин дар дидори Матлубахон Сатторӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Валерий Громада, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ва ҳайати расмии ин кишвар дар заминаи густариши робитаҳои фарҳангӣ баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба тавофуқ шуд.
Дар баробари ин рӯзҳои 25 – 26-уми ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабии «Бо хуни дил» барпо гардид, ки дар он маҷмуаи ашъори адибони Беларус, нигораҳо ва ашёи таърихӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Аз сӯйи дигар дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус сурат гирифт, ки ташобини тоҷик имкон дошт дар давоми ду рӯз – 25-26-уми ноябр бо маҳсули филмсозони беларусӣ ошно шавад. Аз ҷумла рӯзи 25-уми ноябр дар синамосарои “Наврӯз” маросими расмии ин рухдоди ҳунарӣ баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки баргузории Рӯзҳои синамои Беларус ба таҳкими ҳамкориҳои филмсозони ду кишвар ёрмандӣ карда, боиси рӯйи кор омадани лоиҳаҳои нави синамоии муштарак хоҳад шуд. Дар идомаи ин маросим филми достонии “Қалъаи сиёҳ” бо коргардонии Кирил Кузин намоиш дода шуд, ки созгор бо равандҳои муосири филмсозӣ буда, дорои хатти сужаи ҷолиб мебошад ва бинандаро ба сайри таърихӣ мебарад.
Гуфтанист, ки дар Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон филми мустанади “Орзуи қаҳрамон” бо коргардонии Владимир Мороз ва филми пӯёнамоии “Суруди Сирин” (коргардон Елена Турова) дар синамосарои Тоҳир Собиров ба намоиш гузошта шуд. Мустанади “Орзуи қаҳрамон” аз сохтаҳои солҳои охири синамогарони Беларус шумурда шуда, бозгӯйӣ аз корномаи қаҳрамони ин кишвар дар риштаи куштии озод Александр Медвед мекунад.
Ҳамзамон рӯзҳои 25-26-уми ноябр дарсҳои “Устод ва шогирд” бо ширкати филмсози беларусӣ Елена Турова барои алоқамандон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон барои дувумин бор баргузор мешавад. Чанде пеш ин рухдоди ҳунарӣ дар чаҳорчӯби Нахустин давраи ҷоизаи синемоии миллии “Тоҷи Сомон” барпо гардид.
Тасвиби тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар заминаи фарҳангу омӯзиш
Дар ҳамин ҳол миёни ниҳодҳои ҳунарии Тоҷикистон ва Беларус гуфтушунид анҷом шуда, дар заминаҳои ҳунари мусиқӣ ва омӯзишу парвариш тафовуқ ҳосил шуд. Аз ҷумла роҳбарияти Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо ҳамтоёни беларусии худ тавофуқномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҳамзамон бо ин дар чаҳорчӯби Форуми севуми ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус миёни Донишгоҳи ҳунари рассомиву тарроҳии Тоҷикистон ва Донишгоҳи фанноварии Беларус паймоннома тасвиб шуд. Санади ҳамкориро ректорони ин ниҳодҳои омӯзишӣ Ҷамшед Ғанизода ва Андрей Сакович имзо карданд.
Аҳамияти баргузори рухдодҳо ва пешниҳоди коршинос
Соҳибназарон мегӯянд, баргузории Рӯзҳои фарҳангу синамои Беларус дар Тоҷикистон заминасози таҳкими робитаҳо миёну филмсозони тоҷику беларусӣ шумурда шуда, ҳамгироии фарҳангиро ба вуҷуд меорад.
Дар ин замина Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон иброз дошт, ки робитаҳои хориҷӣ барои табодули таҷриба ва ошноӣ бо маҳсули филмсозони беруна судманд мебошад. Ба назари ӯ, агар тавофуқоти Тоҷикистону Беларус натиҷа диҳанду ҷонибҳо филмҳои якдигарро харидорӣ ва дар синамосароҳои худ ба намоиш гузоранд, даромад ба даст хоҳад омад.
– Системи пахши филмҳои Беларус хеле бартар аст. Ба таъбири дигар, бародарони беларусӣ синамосароҳои бештар доранд, ки имкон медиҳад аз фурӯши филмҳо даромади бештар бигиранд, — таъкид кард ин коршинос.
Аз сӯйи дигар, ба назари ҳамсуҳбати мо, ҷонибҳо ҳамчунин метавонанд дар сохти филмҳои муштарак ҳамкорӣ ба роҳ андозанд.
“Масалан, филмҳои тоҷикие, ки дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳон сохта шудаанд, дар мавзеъҳову ҷангалҳои Беларус филмбардорӣ гардидааст, бавижа саҳнаҳои ҷангу вобаста ба он. Кунун агар мо хоҳем рӯйи ин мавзуъҳо тамаркуз кунем, метавонем бо “Беларусфилм” ҳамкорӣ намуда, аз фанновариву дастгоҳҳо ва ҷангафзорҳову танку тӯп ва мошини зиреҳпӯши он давраи ин ниҳод баҳрабардорӣ кунем. Ин таҷрибаро чанд сол пеш бародарони ӯзбек зимни сохтани филми достонии “Ӯзбекдухтар”, ки соли гузашта дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Тоҷи Сомон” сазовори ҷоиза гардид, ба кор бурданд”, – гуфт С. Ҳақдод.
Ӯ бар ин назар аст, ки филмсозони тоҷику беларусӣ метавонанд дар сохти филмҳои муштараки мустанад, аз ҷумла дар мавзуъи корхонаи тракторсозӣ саҳм бигиранд.
Сафар Ҳақдод пешниҳод дод, ки дар баробари фиристодани ҷавонони моил ба синамосозӣ ба донишгоҳҳои синамои Русияву Қазоқистон ва Ӯзбекистон метавон бо донишгоҳҳои ҳунарии Беларус ҳамкорӣ кард. Хусусан ин кишвар дорои мактаби хуби сохти филмҳои пӯёнамоӣ (аниматсионӣ) мебошад, ки бо мутахассисон таъмин аст. Дар ин замина Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон метавонад аз ин мактаб омӯзад.
С. Ҳақдод бо таваҷҷуҳ ба кишвари аврупоӣ будани Беларус (аз ҷиҳати шакл), меҳрубон будани мардуми он ва сарсабзу зебо будани он таъкид кард, ки ин фазо дар ташаккули шахсияти фарҳангӣ саҳми бориз хоҳад дошт.
Ин коршиноси тоҷик аз баргузории рухдодҳои фарҳангиву ҳунарӣ пазироӣ карда, хостори идомаи рӯзафзуни ҳамкориҳо бо кишвари Беларус мебошад: “Ин тадбирро доиман пайгирӣ кардан лозим аст. Танҳо ба намоиши филмҳову баргузории консертҳо бо фосилаи ду-се сол маҳдуд набояд шуд. Метавон бо додуситади филмҳои якдигар ва намоиши онҳо дар синамосароҳо ҳамкориро густариш бахшид”.
Дар айни замон раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки барои фурӯши саросарии филмҳои сохти Беларус боястӣ заминаро фароҳам овард.
Ардашер ПАЙВАНД, “АС”